Шаҳид Алишер Билолов

Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон

Дар “Ҳафтаи шуҳадои зиндон”, ки аз сӯи дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) роҳандозӣ шудааст, ҳайф аст шаҳидоне ёд нашаванд, ки воқеан гумном буданд ва ҳеч кас дар бораи онҳо нанавишта ва ҳатто дар расонаҳо хабаре аз онҳо наомада.

Яке аз онҳо, марҳум шаҳид Алишер Билолов аст. Вай дар соли 1962 дар шаҳри Душанбе зода шуда ва муқими хонаи 20/3 дар кӯчаи Аҳмади Дониш буд.

Алишер Билолов хидмати ҳарбиро дар замони Шӯравӣ дар Афғонистон ҳангоми ҷанг гузаронда, ҳамроҳи марҳум Ҳоҷӣ Музаффар. Ӯ ронандаи шаҳид генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъи Тоҷикистон буд.

Дар тирамоҳи соли 2015 ӯро низ дар канори бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми “ҳамдастӣ ва ҳамроҳӣ бо генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода” боздошт ва равонаи зиндон карда буданд. Ба гуфтаи дӯстонаш, ӯ бемор буд; мубтало ба диабет (касали қанд) ва ҳамчунин гепатит.

Таърих ва макони шаҳодаташ дақиқан маълум нест. Ба гуфтаи баъзе огоҳон, ӯ ё дар соли 2017 ва ё дар соли 2018 дар зиндон ҷоми шаҳодат нӯшида. Макони шаҳодати ин шаҳиди гумном низ дақиқ нест. Баъзе мегӯянд, дар зиндони маъруф ба “Кирпичний”, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат буда ва ба назари баъзеи дигар аммо, дар зиндони якуми Советскии пойтахт будааст.

Ҳар касе, ки дар бораи ин шаҳиди гумном маълумоти дақиқ дорад, лутфан ба раиси КШНГЗС, Абдусаттор Бобоев бирасонад.

Худо он шаҳидро раҳмат ва ҷояшро биҳишт гардонад!

#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон

#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов

#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор

#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ

#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов

#Шаҳид_Қурбон_Маннонов

#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор

#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов

#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов

#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев

#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров

#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев

#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ

#Шаҳид_Сангинмурод

#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов

#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев

#Шаҳид_Алишер_Билолов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: