Қаноат Мукаммилов бародари Мирзо Мукаммилов, аз ронандаҳои генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, дар моҳи марти соли 2017 дар зиндон ҷоми шаҳодат нӯшидааст.
Тибқи гузориши сайти “Ахбор”, Қаноат Мукаммилов, ки сокини кӯчаи Қаротегини пойтахт буда ва ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамроҳи бародараш Мирзо Мукаммилов дар шаҳри Қазони Русия дастгир ва ба Душанбе оварда шуда буд, дар аввали моҳи марти соли 2017 дар боздоштгоҳи Душанбе даргузашт.
Бар асоси ин гузориш, аз хонаводаи Мукаммиловҳо барои ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим дар маҷмӯъ 5 бародарро дастгир карданд: Қаноат, Мирзо, Наҷмиддин, Садриддин ва Муборак. Мақомот ин 5 бародарро аз ҷумла ба он айбдор мекарданд, ки туфангчаҳои Ҳоҷӣ Ҳалимро пинҳон кардаанд. Моҳи октябри соли 2015 кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ду нафарро бо иттиҳоми нигоҳ доштани ду туфангча ва 20 тирдон дастгир карданд. Онҳо гуфтаанд, ки ин силоҳҳоро аз бародарон Мукаммиловҳо гирифтаанд.

#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон
#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов
#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор
#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ
#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов
#Шаҳид_Қурбон_Маннонов
#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор
#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов
#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов
#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев
#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров
#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев
#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ
#Шаҳид_Ғоиб_Набиев
#Шаҳид_Сангинмурод
#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов
#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев
#Шаҳид_Алишер_Билолов
Добавить комментарий