Абдусаттор Бобоев: “Бешак дуои мазлум мақбули даргоҳи Ҳақ аст!”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷкистон (КШНГЗС), бо арзи таслияти даргузашти писари Исмоил Муҳаммадзоир, абераи Эмомалӣ Раҳмон, бо таъкид бар ин ки “бешак дуои мазлум мақбули даргоҳи Ҳақ аст!”, хотирнишон карда: “Чанд рӯз қабл модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, Певистамоҳ Абдулмӯъминова, дар номаи табрикиаш ба муносибати Иди саъиди Фитр, алайҳи қотилони фарзандаш, Гулбиддин дуо кард ва аз Худо хост, он мусибатеро, ки ба сараш оварданд ва нури чашмашро ваҳшиёна ба шаҳодат расонданд, гиребонгири он қотилон намояд ва ба бадтарин мусибат гирифторашон созад ва онҳо низ мисли ин модар ба мусибати фарзандонашон сиёҳпӯш шаванд.”

Ба гузориши сайти “Бомдод”, Иброҳимҷон, абераи хурдсоли Эмомалӣ Раҳмон, дар моҳи Рамазон вафот кардааст. Исмоили Муҳаммадзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифааш дар Инстаграм хабар додааст, ки дар моҳи мубораки Рамазон фарзандаш Иброҳимҷон ба раҳмати Ҳақ пайваст. Вай навишта: “Ҳар мусибате, ки ба сари инсон меояд, бо амри Аллоҳи Қодиру Тавоност ва мо бояд ба ҳамаи ин шукргузор бошем. Аз ҷумла фарзанд амонат аз ҷониби Аллоҳ аст. Ба атояш шукрона мекунам ва ба гирифтанаш сабру шикебоӣ. ИншоАллоҳ, умед дорем, ки ҷигарбандам Иброҳимҷон дар рӯзи қиёмат шафоаткунандаи мо хоҳад шуд. Дидор то қиёмат, бачаҷон!

Абдусаттор Бобоев дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, зимни таслияти даргузашти ин тифли маъсум, гуфтааст: “Албатта, ҳеч кас ҳамчун инсон, дар рӯзи мусибати як инсон агарчӣ душманаш бошад, ҳаққи хурсандӣ кардан надорад, мо ҳам хурсанд нестем ва барояш даргузашти он кӯдаки маъсумро таслият арз мекунем.”

Вай дар идома, ояте аз Қуръони Карим оварда ва хотирнишон кардааст: “Аммо набояд фаромӯш кард, ки Худованд дар Қуръони Азим фармудааст, ки:

وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ ۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ

Ҳар гоҳ бандагони ман аз ту дар бораи ман бипурсанд, (пас, ба онҳо бигӯ, ки) ман наздикам ва дуои дуокунандаро (вақте, ки дасти дуо ва тазаррӯъ ба сӯи ман боло кунад,) иҷобаташ мекунам. (Пас, эй Муҳаммад! Бигӯ ба умматон, ки) даъвати маро бипазиранд ва ба ман имон биёваранд…” (Сураи Бақара, ояти 186)”

Бобоев афзуда: “Чанд рӯз қабл модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, Певистамоҳ Абдулмӯъминова, дар номаи табрикиаш ба муносибати Иди саъиди Фитр, алайҳи қотилони фарзандаш, Гулбиддин дуо кард ва аз Худо хост, он мусибатеро, ки ба сараш оварданд ва нури чашмашро ваҳшиёна ба шаҳодат расонданд, гиребонгири он қотилон намояд ва ба бадтарин мусибат гирифторашон созад ва онҳо низ мисли ин модар ба мусибати фарзандонашон сиёҳпӯш шаванд.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷкистон (КШНГЗС)

Раиси КШНГЗС дар идома ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с)-ро ёдовар шудааст, ки:

اتَّقِ دَعوةَ المظلومِ؛ فإنَّهُ ليسَ بينَها وبينَ اللَّهِ حجابٌ

Аз дуои мазлум бипарзеҳ, ки байни ӯ ва Худо ҳеч пардае нест.” (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳ)

Абдусаттор Бобоев афзудааст: “Бешак, раисиҷумҳур Раҳмон ва давру бариҳо ва қотилоне, ки дар атрофаш ҷамъ шудаанд ва мардуми бегуноҳро шиканҷа карда, ба қатл мерасонанд, ҳеч гоҳ аз дуои ин модар, модари Абдураҳмон-09 ва дигар модарони мазлум, дар амон нестанд ва аз ҷониби Худованд беҷазо намемонанд.”

Раиси КШНГЗС дар поёни ёддошти худ таъкид кардааст: “Хуб мешуд, ки режими имрӯзаи кишвар иштибоҳоти худро дарк мекард ва аз азият ва озори мардуми мазлуми кишвар даст мекашид, то дар дунё ва охират мавриди хашми Худованд қарор намегирифт.

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.”

Гуфтанист, дар остонаи Иди саъиди Фитр, Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, сокини Бадахшон, ки тавассути нерӯҳои амниятӣ ва интизомии режими Эмомалӣ Раҳмон ба таври бисёр ваҳшатноке ба қатл расидааст, дар номае, бо таъкид бар ин ки “силоҳи ман, дуои ман аст”, чанд дуо алайҳи котилони фарзандаш карда буд, аз ҷумла:

“Дар рӯзи шарифи Рамазон он қотилон сиёҳпӯш шаванд, ҳамроҳи фарзандони худ ҷавонмарг шаванд!

Кафани хунини се шаҳид насиби фарзандҳоятон шавад!

Ман ному насаби шумо қотилонро як ба як медонам. Мисли ман ба зиёрати қабри фарзандҳо равед, бефарзанд шавед!

Онҳое, ки дар Бадахшон Худоро, мусалмон буданро фаромӯш карда, се шаҳидро дар он дунё ором намегузоранд ва тӯҳмат карда истодаанд, аз Бадахшон мурдаашонро баранд!

7 тири писари шаҳидам бар дил, бар чашм ва бар ҷигари шумо ва фарзандҳои шумо расад!

Маоши гирифтаатон заҳри хонаводаҳоятон шавад!

Фарзандҳои шумо мисли Алияҷон (фарзанди Гулбиддин) бепадар шаванд, занонатон мисли Фарзона (ҳамсари Гулбиддин) бе тақдир ва мисли ман сиёҳпӯш шаванд!

Обҳои хӯрдаи Роштқалъаю Хоруғ заҳратон шавад!

Мисли ман баччаҳоятонро дар назди хонаҳоятон ваҳшиёна бикушанд!

Худо як-як ҷазои шуморо медиҳад, агар мусалмон бошед, омин!

Дуои ман, силоҳи ман.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: