Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон
Низомиддин Назаров, бародари шаҳид генерал Ҳоҷӣ Ҳалим, бо баёни ин ки “то сентябри соли 2015 писараммаам, Рустам, ки як мутахассиси соҳаи оҳан ва шаҳрванди муфид барои ҷомеаи Тоҷикистон буд, чӣ тавр дар як шаб ҷинояткор ва ба 10 сол зиндон маҳкум шуд?”, хотирнишон кардааст: “Аз ин маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон дар як лаҳза тӯҳмат мекунанд ва аз арш туро ба фарш меоранд.”
Вай дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ишора ба писараммааш, шаҳид Рустам Ашӯралӣ, бо баёни ин ки вай зодаи солҳои 70-уми асри пешин дар кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе буд, навиштааст: “Рустам баъд аз мактаби миёна, омӯзишгоҳи техникиро бо дипломи аъло хатм намуда, сипас аз рӯйи тахассуси худ кору фаъолият мекард.”

Назаров дар идома хотирнишон кардааст: “Рустам зиёда аз 30 сол устое моҳир дар соҳаи оҳан буд (жестянщик) ва ҳар кас, ки ба ӯ муроҷиат мекард, ҳатман кори ӯро анҷом дода, муроҷиакунанда бо ризоияти хотир дари ӯро пӯшида мерафт. Яъне ӯ ҳар навъ хасорати ворида ба мошинро таъмир мекард, ки мисли пештара бошад.”
Вай афзуда: “Марҳуми падараш, Ашӯралӣ низ устои оҳан буд, харрот (точилник) буд ва ҳунари ӯ низ тиллоӣ буд. Падару писар дар муомила ва қавмдорӣ дар ҳеч ҷой кам намегузоштанд. Инсонҳои хоксоре буданд. Ва бо ин ки ман аз ҷиҳати синн кӯчактар будам, вале Рустам маро Тағо мехонд, ман ӯро бо ханда Ҷиян мехондам.”
Назаров дар идома, меъёри мақомоти Тоҷикистон дар ҷинояткор хондани ин ё он шахсро зери суол бурда, навиштааст: “Дар як ҷомеа инсон чӣ қадар талош кунад, то барои ҳама маълум бошад, ки ӯ унсури зараровар барои ҷомеа нест, меъёрҳои зист дар ҷомеаи Тоҷикистон чӣ аст, ки дар як лаҳза ту аз одами муфид дар ҷомеа ба як ҷинояткор табдил мешавӣ?”
Бародари шаҳид Ҳочӣ Ҳалим афзудааст: “То сентябри соли 2015 писараммаам, Рустам, ки як мутахассиси соҳаи оҳан ва шаҳрванди муфид барои ҷомеаи Тоҷикистон буд, чӣ тавр дар як шаб ҷинояткор ва ба 10 сол зиндон маҳкум шуд? Аз ин маълум мешавад, дар Тоҷикистон ҷони ҳеч кас дар амон нест ва қавонини кишвар ва Қонуни асосии Тоҷикистон аз шаҳрванди худ ҳимоят карда наметавонад, дар як лаҳза тӯҳмат мекунанд ва аз арш туро ба фарш меоранд.”
Назаров дар поёни ёддошти худ, ба таърихи шаҳодати Рустам Ашӯралӣ ишора карда, навиштааст: “Рустам дар зиндони заводи хишт маъруф ба “Кирпичный” ба таври мармуз ҷон супурд ва бародараш, Муродалӣ низ аз ғаму андӯҳи зиёд ва маризии бардавом ин дунёро падруд гуфт.”
Дар акс аз рост ба чап: Рустам, ман, падарам ва Муродалӣ, бародари бузурги Рустам. Акс ҳангоми ташрифашон ба маҳалли кории ман гирифта шудааст.
Гуфтанист, Рустам Ашӯралӣ дар 15 октябри 2018 дар зиндони рақами 2 маъруф ба “Кирпичный”, воқеъ дар Ваҳдат, дар синни 48-солагӣ ҷоми шаҳодат нӯшид. Маросими ҷанозаи вай дар 16 октябри 2018 баргузор ва ӯро дар қабристоне дар шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
Рустам Ашӯралӣ дар кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе зода ва зиндагӣ кардааст. Дар соли 2015, аз 60 то 70 нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо генерал Назарзода боздошт кардаанд. Писари Ҳоҷӣ Ҳалим, Бахтиёр ба 18 сол ва бародари ӯ, Ҷамолиддин ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буданд.
Рустам Ашӯралӣ сеюмин шахс аз наздикони шаҳид Ҳоҷӣ Ҳалим аст, ки дар зиндон шаҳид шудаанд. Пеш аз ӯ, Сангинмурод, ронандаи вай ва дар ибтидои марти соли 2017, Қаноат Мукаммилов, бародари Мирзо Мукаммилов, ронандаи дигари марҳум Ҳоҷӣ Ҳалим, дар зиндон аз дунё гузашта буданд.
#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон
#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов
#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор
#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ
#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов
#Шаҳид_Қурбон_Маннонов
#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор
#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов
#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов
#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев
#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров
#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев
#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ
#Шаҳид_Сангинмурод
#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов
#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев
Добавить комментарий