Ҷузъиёти шаҳодат ва маросими ба хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев аз забони Илҳомҷон Ёқубов

Илҳомҷон Ёқубов ҷузъиёти наверо дар бораи чигунагии маросими ҷаноза ва хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев баён дошт.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ, бо ишора ба шаҳодати Умедҷон Тоҷиев ва маросими хоксупории ӯ дар январи соли 2014, гуфт: “Вақте Умедҷонро ба шаҳодат расонданд, ман раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд будам. Умедҷони шаҳид дақиқан дар рӯзи якшанбе, бегоҳи 19-и январи соли 2014 пас аз шиканҷаҳои зиёди мақомоти дахлдор дар беморхонаи зиндони шаҳри Хуҷанд ҷоми шаҳодатро нӯшидааст.”

Вай афзуд: “Саҳарии рӯзи душанбе, яъне 20-уми январи соли 2014, устод Муҳаммадалӣ Ҳайит хабари шаҳодати Умедҷонро бароям расонд. Мо, дастгоҳи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, ҷаласаи ҳафтаӣ доштем. Пас аз шунидани хабари шаҳодати Умедҷон, зуд ҷаласаро қатъ ва як ҳайат аз дастгоҳи ҲНИТ дар вилояти Суғд фавран ба Чоркӯҳ раҳсипор шуд.”

Илҳомҷон Ёқубов дар идома бо баёни ин ки ӯ ва чанд нафар аз аъзоёни Раёсати вилоятии ҲНИТ назди зиндони шаҳри Хуҷанд рафтанд, то ҷанозаро бигиранд, ёдовар шуд: “Мо рост ба назди бинои прокуратураи вилоят рафтем. Ҳамроҳи мо вакили дифоъи Умедҷон, марҳума Файзинисо Воҳидова низ бояд ба прокуратура меомаданд, то марги ӯро аз худи Прокурор ҷӯё шавем. Аммо вақте ба зиндони шаҳри Хуҷанд омадем, алаккай мақомот шабона наздикони марҳумро даъват карда, бо як мошини ЗИЛ ба Чоркӯҳ фиристода буданд, то бо таври фаврӣ ба хок супоранд. Ҳамин тавр ҳам аллакай хешовандони Умедҷон саҳарӣ омодаи ҷаноза буданд.”

Раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо афзуд: “Аз Душанбе аз маркази ҲНИТ занг заданд, ки як ҳайат бо сардории Устод Сайидумар Ҳусайнӣ барои таҳқиқи марги ӯ омода истодаанд.”

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ

Илҳомҷон Ёқубов дар идома ёдовар шуд: “Фавран ва бо таври оҷилӣ, ба тамоми намояндагони ҲНИТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хабари шаҳодати марҳум расонда шуд ва аз 16 шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо Ҳизби Наҳзати Исломӣ фаъолияти расмӣ дошт, ҳайатҳо ба Чоркӯҳ расиданд.”

Ин узви Шӯрои раҳбарии ПМТ дар идома, бо баёни ин ки соатҳои 10-и рӯз ҳайат аз Душанбе ҳам расид ва мо ҳамроҳи Устод Сайидумар Ҳусайнӣ ба самти Чоркӯҳ раҳсипор шудем, гуфт: “Маросими ҷаноза пас аз намози пешин эълон шуда буд, агарчӣ мақомот мехост ҳарчи тезтар марҳумро ба хок супоранд. Соатҳои наздик ба 12-и рӯз ба Чоркӯҳ назди маҳаллаи Лангар расидем, ки анбӯҳи зиёди мардум аз тамоми манотиқи вилоят ҷамъ омада буданд.”

Илҳомҷон афзуд: “Пас аз гуфтугузорҳои зиёд бо хонаводаи марҳум, шаҳид Умедҷон дафн шуд ва дарҳол ҲНИТ барои рӯзи 21-уми январ дар бинои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд конфронси матбуотӣ эълон кард.”

Раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо дар идома гуфт: “Аммо ҳамон рӯз, яъне дар 20-уми январ, бо супориши КДАМ-и шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби ду ниҳод: ниҳоди санитариву эпедималогӣ ва ниҳоди сӯхторхомӯшкунӣ, бинои ҲНИТ мӯҳр зада шуд. Ҳадаф танҳо ин буд, ки конфронси матбуотӣ оиди ба шаҳодат расонидани Умедҷон Тоҷиев баргузор нагардад.”

Илҳомҷон Ёқубов афзуд: “Ҳамон бегоҳ КДАМ-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Шодӣ Тӯраев, акси ман ва домулло Намиҷон Самиевро бо достони тӯҳматнома дар назди масҷиди “Нури Ислом” ва даромадгоҳи хонаам бо теъдоди зиёд часпонидаанд.”

Вай дар поён гуфт: “Хулосаи калом, мақомоти амниятӣ, Вазорати дохила ва Прократура бо тамоми маъно кӯшиш карданд, то ҷинояти мудҳиш яъне ба қатл расонидани Умедҷон, рӯйпӯш ва дар ҷойе гуфта нашавад. Гуфтаниҳо хеле зиёд ва ИншаАллоҳ бо даст додани вақт, бо тафсил рӯзе ҳамаи он навишта хоҳад шуд.”

Гуфтанист, Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз зуҳри 19 январи соли 2014, дар бемористони боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷоми шаҳодат нӯшид.

Ин сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз ҷониби кормандони умури дохилаи Исфара дар 30 октябри соли 2013 дар бозори деҳаи Ворух боздошт ва ҳамон рӯз бо ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара бо ҷурми “итоат накардан ба амри милиса”, ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.

ҲНИТ дар баёнияе, иллати шаҳодати Тоҷиевро “ба истифодаи аз меъёр зиёди нерӯи барқ ва асари он ба кори дил” донист.

Авфи Байналмилал (Amnesty International) низ дар моҳи ноябри соли 2013 зимни як баёния, аз вазъи нигаҳдории Умедҷон Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.

Дар ин баёния аз қавли пайвандони Умедҷон Тоҷиев таъкид шуда буд, ки ин узви ҲНИТ дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст. Ӯ дар заминаи дастрасӣ ба вакили мудофеъаш ва дарёфти кӯмаки беҳдоштӣ, бо маҳдудиятҳо рӯбарӯ буд.

#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон

#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов

#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор

#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ

#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов

#Шаҳид_Қурбон_Маннонов

#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор

#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов

#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев

#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров

#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев

#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ

#Шаҳид_Сангинмурод

#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов

#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: