Муҳаммадсаъид Ризоӣ, узви Шӯрои раҳбарии ПМТ ва аз аъзои барҷастаи ҲНИТ, зимни ёдоварии хотироте аз шаҳид Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, гуфт: “Ман ин суханро, ки: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”, аз худи ӯ шунидаам. Байни касоне, ки мӯҳлати тӯлонӣ бо ҳам кору фаъолият доштанд, чизҳои зиёде ҳаст, аз ҷумла шакарранҷишҳо. Дар Покистон будем ва дар робита бо кору фаъолиятҳо гуфтумоне байнамон рафт. Чанд рӯз баъд, ба наздам дар дафтар омад ва аз азми ба Тахор рафтанаш хабар дод. Гуфтам: “Бо вуҷуди ин ҳама мавқеъҳо ва суханҳо, ки гуфтед?” Ёдам аст, дар ҳоли нимханда ва нигоҳе, ки ба замин дошт, чашмонаш ҳам ҳавзи об шуда буданд, сари худро бардошту гуфт: “Чӣ? Фикр мекунӣ ман ёроне чун шуморо тарк мекунаму шумо ҳам аз чун мане.. халос мешавед? Вақте аз ман халос мешавед, ки сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”. Аллоҳ раҳматат кунад дӯст ва бародари азиз!
Матни пурраи ёддошти Муҳаммадсаъид Ризоӣ ба шарҳи зерин аст:
“Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим.
“Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд.” Ин, сухани шаҳид Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, узви баландпояи ҲНИТ, генерали мардумӣ ва воъизи пурнуфузи майдони “Шаҳидон”, донандаи хуби забони арабӣ, узви зеркомисияи ҳуқуқии Комисияи Оштии Миллӣ ва дорандаи ҷоизаи сулҳи тоҷикон аст.
Он чи маъмулан дар бораи Эшон Сайид Қиёмуддин гуфта мешавад, гапҳое аст, ки дастгоҳи амниятии Тоҷикистон дар ин авохир, ҳамчун абзор бар муқобили мухолифони сиёсӣ ба кор мебарад ва ҳамроҳ бо барчаспи “ҷосусус, экстримист ва террорист” онҳоро зиёд нисбати эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ (р) ва тамоми мухолифини сиёсӣ ба кор бурдааст.
Ҷоqи шакке нест, ки ҳазрати Эшон аз роҳбарияти олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст. Унвони генерали мардумӣ ҳам ба ӯ дар майдони “Шаҳидон” аз тарафи гирдиҳамомадагон дода шудааст; гирдиҳамоие, ки ба хотири ҳифзи истиқлоли кишвар сурат гирифта буд.
Дар бораи ин, ки Эшон Сайид Қиёмуддин воъизи пурнуфуз, донандаи хуби забони арабӣ буд, шакке нест. Ӯ руҳонӣ, сайидзода ва дар хонадони олим, донишманди исломӣ ва аз зуррияҳои паёмбарамон, ҳазрати Муҳаммад (с) ба дунё омадааст. Аз даврони ҷавонӣ дар назди домуллоҳои машҳури кишвар, тадрис ва ба фарогирии улуми динӣ ва шариъату ахлоқ пардохта, дар роҳи нашри таъолими шаръӣ, адаб ва маъонӣ, дар Тоҷикистон ва берун аз он, саҳми босазое дорад.
Шакке нест, ки бо симои зебои худододӣ, ихлоси комил, каломи ширин ва баёни дилчаспаш дар дилҳо ҷой дошт. Ва дар бедории ҷавонон ва баргашти ба ислом ҷойгоҳи хосси олӣ дорад. Ҷавонон ва ихлосмандони зиёд гирду атрофи марҳум ҷамъ шуда, шариъат, одобу ахлоқи зебои исломӣ ва инсониро аз ӯ омӯхтаанд.
Шаҳид Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозиро ман аз хелеҳо дида беҳтар мешиносам. Аз охирҳои даҳҳаи 70 қарни 20 якдигарро мешинохтем. Дарс, сафарҳо, ваъз ва суханрониҳои зиёде якҷоя бо ҳам доштем. Дар як замон, ҳам ҷасур буд ва ҳам зуд эҳсоси тарс вуҷудашро фаро мегирифт. Эшон дар баробари хислатҳои бузурги дигараш, ки хеле зиёд буданд, дар шинохти инсонҳо, ба иштибоҳ роҳ медод. Зудбовар буд ва ҳамаро чун худ софдил ва покният меҳисобид. Бинобар ин, касони муғриз, ҳилагар ва соҳибони маслаки бад аз ин роҳ хеле зуд аз наздикони ӯ қарор мегирифанд.
Ҳоло мавзӯъ муаррифии шахсияти ҳазрати Эшон алайҳирраҳма нест, балки мехоҳам, аз хотироте, ки бо вай ҳамроҳ будам, бигӯям. Пешопеш аз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ташаккур мекунам, ки ин иқдоми наҷибро дар нисбати зиндониёни сиёсӣ ва шуҳадое, ки аз дасти ин режими золим ба қатл расидаанд, роҳандозӣ кардааст.
Инсон, ҳар ки бошад, бе айбу нуқсон нест. Пок танҳо Худо аст ва бе айбу камбудӣ паёмбаронеанд, ки расонидани рисолати илоҳиро бар ӯҳда доранд. Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ инсон аст ва аз айбу нуқсон, хатову гуноҳ пок нест.
Марҳум Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дар назди Парвардгори худ аз муқаррабин ва аз маҳбубияти болое бархӯрдор буд. Зиндагиро хуб оғоз ва баргашти хубе ба сӯи худашро Аллоҳ барояш дод; мартабаи шаҳодат дар роҳи Худо.
Ман ин суханро, ки: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”, аз худи ӯ шунидаам. Байни касоне, ки мӯҳлати тӯлонӣ бо ҳам кору фаъолият доштанд, чизҳои зиёде ҳаст, аз ҷумла шакарранҷишҳо.
Дар Покистон будем ва дар робита бо кору фаъолиятҳо гуфтумоне байнамон рафт. Чанд рӯз баъд, ба наздам дар дафтар омад ва аз азми ба Тахор рафтанаш хабар дод. Гуфтам: “Бо вуҷуди ин ҳама мавқеъҳо ва суханҳо, ки гуфтед?” Ёдам аст, дар ҳоли нимханда ва нигоҳе, ки ба замин дошт, чашмонаш ҳам ҳавзи об шуда буданд, сари худро бардошту гуфт: “Чӣ? Фикр мекунӣ ман ёроне чун шуморо тарк мекунаму шумо ҳам аз чун мане.. халос мешавед? Вақте аз ман халос мешавед, ки сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”. Аллоҳ раҳматат кунад дӯст ва бародари азиз!
Ёдам ҳаст, ки ҳангоми аз дафтари Наҳзат баромадан ва чанд гоме бардоштан, баргашт ва маро оғӯш карду гуфт: “Офарин бародар Муҳаммадсаъидҷон, аҳсан ба ихлосу вафодориат ба ҳаракату устодон! Он чи ин ҷо гуфта шуд, ҳамин ҷо гӯру нест мешавад.”
Дар охирин лаҳзаҳои ҳаёти Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ (р), ки дар бистари беморӣ буд, ҳазрати Эшон ба диданаш омад. Марҳуми Устод гуфт: “Эшон шогирди ман аст, дар ҳаётам ҳар вақт, ки дар тасмими коре сахт банд меомадам ва аз Худо ёрӣ мехостам, Эшони Қиёмиддин бо коре ё барои дидоре, пешам меомад.”
Фикр мекунам барои хонанда маълум аст, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ (р), таклифи худ бо Наҳзатро ба истилоҳ аз ҳамон даврони поён ёфтани фаъолияти Комисиюни Оштии Миллӣ равшан карда буд ва худро комилан ба унвони як нафари мустақил, ҳатто тарафдори сиёсати шахси Раҳмонов нишон медод. Ман бар ин назарам, ки ин мавқеъгирӣ ҳам, иҷтиҳоде, беш набуд.
Алорағми доштани чунин “мавқеъ”, муҷрим ва хоини Ватан қарор гирифта, 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва дар ниҳоят дар як ошӯби сохта дар дохили маҳбас, сар аз тан ҷудо ва ба шаҳодат расид.
Аллоҳ аз саҳву иштибоҳи мо ва ҳазрати Эшон гузашт ва ҷаннат ҷоямон гардонад!”
#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон
#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов
#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор
#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ
#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов
#Шаҳид_Қурбон_Маннонов
#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор
#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов
#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов
#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев
#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров
#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев
#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ
#Шаҳид_Ғоиб_Набиев
#Шаҳид_Сангинмурод
#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов
#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев
#Шаҳид_Алишер_Билолов
Добавить комментарий