Табрики модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков ба муносибати Иди саъиди Рамазон ва дуои вай алайҳи қотилони писараш

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, дар ёддоште ба муносибати Иди Рамазон, зимни табрики ин иди саъид ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, бо баёни ин ки “силоҳи ман, дуои ман аст”, алайҳи касоне, ки писарашро ноҷавонмардона ба шаҳодат расондаанд дуо ва дархост кардааст: “Ман ба тамоми хоҳарону бародарони Тоҷикистон, хоҳ аз Зарафшон бошанду хоҳ аз Бадахшон, хоҳ аз Хатлону хоҳ аз Суғд ва хоҳ аз Душанбе, муроҷиат менамоям, ки фарзандҳоятонро насиҳат кунед, ки дар Бадахшон ба одамкушӣ, зулми халқ, тӯҳмат, дурӯғгӯӣ, фиребу найранги халқ хотима диҳанд!”

Матни ёддошти Певистамоҳ Абдулмӯъминова ба шарҳи зерин аст:

“Салом. Ман ба тамоми хоҳарону бародарони Тоҷикистон, хоҳ аз Зарафшон бошанду хоҳ аз Бадахшон, хоҳ аз Хатлону хоҳ аз Суғд ва хоҳ аз Душанбе, муроҷиат менамоям, ки фарзандҳоятонро насиҳат кунед, ки дар Бадахшон ба одамкушӣ, зулми халқ, тӯҳмат, дурӯғгӯӣ, фиребу найранги халқ хотима диҳанд!

Ман як модари ҷигарсӯхтаам, ки аз беадолатии фарзандони шумо писарам ба қатл расонда шуд. Мо як тоҷикем, наход тоҷик то андозае беХудо, ноинсоф, одамкуш ва барои мансабу пул шуда миллати тоҷик бударо паст занад?! Бароям баъди фоҷеаи даҳшатнок рӯзи равшан торик шуд.

Пас силоҳи ман, дуои ман аст.

Дар рӯзи шарифи Рамазон он қотилон сиёҳпӯш шаванд, ҳамроҳи фарзандони худ ҷавонмарг шаванд!

Кафани хунини се шаҳид насиби фарзандҳоятон шавад!

Ман ному насаби шумо қотилонро як ба як медонам. Мисли ман ба зиёрати қабри фарзандҳо равед, бефарзанд шавед!

Онҳое, ки дар Бадахшон Худоро, мусалмон буданро фаромӯш карда, се шаҳидро дар он дунё ором намегузоранд ва тӯҳмат карда истодаанд, аз Бадахшон мурдаашонро баранд!

7 тири писари шаҳидам бар дил, бар чашм ва бар ҷигари шумо ва фарзандҳои шумо расад!

Маоши гирифтаатон заҳри хонаводаҳоятон шавад!

Фарзандҳои шумо мисли Алияҷон (фарзанди Гулбиддин) бепадар шаванд, занонатон мисли Фарзона (ҳамсари Гулбиддин) бе тақдир ва мисли ман сиёҳпӯш шаванд!

Обҳои хӯрдаи Роштқалъаю Хоруғ заҳратон шавад!

Мисли ман баччаҳоятонро дар назди хонаҳоятон ваҳшиёна бикушанд!

Худо як-як ҷазои шуморо медиҳад, агар мусалмон бошед, омин!

Дуои ман, силоҳи ман.

Абдулмӯъминова Певиста”

Табрики модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков ба муносибати Иди саъиди Рамазон ва дуои вай алайҳи қотилони писараш: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: