Абдусаттор Бобоев: “Унвони шаҳидро барои касе Худо ва Паёмбар медиҳанд”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) таъкид кард, ки “унвони шаҳид чизе нест, ки ман ва ё каси дигар ӯро муъайян кунад, балки онро Худо ба воситаи оятҳои Қуръон ва Паёмбари Ислом ба воситаи ҳадисҳояш муъайян кардааст.”

Вай дар ёддоште, бо баёни ин ки Раҷабалӣ Одинаев тоҷири саршиноси кишвар ва муассиси ширкати “Умед-88“, ки аз соли 1996 бо ширкати “Фароз“ ва “Газпром”-и Русия рақобат дошт ва ҳамеша 50 дар сади фоидаашро хонаводаи раисиҷумҳур кашида мегирифтанд ва тамоми масрафи сӯзишвории нақлиёташон аз ҳисоби ӯ буд, хотирнишон кард: “Билохара ба ӯ аз тарафи ин хонавода раҳм нашуд ва бо тӯҳматҳои бофта равонаи зиндонаш карданд ва саранҷом соли 2021 дар зиндон ба тарзи мармуз ба шаҳодат расид.”

Бобоев дар идома бо ишора ба ин ки бо Раҷабалӣ ва хонаводааш, ки аз кӯҳистони Сари Хосор аст шиносоии наздик дошта буд, гуфт: “Баъд аз он, ки ӯро дар Ҳафтаи шуҳадои зиндон ёдоварӣ кардем, баъзе аз дӯстон эътироз карданд, нафаре, ки як умр дар хидмати як режими золим ва ва як хонавода буд, чаро бояд шаҳид унвон карда шавад, ман ба ин дӯстон гуфтам, унвони шаҳид чизе нест, ки ман ва ё каси дигар ӯро муъайян кунад, балки онро Худо ба воситаи оятҳои Қуръон ва Паёмбари Ислом ба воситаи ҳадисҳояш муъайян кардааст.”

Бобоев дар поён ёдовар шудааст: “Раҷабалӣ бо вуҷуди он, ки хидматаш ба мардум зиёд чашмрас набуд, вале ман шоҳидам, ки чанд нафар шахсонеро, ки ман аз наздик мешинохтам, аз ҳисоби худ ба ҳаҷ равон карда буд. Ва аз инҷо маълум мешавад, ки тибқи мазҳаби Ҳазрати Эмоми Аъзам, эшон мусалмон буданд ва ҳар мусалмоне, ки барои молу мулкаш кушта шавад, шаҳид аст ва аз даргоҳи Худои Мутаъол умед дорам, ки мақоми шаҳодат насибаш шуда бошад.

Равонат шод ва ҷоят ҷаннат бод Раҷабалӣ Одинаев!

Шаҳидон лолаҳои лолазоранд,

Парастуи муҳоҷир дар баҳоранд!”

#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон

#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов

#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор

#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ

#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов

#Шаҳид_Қурбон_Маннонов

#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор

#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов

#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов

#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев

#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров

#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев

#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ

#Шаҳид_Ғоиб_Набиев

#Шаҳид_Сангинмурод

#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов

#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев

#Шаҳид_Алишер_Билолов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: