Дирӯз (26-уми апрели 2022) дар бинои суди ноҳияи Рашт навбати сеюуми мурофиаи додгоҳи Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола, модари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳо ва хоҳари онҳо, Валамат Худоёроваи 34-сола баргузор шуд. Ба гуфтаи Ҷунайдуллоҳ, дар ин навбат аз мурофиа “ҳамаи суханҳо ва нишондодҳои бардурӯғи шоҳидони ташкилнамудаи чанде аз кормандони милитсия ва “ҷабрдида” ошкор гардидаанд ва шармандагии онҳо ҳувайдо гардид.”
Ҷунайдуллоҳ Худоёров дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, зимни гузориши ин мурофиа, аз забони шоҳид Назриев Нусратуллоҳ навишт: “Ман апаи Мавҷигулу фарзандонашро ва инчунин Алишери Насриддинро хуб мешиносам ва ҳамаи суханҳое, ки Алишер аз номи ман ба тафтишоти пешакӣ ва дар мурофиаҳои гузашта гуфтааст, тӯҳмате беш нестанд, ман аз касе наметарсам, вале дар ҳақиқат ин нафар нисбати ман суханҳои дуруғ ва тӯҳмат задааст.”
Ҷунайдуллоҳ дар идома ёдовар шудааст: “Хоҳарам дар суд чунин нишондод додааст, ки “дар ҳақиқат санаи 25 то 26-уми октябри соли 2021 тахминан соатҳои 17 ҳамроҳӣ ҷиянам Муҳаммад барои овардани говҳои падарам рафтем, ман дуртар будам ва Муҳаммад пеш аз ман ҳаракат дошт, ки Алишери Насриддин корд дар даст пеши роҳашро гирифта таҳдиди ба қатлаш намуд, ман дар даст чӯб доштам ва онҷо ҳозир шуда, ба ӯ гуфтам, ки нав якташро куштед то ҳол ҷавобашро дар назди қонун ва соҳибонаш нагуфтаед, боз чӣ инро таҳдид доред? Каме ҷанҷоли лафзимон шуд ва мо ба мақомоти милитсия занг задем, омада ҳарду ҷонибро ба ШВКД даъват намуда бурданд, баёнот додем, онҷо кормандони милитсия Алишерро ҳамчун гумонбар манъ намуда, моро ҷавоб доданд.”
Ҷунайдуллоҳ дар идома афзудааст: “Байни судшаванда ва “ҷабрдида” саволу ҷавоб шудааст, хоҳарам аз “ҷабрдида” пурсидааст, ки ман туро задам? Ҷабрдида гуфтааст бале. Хоҳарам гуфтааст, агар ман туро зада бошам, пас чаро ҳамон рӯзи ҳодиса ба ШВКД даъват шудӣ, ариза нанавиштӣ? Чаро ҷароҳататро ба кормандони мақомоти милитсия нишон надоданӣ? Чаро роҳхат нагирифта, равӣ аз муоинаи тиббӣ гузарӣ? Канӣ заключениат? Ба кадом духтар муроҷиат намудӣ? Чаро баъди ду моҳ алайҳи ман парванда кушоданд? “Ҷабрдида” дар ягон пурсиш посух дода натавонистааст.”
Дар идома Ҷунайдуллоҳ Худоёров хитоб ба хонандаи ёддошти худ хотирнишон кардааст: “Бубинед, бидуни муоинаи тиббӣ ва хулосаи экспертизаи судии тиббӣ “заключени” алайҳи як нафар парванда боз намдаанд, ки ин амали кормандони милитсия ҷиноятӣ ошкоро аст.”
Вай меафзояд: “Инчунин Модара пурсида шуда, ба суд чунин нишондод додааст: “Дар ҳақиқат санаи 27-уми октябр тахминан соатҳои 9:00 аз хонаи духтар ба деҳа баргашта омадам, ки одамони зиёде дар назди масҷиди деҳа ҷамъ омада буданд, пурсидам чӣ гап аст”? Гуфтанд, ки Мансур Ҳамидов мурдааст. Дар ҳамин ҳолат, Алишери Насриддин ба тарафи ман гуфт, ки хурсанд шудӣ? Ман гуфтам не, зинда мемонду мурдани писари қотилашро медиду мисли ман месӯхт, он вақт хурсанд мешудам. Дар ҳамин ҳолат, Алишер ҳамла намуда, манро латукӯб намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кард.”
Ҷунайдуллоҳ Худоёров дар идомаи ёддошти худ бо баёни ин ки “судя аз “ҷабрдида” прсидааст, ки тасдиқ мекунӣ? Ҷабрдида гуфтааст не”, навиштааст: “Модарам қасамҳои тоҷиконааш додааст, ки чунин нашуд? “Ҷабрдида” сукутро ихтиёр намудааст.”

Вай афзуда: “Дар ними мурофиаи судӣ, амаки Алишери Насриддин бо исми Сайидҷалол Ҳусейнов мисли гови дарзан дари толори судро зада бидуни салому пурсиш бандитҳо барин дохили толор мешаванд, барои ин рафтори ғайри инсониаш номбурдаро шармандавор аз толори додгоҳ берун мекунанд. Хулоса, ҳамаи суханҳо ва нишондодҳои бардурӯғи шоҳидони ташкилнамудаи чанде аз кормандони милитсия ва “ҷабрдида” ошкор гардидаанд ва шармандагии онҳо ҳувайдо гардид.”
Ҷунайдуллоҳ дар идома ёдовар шудааст: “Суд то баъди иди саиди Фитр танаффус эълон намудааст. Қарор аст, ки баъди иди Рамазон шоҳиди холисе, ки имрӯз дар додгоҳ ширкат наварзидааст ҳамонро пурсанд, баъдан ба хонаи машваратӣ раванд.”
Вай дар поён хотирнишон кардааст: “Баъди шармандагии “ҷабрдида” ва шоҳидони ғаразнокаш дар мурофиаи имрӯза судя ва айбдоркунандаи давлатӣ ҳақиқати корро хуб дарк намуда, чӣ будани асли қазияро фаҳмиданд. Умедворам, ки қозии мурофиа мунсифона ва беғаразона масъаларо ҳаллу фасл намуда, ин парвандаи сохтаро қатъ нанамуда, Модару Хоҳари бандаро сафед мекунад.”
Гуфтанист, рӯзи 15 апрели соли равон мурофиаи нахустини додгоҳии модари 66-сола ва хоҳари 34-солаи Ҷунайдуллоҳ Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва зодаи ноҳияи Рашт, зери роҳбарии додраси додгоҳи ноҳияи Ҷиргатол Маҳмуд Баротзода баргузор гардид.
Ба гузориши AsiaPlus, рӯзи 16-уми ноябри соли 2021 Раёсати умури дохилии ноҳияи Рашт бар зидди Мавҷигул Ғарибова бо гумони даст доштан дар “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд. Тақрибан як моҳ баъд, бо ҳамин ҷурм, Валамат Худоёрова, духтари ӯро шарики ҷиноят донистанд.
Он замон худи Ҷунайдуллоҳ Худоёров ҳам дар ин муноқиша ширкат дошт ва гӯё бо табар ба сӯи Алишери Насриддин, даъвогар ҳамла карда бошад. Рӯзи 4 ноябри соли 2021 мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рашт алайҳи Ҷунайдуллоҳ Худоёров ҳам бо гумони авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намуда буданд.
Баҳси хонаводаи Худоёровҳо баъди куштори Алиризо Худоёрови 21-сола, донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Рашт, ки моҳи июли соли гузашта дар як занозанӣ аз зарби корд ба ҳалокат расид, оғоз шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар, аз ҷумла бародари Алишери Насриддин — Зафарҷони Насриддин ва Абдулло Азимовро ба 19 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум карда буд. Аммо Худоёровҳо ҳодисаро “аз пеш тарҳрезишуда” ва “кори дасти камаш панҷ нафар” медонанд.
Худоёровҳо мегӯяд, даъвои алайҳи модару хоҳарашон идомаи баҳси куштори Алиризо аст ва он дар пай як ҳадаф дорад: бояд онҳо хомӯш бошанд ва дигар дар барои боздошти қотилони писараш Алиризо садо набароранд.
Добавить комментарий