Ҷаннатуллоҳ Комил: “Мулло Қурбон ҳеч гоҳ ба золиме тамаллуқ накард ва аз ҳадафаш даст накашид”

Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон

Ҷаннатуллоҳ Комил, фаъоли сиёсии тоҷик ва намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Олмон, дар бораи шаҳид Мулло Қурбон баён доштааст: “Бо он ихлосу имоне, ки дошт, ҳеч гоҳ нахост ба золиме тамаллуқ кунаду аз ҳадафаш даст бикашад. Ва ҳамин тавр устуворона ва ҳақгӯёна дар зиндон ба шаҳодат расид.”

Вай дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон, бо ишора ба шахсияти шаҳид Мулло Қурбон Маннонов ва ин ки ӯ инсоне хастанопазир, ҳақгӯ, устувор, шуҷоъ, даъватгар ва муборизи роҳи ислом ва озодӣ буд, дар ибтидо ба шарҳи ҳоли кӯтоҳи ин шаҳид пардохта ва навиштааст: “Ӯ зодаи деҳаи Розиёни ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ва яке аз аввалин шогирдон ва пайравони Устоди марҳум домулло Аҷик мебошад. Аз замони кӯдакӣ даъвати ӯ ва муборизаи ӯро барои озодӣ ва бедории мардуми тоҷик хуб ба ёд дорам. Тақрибан дар ҳама маҳфилу чорабиниҳо ҳамроҳ бо Устоди марҳум Домулло Аҷик ва шогирдони ӯ буд.”

Ҷаннатуллоҳ Комил, фаъоли сиёсии тоҷик ва намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Олмон

Ҷаннатуллоҳ Комил дар идома бо баёни ин ки шаҳид Мулло Қурбон дар охири соли 1991 ва оғози соли 1992 вақте, ки силоҳбадастони “Фронти халқӣ” молу мулки иштирокчиёни майдони “Шаҳидон”-ро мусодара карданду онҳоро маҷбур ба тарки Себистон намуданд, ёдовар шуда: “Мулло Қурбон яке аз аввалин нафароне буд, ки мавриди ҳадафи онҳо қарор гирифт ва маҷбуран аз деҳаи худ муҳоҷир шуд. Муддатҳо бехона ва дар хонаи хешовандону наздиконаш пароканда зиндагӣ менамуд, то он ки дар шаҳри Норак барои худ ҷойи зисте пайдо намуду онҷо зиндагиро давом дод.”

Дар идома афзуда: “Ҳангоме, ки мо бо даҳҳо нафар аз ҷавонони Себистон дар яке аз кишварҳои пасошӯравӣ муҳоҷир гашта будем, эшон ҳамарӯза барои мо хондани Қуръон ва таълимоти исломро таълим медод.”

Ин узви боризи ҲНИТ дар идома бо баёни ин ки Мулло Қурбон яке аз размандагони роҳи озодии кишвар буд, баён доштааст: “Муддати 5 сол, аз 1992 то 1997, барои озодии кишвар ва бедории миллат ва ояндаи дурахшони он, устуворона мубориза намуд. Баъди Созишномаи сулҳ дар симатҳои гуногуни ҲНИТ дар шаҳри Норак адои масъулият намудааст.”

Ҷаннатуллоҳ Комил афзудааст: “Дар соли 2015 вақте, ки банда аз ҳавзаи Данғара-Норак ҳамчун номзад ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар ба қайд гирифта шудам, ӯ яке аз шахсони боэътимоди банда буд. Бо он ки аз ҳамаи мо дида ӯ пир буд, аммо аз ҳама барвақт ва бо як нерӯи бузург ба утоқи корӣ меомад ва аз ҳама бештар дар таблиғу фаолиятҳо саҳм мегузошт. Ва баъд аз ҳама ба хонаи худ бармегашт. Бо он ҳама фишоре, ки аз тарафи мақомот болои мо буд, аммо намегузошт, ки касе ноумед ва ё дилшикаста шавад. Бо суханони ҷаззоби хуб, ба ҳама нерӯ ва умед мебахшид.”

Ҷаннатуллоҳ Комил дар идомаи ёддошти худ, бо таъкид бар ин ки ҳар ҷавоне, ки фаолият, устуворӣ ва шуҷоъати ӯро медид, барои худ нерӯ ва ангеза касб мекард, хотирнишон кардааст: “Ва ҳамин гуна бо он ихлосу имоне, ки дошт, ҳеч гоҳ нахост ба золиме тамаллуқ кунаду аз ҳадафаш даст бикашад. Ва ҳамин тавр устуворона ва ҳақгӯёна дар зиндон ба шаҳодат расид.”

#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон

#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов

#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор

#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ

#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов

#Шаҳид_Қурбон_Маннонов

#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор

#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов

#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов

#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев

#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров

#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев

#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ

#Шаҳид_Ғоиб_Набиев

#Шаҳид_Сангинмурод

#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов

#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев

#Шаҳид_Алишер_Билолов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: