Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ бо баёни ин ки мақомоти кунунӣ ба ҳар кас, ки мардум дил баст, рашк мебаранд ва аз чаҳор тараф бар ӯ тӯҳмат меборонанд, хотирнишон кардааст: “Амриддин Аловатшоевро барои он зиндон карданд, ки дигар помириҳо гап назананд ва ба ҳар каломи ҳукумат “лабайк” гӯянд.”
Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“18 сол зиндон кардани Амриддин Аловатшоев маро ҳайрон накард, чунки дар Тоҷикистон:
— ҳар кас ба қадри виҷдони худ паси панҷара меравад;
— ҳар кас занҷири ғуломиро ба гардан нагирифт, гирифтор мегардад;
— ҳар кас барои озодӣ садо баланд кард, маҳрум мемонад;

— ҳар киро таҳқир ба қонун парешонҳол кард, ҷинояткор эълон мекунанд;
— ҳар ки ба сарҳӯйии мансабдорон хӯ накард, бегона месозанд;
— ҳар ки ин Мизонаботовҳоро, Арабзодаҳоро, хоҷа нагирифт, фурӯхташуда эълон мешавад;
— ҳар касро ба ҷуз ин “чиновник”-ҳои “чекист” мардум дӯст дошт, мечаспанду мегазанду мешикананд;
— инҳо ба ҳар кас, ки мардум дил баст, рашк мебаранд, аз чаҳор тараф бар ӯ тӯҳмат меборанд.
Амриддин Аловатшоевро барои он зиндон карданд, ки дигар помириҳо гап назананд, дигар ба ҳар каломи ҳукумат “лабайк” гӯянд.
Манғитҳо Восеъро пеши чашми мардум дар Шаҳрисабз овехтанд ва Усмони Раштиро сар шикастанд.
Инҳоро ҳукуматҳои истибдодӣ барои ҳарос афкандан ба дили дигарандешону озодагон мекард.
Ҳукуматҳо намои ғурури мардумро мешикастанд, то садоҳо ба дарун раванд.
Замона дигар шуду зулми манғит аз ин ҳукуматҳо нарафт.
Ҳарос афкандан ягона роҳи давлатдории онҳост.
Аммо…
Акнун вақти гап омад ва бештар аз он…
Забон оҳиста-оҳиста “камон” мегардад…”
Добавить комментарий