Дадоҷон Ёқубов, иқтисоддон, номзади илм, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд ва аз дӯстони деринаи шаҳид Эшони Шамсиддин Шамсиддинов, хотирнишон кардааст, ки ӯ “дар шахсияти Эшони Шамсиддин як шахси қавиирода, ҷасур, далер, шуҷоъ, нотарс ва нотакрор”-ро дидааст.
Вай дар ёддоште ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон, бо баёни шарҳи ҳоли шаҳид Эшони Шамсиддин Шамсиддинов, хотирнишон кардааст: “Шаҳид Шамсиддин Шамсиддинов маъруф бо Эшони Шамсиддин, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчо, деҳаи Оббурдон, дар соли 1953 ба дунё омада ва дар ҳамин деҳа ба воя расидааст. Ӯ аз солҳои 80-уми асри гузашта тамоми умри худро барои пешравии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) зери роҳбарии марҳум Устоди Устодон, офаранда ва барқарории сулҳи Тоҷикистон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаолият кардааст.”
Ин устоди собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар идома бо ишора ба ин ки шиносоии вай бо ин “шахси далер, марди устувор, дилсӯз, ғамхор ва мубориз” дар як нишасти иҷтимоӣ-маишӣ дар 6-уми ноябри соли 1999 пас аз бозгашт аз ҳиҷрат сурат гирифт, ёдовар шудааст: “Сабаби шиносоӣ барои қабули аъзо ва интихоби раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд буд. Эшони Шамсиддин ва як бародари наҳзатии дигар, маро ба қабулии риёсати бахши шаҳри Хуҷанд даъват намуданд. Банда, ки дар донишгоҳ масъулияти мудири кафедра ва ҳамчунин каме фаолияти соҳибкорӣ доштам, узри худро иттилоъ дода, рад намудам. Вале ба ман фаҳмонданд, ки агар дар шаҳри Хуҷанд ва баъзе ноҳияҳои вилоят бахши ҲНИТ-ро ташкил надиҳем, ҳизбро дар вилоят ба қайд намегиранд. Дар натиҷа, ҲНИТ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2000-ум иштирок карда наметавонад.”
Вай афзудааст: “Аммо саранҷом ва исрори зиёди дӯстон, розигиамро додам. Аввал, ҳамон рӯз бо тавсияи Эшони Шамсиддин ва як бародари дигари собиқадори ҳизбӣ, узви ҳизб гардида ва дар ҷаласаи аввалин иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд интихоб шудам.”

Додоҷон Ёқубов дар идома бо баёни ин ки Эшони Шамсиддин узви фаъоли ҲНИТ буданд ва махсусан аз соли 1992 то 1997 дар ҳайати нерӯҳои оппозисиюни Тоҷикистон, дар дохил ва хориҷи кишвар ба фаолияти фарҳангӣ машғул буданд, хотирнишон кардааст: “Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, аз охирҳои соли 1999 то аввалҳои 2002, дар симати иҷрокунандаи вазифаи раиси шӯъбаи вилоятӣ дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) ва ҳамон сол (2002) ҷонишини раиси ҲНИТ интихоб шуданд.”
Раиси собиқи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи ёдошти худ, бо ишора ба ин ки “барои ташкили бахшҳо, дар ҳафта ду се маротиба ба ин ё он ноҳия ва ё дар як рӯз то ду ноҳия сафари корӣ доштем, ки Эшони Шамсиддин сарвари мекарданд”, ёдовар шудааст: “Ҳолатҳое шуда буд, ки барои як қабули аъзо ё чанд аъзо, ба қишлоқҳое, ки шиносоӣ доштем то се маротиба сафари корӣ доштем. Дар сафарҳои корӣ, дар шахсияти Эшони Шамсиддин ман як шахси қавиирода, ҷасур, далер, шуҷоъ, нотарс ва нотакрорро медидам. Ҳатто аз нигоҳи чашмони Эшон баъзе шахсони заиф метарсид, чунки аз нури чашмони Эшон ба монанди нури оташ нуре баромада меистод.”
Дадоҷон Ёқубов бо ишора ба ин ки “Эшони Шамсиддин бо вуҷуди ин ки зиндагии хоксорона доштанд, вале инсони дасткушод буданд, ба ҳизбиён ва камбизоатон ёрии худро мерасонданд”, хотирнишон кардааст: “Мисоли равшан, банда моҳи январи соли 2000-ум бо бемории шуш дар беморхонаи шаҳрӣ бистари будам. Рӯзе ба аёдат омада, 600 рубли тоҷикиро пешниҳод намуда, гуфтанд, ки барои муолиҷа сарф намоям ва тезтар аз беморхона бароям, то ки ба интихобот омодагӣ бинем. Банда арзи ташаккур намуда ва хоҳиш кардам, ки ҳамин пулро ба интихобот сарф намоянд.”
Вай дар идома бо таъкид бар ин ки “банда дар ташкил ва поягузории ҲНИТ дар вилояти Суғд, меҳнат ва ғайрату заҳматҳои Эшони Шамсиддинро медидам ва Эшон дар бораи устуворӣ ва пурқувват намудани ҳизб дар ҷомеаи вилоти Суғд хеле нақшаҳои беназир доштанд”, ёдовар шудааст: “Вале инсон хотокор аст, бехато танҳо Яккаю Ягона худи Ӯст. Эшони Шамсиддин охирҳои соли 2002 ва ё аввалҳои 2003 боздошт мешаванд. Вақте, ки бо роҳи ҳавоӣ ба Душанбе, дар сар халта, бурдани мешаванд, дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд як бародари мусалмон дида мешиносад. Эшон мегӯянд, ки ба шӯъбаи вилоятии ҳизб хабар диҳад. Ӯ хабарро ба мо расонд. Мо зуд конфронси матбуотӣ ташкил намудем. Дар конфронси матбуотии дуюм рӯзноманигорон суол карданд, ки ҷинояти содиркардаи ҷонишини ҲНИТ рост аст? Банда боварӣ надоштам, ки Эшон ҷиноят карда бошанд, ҷавобҳои рад медодам. Вале рӯзноманигор духтари Баҳром Фирӯз (ҳоло номашро дар хотир надорам) гуфт, ки ин масъала равшан шудааст. Яъне ӯ ҷиноят содир кардааст.”
Дадоҷон Ёқубов дар идома бо ишора ба ин ки “моҳи майи соли 2003 Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шамсиддин Шамсиддинов ва боз чанд тани дигарро бо ташкили “гурӯҳи ҷиноӣ“, “куштор“ ва “нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ“ аз 16 сол то ба 25 сол ҳукм баровард ва ба Шамсиддин Шамсиддинов 16 сол ҳукм эълон кард.”
Вай бо таъкид бар ин ки “ҳукми Додгоҳи Олиро ҲНИТ ғайриодилона арзёбӣ кард”, баён доштааст: “Ба гуфтаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилию иттилоотии ҲНИТ, марги Эшони Шамсиддинро бар асари маризии сурхрӯда донист, ки 6 моҳ ба ин сӯ ӯ дар зиндон азият медидааст ва дар рӯзи 30 январи соли 2008 соати 11 дар зиндони “Нефтянник“, воқеъ дар шаш километрии шарқии Душанбе, дар синни 55 солагӣ ҷоми шаҳодатро нӯшид. Сайфуллозода ҳамчунин гуфт, ки мақомот танҳо баъди талошҳои зиёди роҳбарияти ҳизб ва пайвандони марҳум соати 15-и ҳамон рӯз ҷасади ӯро ба наздикон доданд.”
Дадоҷон Ёқубов афзудааст: “Аз лиҳози роҳи мошингардӣ, Кӯҳистони Мастчо руст буд, аз ин рӯ бо кӯмак ва ташаббуси роҳбарияти ҳизб, ҷасади эшонро бо вертолёт ба деҳаи Оббурдон бурда, ба хок супориданд.”
Вай дар поёни ёддошти худ бо хитоб ба бародарон ва хоҳарони арҷманд, хоҳиш кардааст, ки дар ҳаққи шаҳид Эшони Шамсиддин ва дигар шаҳидони зиндониён дуо кунанд, “то ки Худованди Бузург ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат карда бошад ва ба пайвандон ва дӯстон сабру ҷамил ато бифармояд!”
Манбаъ: Сафҳаи корабарии Дадоҷон Ёқубов дар Фейсбук
#Ҳафтаи_шуҳадои_зиндон
#Шаҳид_Шамсиддин_Шамсиддинов
#Шаҳид_Махдуми_Абдусаттор
#Шаҳид_Эшони_Сайид_Қиёмуддини_Ғозӣ
#Шаҳид_Саидмаҳдихон_Сатторов
#Шаҳид_Қурбон_Маннонов
#Шаҳид_Домулло_Абдусаттор
#Шаҳид_Давлатмурод_Рустамов
#Шаҳид_Абдулфайз_Раҷабов
#Шаҳид_Умедҷон_Тоҷиев
#Шаҳид_Мирзоумар_Табаров
#Шаҳид_Раҷабалӣ_Одинаев
#Шаҳид_Рустам_Ашӯралӣ
#Шаҳид_Сангинмурод
#Шаҳид_Қаноат_Мукаммилов
#Шаҳид_Ҷомаҳмад_Боев
#Шаҳид_Алишер_Билолов
Добавить комментарий