Меҳмоншоҳ Шарифов: “Мақомоти Тоҷикистон аз зиндагии мардум дур мондаанд”

Меҳмоншоҳ Шарифов, файласуфи иҷтимоии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, роҷеъ ба эъломи ба 18 сол маҳкум ба зиндон шудани Амриддин Аловатшоев, бо тарҳи ин суол, ки “ин чӣ ҳолат ва чӣ мантиқ аст, ки дар Тоҷикистон ҳукмрон аст”, навишта: “Инҷо дигар таҳлили ҷомеашинос, файласуф ва равоншинос зарур нест. Масъала оддист ва ҳама хуб медонанд, ки ин қавми дар ҳукумат буда мисли Толибон, аз сиёсат, аз ҳукуматдорӣ ва аз ташкили зиндагии мардум дур мондаанд.”

Меҳмоншоҳ Шарифов, файласуфи иҷтимоии тоҷик

Меҳмоншоҳ Шарифов дар идома бо баёни ин ки “солҳо боз мардум дар бӯҳрони фарогиранд, дар муҳоҷирати иҷборианд ва ба ҷои баррасӣ ва ҳалли мушкилиҳои мардум ин қавм ба бозиҳои дохилии худ машғуланд”, ёдовар шудааст: “Мантиқи ин ҳукумати мафиозӣ ҳамин аст фитна андохтан ва турктозӣ кардан. Мардумро дуздидан, зиндонӣ кардан, куштан ва баъдан ”худоии шаҳидон”-ро оши оштӣ номида, хӯрдан…

Вай дар поён хотирнишон кардааст: “Ин аҷуба (monster) аз парокандагӣ, эҳсосӣ будан, бетарафӣ, чоплусӣ, дурӯғ ва тарси мардум қувва мегирад ва зиндатар мешавад. Аслан, ин махлуқ худ парвардаи ҳамин сустиҳо ва маризиҳои мардум аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: