Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармоянд:
اتَّقوا دعوةَ المظلومِ، وإن كان كافرًا، فإنه ليس دونها حجابٌ
“Аз дуои мазлум бипарҳезед (ки мабодо бар шумо дуо кунад), ҳарчанд кофир аст, зеро пеши роҳи ин дуо пардае вуҷуд надорад. (Яъне, байни дуои мазлум ва Худо парда ва ҳиҷобе нест, ки монеъ аз қабул шуданаш гардад, мусалламан дуои вай мустаҷоб мешавад).”
(“Ҷомеъус-саҳеҳ”, ривояти Анас ибни Молик (р))
Номаи Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков:
“Иди Наврӯз муборак, ҳукумати нав!
Ҳамаи онҳое, ки дар қатли писарам чун ҷосус иштирок доштанд, мисли ман сиёҳпӯш, ҷигарпора, заиф ва мотам насибашон шавад!
Аз парвардигор умед дорам, ки дари ғам ба рӯяшон кушода шавад, 7 тири ҷигарам насиби фарзандҳояшон гардад!
Рӯзи сиёҳи ман дар хонаҳошон макон гирад, ашки ғам аз чашмошон пок нашавад!
Худо ҷони фарзандонашонро бигираду мисли ман бисӯзанду биноланд!
Ин суханони табрикотии худро ҳар шому саҳар такрор мекунам.
Ин суханони модаре, ки дар ҳаққи фарзанди шаҳид сӯхта хокистар шуда истодааст.
Певиста”

Добавить комментарий