Амир Қаюмов, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик, бо баёни ин ки шаҳид Махдуми Абдусаттор “дар зиндон будан ва маргро авлотар аз сархам кардан пеши золим” донистааст, хотирнишон кард: “Як миллати 9 милионнафараи мо даҳҳо чунин шахсияти сарбаланд дорад, ки шарофату кароматашонро бо қимати ҷон ҳам аз даст доданӣ нестанд. Дар Русия як Навалний ҳаст, ки дунё ӯро мешиносад ва эҳтиромаш мекунад, аммо миллати мо ба қадри фарзандони асилаш намерасад.”
Вай дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук навиштааст:
“Агар мехост, бо як узрхоҳӣ ҳоло дар озодӣ кайфу сафо дошт. Аммо дар зиндон будан ва маргро авлотар аз сархам кардан пеши золиме карду сарбаландона дунёро тарк кард. Бо иззат зист ва бо иззат рафт.

Ҳоло зиндонҳои Тоҷикистон пур аз чунин шарафмандоне ҳаст, ки бо 4 ҷумла метавонанд ба озодӣ бароянд, аммо зиндонро интихоб кардаанду сархамиро не. Дигар кадом миллатро дидаед, ки чунин шарафмандоне дошта бошад?
Як миллати 9 милионнафараи мо даҳҳо чунин шахсияти сарбаланд дорад, ки шарофату кароматашонро бо қимати ҷон ҳам аз даст доданӣ нестанд. Дар Русия як Навалний ҳаст, ки дунё ӯро мешиносад ва эҳтиромаш мекунад, аммо миллати мо ба қадри фарзандони асилаш намерасад. Худованд ҷояшро ҷаннат кунад ва зиндониҳои боқимондаро бо каромату сарбаландӣ озод гардонад!”
Гуфтанист, Каримов Саттор Самадович машҳур ба Махдуми Абдусаттор, аз чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон ва аз афроди наздик ба марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар шаби 19 майи соли 2019 дар зиндони “Кирпичний”, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, дар “ошӯбе”, ки ба гуфтаи огоҳон, кори дасти КДАМ будааст, ба таври хеле ваҳшатноке ҷоми шаҳодат нӯшид.
Дафтари матбуотии Идораи зиндонҳои вобаста ба Вазорати адлияи Тоҷикистон дар баёнияе дар он таърих навишт, ки Саид Қиёмуддини Ғозӣ, Махдуми Абдусаттор ва Шайх Тумур — се шахсияти саршиноси мазҳабӣ, аз сӯи “зиндониёни ошӯбгар” ба қатл расидаанд. Баёния меафзояд, зиндониёни узви гурӯҳи ДОЪИШ ин се нафарро барои “тарсонидани маъмурони зиндон” ба гаравгон гирифтанд ва бо корд ба таври ваҳшатноке ба қатл расонданд.
Махдуми Абдусаттор дар соли 1959 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Вай дар 16-уми сентябри соли 2015 аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш дар Душанбе ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар “табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим” ба 26 сол зиндон маҳкум шуд. ҲНИТ ин иттиҳомро сохта донист.
#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон
#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов
#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор
#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ
#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов
#Шаҳид_Қурбон_Маннонов
#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор
#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов
#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев
#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров
#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев
#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ
#Шаҳид_Сангинмурод
#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов
#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев
Добавить комментарий