Анора Саркорова, рӯзноманигори тоҷик, пас аз он ки додгоҳи Тоҷикистон Амриддин Аловатшоевро ба 18 сол зиндон маҳкум кард, хитоб ба касоне, ки сукутро тарҷеҳ медоданд тасреҳ кардааст: “Тарафдорони мавқеъи сукут ва хомӯш мондан ҳоло чӣ мегӯянд? Оё сукути хешони Амриддин Аловатшоев кӯмаке ба ӯ кард? Бо сукути худ оё ин варзишкорро наҷот додед? Оё мақомоти Тоҷикистон ба ваъдаи худ ба хешони Аловатшоев вафо карданд? Ин ки шумо сукут кунед ва хомӯш бошед, дар муқобил аммо, ҳукми ӯ кам карда мешавад?..”
Матни пурраи ёддошти Анора Саркорва ба шарҳи зерин аст:
“Дар таърихи 29 апрел, соати 14:00, мурофиаи додгоҳии фаъоли иҷтимоӣ ва варзишкор, Амриддин Аловатшоев баргузор шуд. Чанд соат пас аз оғози ин раванд, Амриддин Аловатшоев ба 18 сол зиндон маҳкум шуд. Мурофиаи ӯ ҳамагӣ чанд соат давом кард.
Сураъти расидагӣ ва баррасии парвандаи ҷиноӣ ва сипас содир кардани ҳукм аз сӯи додгоҳ, росташ чизи тааҷҷубовар нест.

Дар Тоҷикистон на қувваи қазоия (суд) вуҷуд дорад ва на даъвои қазоӣ (судопроизводства).
Он чи додгоҳ (суд) ва қозӣ (судя) номида мешавад, танҳо як расмият аст; як зоҳири демократӣ ва кишвардорӣ, ки албатта барои режим зарур аст, то кӯмакҳои байналмилалӣ, грантҳо ва қарзҳоро ситонад.
Агар Ҳукумати Тоҷикистон ба кӯмаки молӣ ниёз надошт ва агар захираҳои ҷиддии дохилие мебуд, ки даромади собитеро ба ҳамроҳ дошт, президент Раҳмон кайҳо порлумон, додгоҳҳо ва соири ниҳодҳои ғайрифаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро мунҳал (пароканда) карда буд.
Ҳукумат аммо ҳамчунон ба кӯмакҳои хориҷӣ сахт вобаста аст.
Ҳукм алайҳи Амриддин Аловатшоев, ки яке аз хешовандони наздики Гулбиддин Зиёбеков буда ва тавассути нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ваҳшиёна ба қатл расидааст, як интиқом аст, ки ғайриқонунӣ аст; интиқом ба хотири саъйи Гулбиддин барои барқарории назм ва қонун ва талоши вай барои нишон додани бесалоҳиятии ҳукумат дар расондани ҳақ ба ҳақдор.
Ҳукм фақат аз сӯи як қозӣ (суд)-и дастнишонда қироат шуд, вале тавассути мақомоти олирутба/нерӯҳои амниятӣ содир шудааст. Номи ин арӯсакҳо низ барои ҳама маъруф аст.
Амриддин Аловатшоев дар Русия рабуда шуда ва ба зӯр дар шаби 12 ба 13 январи соли ҷорӣ ба Душанбе оварда шудааст.
Хуб, тарафдорони мавқеъи сукут ва хомӯш мондан ҳоло чӣ мегӯянд?
Оё сукути хешони Амриддин Аловатшоев кӯмаке ба ӯ кард?
Бо сукути худ оё ин варзишкорро наҷот додед?
Оё мақомоти Тоҷикистон ба ваъдаи худ ба хешони Аловатшоев вафо карданд? Ин ки шумо сукут кунед ва хомӯш бошед, дар муқобил аммо ҳукми ӯ кам карда мешавад?
Оё бо ин пиндори хом, ки “бо ман қатъан ин гуна иттифоқ намеафтад”, ба ҳамин чанг заданҳо идома медиҳед? Ҳамон иштибоҳоти қаблиро муртакиб мешавед?
Ё ин ки дарди каси дигар мегузарад?
Дар ҳамин ҳол, манзили сохтаи Амриддин Аловатшоев дар зодгоҳаш комилан вайрон карда шудааст.
Ҳукумати маҳаллӣ бо супориши мақомоти вилоят дар рӯзи равшан ва дар пеши чашмони сокинони деҳа, хонаи варзишкорро бо трактор ба хок яксон карданд.
Қарори имрӯзаи додгоҳ танҳо ҳукм алайҳи Амриддин Аловатшоев нест.
Ин ҳукмест, ки мақомот ба ҳамаи мо – онҳое, ки мухолифанд, муқовимат мекунанд, фикр мекунанд аст.
Инак, фикр кунед…”
Манбаъ: Сафҳаи корбарии Анора Саркорова дар Фейсбук
Добавить комментарий