Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ёдоварии рӯзи шаҳодати шаҳид Маннон Қурбонов, навиштааст: “Дар 16-уми августи соли 2016, раиси бахши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Норак, Қурбон Маннонов дар Муассисаи ислоҳии 3/4 шаҳри Душанбе ба шаҳодат расид.”
Фарҳод Одинаев дар идома, бо баёни ин ки “марҳум Қурбон Маннонов дар соли 2015 бо парвандаи сохта ва тӯҳмати таблиғи идеяҳои ДОЪИШ зиндон шуда буд”, хотирнишон кардааст: “Ҳанӯз қабл аз зиндон, марҳум бо роҳбарияти ҳизб гузориш дода буд, ки мақомоти кишвар аз ӯ талаби изҳороти видоеӣ бар зидди ҳизб ва роҳбарияти он, инчунин қатъи фаъолияти ҳизб дар шаҳри Норак ва хориҷ шудан аз онро карданд. Ва дар сурати иҷрои супориш, бо ҷойи кор ва замини наздиҳавлигӣ таъмин хоҳад шуд ва дар сурати сарпечӣ, худ ва хонадонашро ба душвориҳо рӯбарӯ хоҳад кард.”
Вай дар поёни ёддошти кӯтоҳи худ ёдовар шудааст: “Раёсати Олии ҲНИТ дар баёнияе ба муносибати шаҳодати Маннон Қурбонов баён дошт: “Роҳбарияти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгарӣ мухолифони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва аъзову ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсиро мавриди таъқибу пайгарди шадид қарор дода, бо маҳкама дар додгоҳҳои ноодилона ва пушти парда, парвандаҳои бо мӯҳри махфӣ ва асноди қалбакию шоҳидони иҷборӣ ба ҳабсҳои тӯлонимуддат равонаи зиндон сохта, тамоми арзишҳои инсонӣ ва озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро аз онҳо салб кардааст. Илова бар ин, гирифтани эътироф бо роҳи зӯр ва шиканҷа аз боздоштшудаҳо, ба яке аз амалҳои оддии мақомоти қудратии кишвар табдил гардидааст.”
#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон
#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов
#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор
#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ
#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов
#Шаҳид_Қурбон_Маннонов
#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор
#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов
#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов
#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев
#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров
#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев
#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ
#Шаҳид_Ғоиб_Набиев
#Шаҳид_Сангинмурод
#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов
#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев
#Шаҳид_Алишер_Билолов
Добавить комментарий