Дадоҷон Ёқубов: “Домулло Абдусаттор то андозае поктинат буданд, ки ҳатто дар ҳаққи золимон ҳам касе аз забонашон сухани тираро нашунидааст”

Дадоҷон Ёқубов, иқтисоддон, номзади илм, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, узви ҲНИТ ва аз дӯстони деринаи Домулло Абдусаттор, бо таъкид бар ин ки Домулло “офтобе буданд, ки аз рухсораашон нур борида меистод” ва нисбати ҳизбиён ва ҳамдеҳаҳояшон муҳаббати фавфулъода доштанд, тасреҳ кардааст: “Бобоев Абдусаттор то андозае поктинат буданд, ки ҳатто дар ҳаққи золимон ҳам касе аз забонашон сухани тираро нашунидааст.”

Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон, зимни шарҳи ҳоли кӯтоҳи Домулло Абдусаттор, навиштааст: “Бобоев Абдусаттор дар қишлоқи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар соли 1954 ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ӯ мактаби таҳсилоти умумии ҳамин деҳаро хатм намуда, солҳои тӯлонӣ дар вазифаи ҳисобчӣ кор кардааст.”

Дар идома, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, бо баёни ин ки “Бобоев Абдусаттор яке аз аввалин аъзои ҲНИТ дар ноҳияи Исфара буда, соли 2000-ум раиси бахши исфарагии ҲНИТ интихоб мешавад”, хотирнишон кардааст: “Дар фаъолиятҳои кориаш, Бобоев Абдусаттор худро шахси покиза, поксиришт, озод, соддадил, солимақл, самимӣ, ростгӯ, одил ва соҳиби ахлоқи ҳамида нишон дода ва дар баробари ин хислатҳои хуби инсонӣ, бародар аз дурӯғ, фитна, тӯҳмат, гумону бадбинӣ дур буданд.”

Дадоҷон Ёқубов дар идомаи ёддошти худ, бо ишора ба ин ки Бобоев Абдусаттор вақте ки бахши ноҳиявии ҳизбро бо меҳнати ҳалоли худ дар ҳамаи самтҳо дар ҷумҳурӣ яъне аз ҷиҳати шумора, ҷамъоварии ҳаққулузвият ва чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ба саффи аввал бароварданд, ҳукумат эшонро зери таҳти фишори сахти худ қарор дод, хотирнишон кардааст: “Бо баҳонаҳои объективию субъективӣ, мубориза бо сатри занон, риши мардон, бозпурсии аъзоён, додани тарс, монеъа ба фаолияти кори ва тиҷорат, боздошти аъзоҳои ҳизб оғоз шуд. Ҳатто ду нафар аз боздоштшудагон худро аз тирезаи бинои ШКД-и ноҳия ба поён мепартояд ва оқибат ҳар ду ҳам шаҳид мешаванд.”

Вай афзудааст: “Бобоев Абдусаттор офтобе буданд, ки доимӣ аз рухсораашон нур борида меистод. На танҳо нур ҳамчун гармӣ, балки нисбати ҳизбиён, ҳамдеҳаҳояшон, аз замири қалб, муҳаббати мардонагӣ, дӯстӣ ва раҳму шафқат меборид, ки солҳои сол ҳизбиён ва ҳамдеҳаҳояшон бо некӣ ёд мекунанд.”

Дадоҷон Ёқубов дар идома хотирнишон кардааст: “Бобоев Абдусаттор ҳамчунин то андозае поктинат, нуқтасанҷ буданд, ки аз забонашон, дар ҳаққи золимон ҳам, сухани тираро касе нашунидааст. Ҳатто дар вохӯрӣ бо раисҷумҳур ҳам гуфта буд, ки мо сиёсати пешгирифтаи ҳукумат ва давлатро дастгирӣ мекунем.”

Вай бо баёни ки Домулло Абдусаттор ба сабаби бемории дил, бо розигии масъулини вилоятии ҲНИТ аввалҳои соли 2014 пас аз 13-14 соли раисӣ фаолиятро қатъ мекунанд, навишта: “22 сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо ду бародари ҳизбӣ, аз тарафи мақомоти қудрати боздошт мешаванд. Чанд рӯз дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Исфара ва сипас ба боздоштгоҳи шаҳри Бӯстон интиқол медиҳанд.”

Дадоҷон Ёқубов дар идома ба баёни ин ки Домулло Абдусаттор бо ҷурмҳои тасдиқношуда ба муддати 11 сол равонаи зиндон мешаванд, навишта: “Саранҷом, эшон дар шаби 25-уми майи соли 2020 дар зиндони рақами 3-и низомаш сангини шаҳри Хуҷанд ҷоми шаҳодатро нӯшид.”

Вай дар поёни ёддошти худ бо таъкид бар ин ки “дар ҳаққи Домулло Абдусаттор чӣ қадар аз некиҳои инсонӣ гӯем ҳам кам аст”, аз Худованд хостааст, ҷои Домулло Абдусатторро ҷаннатул-фирдавс гардонад.

#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон

#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов

#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор

#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ

#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов

#Шаҳид_Қурбон_Маннонов

#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор

#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов

#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов

#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев

#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров

#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев

#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ

#Шаҳид_Сангинмурод

#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов

#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: