Асомуддин Абдураҳмонов кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Асомуддин Абдураҳмонов

Дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои яке дигар аз зиндониёни сиёсӣ, узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва муовини раиси шӯъбаи ин ҳизб дар вилояти Хатлон, Абдураҳмонов Асомуддин ихтисос додаанд.

Абдураҳмонов Асомуддин, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар соли 1977 дар ҳамин ноҳия зода шудааст. Вай то моҳи майи соли 2015 муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар умури кадрҳо ва пас аз он то замони боздошташ иҷрокунандаи раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон буд. Ӯ оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Бино бар гузорише дар моҳи декабри 2015 дар сайти “Паём”, рӯзи 16-уми ноябри соли 2015 ҳукми суд алайҳи Асомуддин Абдураҳмонов содир шуд. Додгоҳ ӯро барои 10 сол равонаи зиндон кард. Наздикони Абдураҳмонов Асомуддин ба сайти “Паём” гуфтанд, Асомуддин, ки қаблан бо иттиҳомоти сохтаву бофта дар канори даҳҳо узви Раёсати Олӣ ва аъзоҳои дигари ҲНИТ боздошт шуда буд, моҳи гузашта дар пушти дарҳои баста ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.

Бино бар ин гузориш, муҳокимаи ӯ дар дохили боздоштгоҳ дар пушти дарҳои баста баргузор шуда, аммо ҷомеа як моҳ баъд аз он бо қарори суд бохабар шуд, ки далолат бар ношаффофият ва ноодилона будани раванди муҳокимаи боздоштшудаҳои Ҳизби Наҳзати Исломӣ мекунад.

Бар пояи ин гузориш, мақомоти амниятии кишвар бо зӯрӣ аз ӯ навори видеоие гирифта, онро дар таърихи 30-уми июни 2015 дар шабакаи YouTube пахш карда буданд. Асомиддин дар ин навор, ки дар фазои машкук ва фишори равонӣ сабт шудааст, мегӯяд, ӯ аз ҲНИТ “бо хоҳиши худаш” даст кашидааст. Мутаассифона, ин “эътирофи иҷборӣ” ба ин фаъоли сиёсӣ шафоат накарда, ӯро золимона равонаи зиндон карданд.

Бино бар гузорише дар 9 феврали соли 2016, Созмони дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз маҳкумияти 8 тан аз масъулони ҲНИТ аз ҷумла Асомиддин Абдураҳмонов, изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши сайти ин созмон, додгоҳҳои Тоҷикистон то ба ҳол 8 масъули ҲНИТ-ро ба муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Тибқи ин гузориш, Асомиддин Абдураҳмонов ба 10 сол, Зайниддин Юсуфов ба 10 сол ва Завқибек Раҳмонов ба 4 сол зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамчунин Ҳасан Раҳимов ба 10 сол, Маҳмадалӣ Исломов ба 5 сол ва Рустам Имомов ба 17 сол ҳабс маҳкум шудаанд.

Азимҷон Ваҳҳобов, фаъоли барҷастаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва аз дӯстони наздики Асомуддин Абдураҳмонов, дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, бо баёни шарҳи кӯтоҳи ҳоли Асомуддин, гуфт: “Банда бо Абдураҳмонов Асомиддин тақрибан аз соли 2007 ошно ҳастам. Ман он вақт дар шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Хатлон кор мекардам, ӯ дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.”

Вай дар идома ба баёни ин ки “Асомиддин воқеан ҷавони хоксор, содиқ ба ватан ва миллат, хидматкор ва аҳли амонат ва хушсухану хуштабъ аст”. гуфт: “То ҷое, ки ман маълумот дорам, дар баробари фаъолияти ҳизбиаш, ӯ чанд гектар замини иҷора дошт ва кишоварзӣ ҳам мекард. Содиқона кор мекард ва нони ҳалол мехӯрд.”

Азимҷон Ваҳҳобов, фаъоли барҷастаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ин узви боризи ҲНИТ дар идома баён дошт: “Вақте бохабар шудем, ки ӯро дастгир кардаанд, мисли дигар аъзои фаъоли ҳизб, бо таваҷҷӯҳ ба шинохте, ки аз ӯ дорем, гуфтем, ки ҳатман озод хоҳад шуд, чун бо ҳеч кас хусумате надошт, аҳли қонуншиканиву найранг набуд ва аслан ҷавоне мисли ӯ набояд ҷояш дар зиндон бошад. Вале мутаассифона бо тӯҳмат алайҳаш парванда сохтанду бофтанд.”

Азимҷон Ваҳҳобов дар поёни гуфтугӯи кӯтоҳи худ изҳори умедворӣ кард, ки Асомуддин “бо лутфи Худованд ба зудӣ озод хоҳад шуд ва дар канори хонаводаву фарзандонаш мисли қабл ба ватану миллат хидмат хоҳад кард.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) низ дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён”, бо баёни ин ки маҳкум шудани Асомуддин Абдураҳмонов ба 10 сол зиндон аз тарафи режими Раҳмон, дар ҳоле, ки ҳатто як нуқтаи сиёҳ дар корномаи ӯ намеёбед ва инсони шариф ва покдоманест, гуфт: “Ин нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон коре надорад, ки шумо айб доред ё надоред, балки ҳамин, ки фаҳмад, касе мухолифи ӯст, боздошташ мекунад ва равонаи зиндон менамояд.”

Вай афзуд: “Барои фаҳми ин воқеияти талх, ки чаро Раҳмон фаъолияти ҲНИТ-ро қатъ ва “терурист”-аш эълон кардааст, кофист шумо ба муҳтавои протоколи маъруф ба 32-20, ки ифшо шудааст нигоҳ кунед. Дар ин протокол, ки баъд аз интихоботи порлумонии соли 2010 қабул шудааст, ба сароҳат гуфта шудааст, ки ҳукумат бояд ба ҳар роҳе пеши роҳи ҲНИТ-ро бигирад. Дар ин интихобот, ҲНИТ аксарияти курсиҳои порлумонро соҳиб шуда буд, вале тақаллуб сурат гирифт, ки ҳама медонанд, худи ҳукуматиҳо ҳам инро хуб медонанд.”

Абдусаттор Бобоев гуфт: “Асомуддин Абдураҳмоновро тибқи тавсияҳои ҳамин протокол ҳанӯз пеш аз ҳодисаҳои сентябри 2015 маҷбур карда буданд, даст аз фаъолият дар ҲНИТ бардорад ва муқобили дурбин қарор гирифта, бигӯяд, ман ба “хоҳиши худам” ҲНИТ-ро тарк кардаам.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Раиси КШНГЗС бо баёни ин ки КШГНЗС тамоми нерӯи худро ҷиҳати озод шудани Асомуддин Абдураҳмонов ва ёронаш ба харҷ хоҳад дод, гуфт: “Яке аз шеваҳои эътироз ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба қазияи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ин хайма зада нишастан ба муддати зиёд дар муқобили дафтарҳои СММ дар кишварҳои урупоӣ аст. Мо ҳанӯз рӯй ба ин шева наовардаем, умед дорем, ҳукуматиҳо ба ақл меоянд ва зиндониёни сиёсиро озод мекунанд.”

Бобоев афзуд: “Аммо агар озод накарданд, ба ин шева ҳам рӯй меоварем ва коре мекунем, ки зиндониёни мо озод шаванд.”

Вай дар поён таъкид кард: “Мо ба Раҳмон тавсия мекунем, ҳар чи зуд зиндониёни сиёсиро озод кунад, вагарна кор барояш душвор хоҳад шуд. Инро ба чашмонаш мебинад.”

#Ҳафтаи_Асомуддин_Абдураҳмонов

#Озодӣ_ба_Асомуддин_Абдураҳмонов

#Свободу_Асомуддину_Абдурахмонову

#Free_Asomuddin_Abdurahmonov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: