Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дар ду бахш аз ёддошт дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, дар бораи ҷузъиёти муҳокимаи Амриддин Аловатшоев навиштааст, ба ин тартиб:
(Бахши аввал)
Дар яке аз видеоҳо бо ширкати Амриддин Аловатшоев, ки тавассути кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон филмбардорӣ шудааст, ин варзишкор баъд аз боздошташ дар январи соли ҷорӣ гуфтааст, ки дар соли 2008 ба иттиҳоми авбошӣ маҳкум шуда ва ба муддати 2 сол то соли 2010 дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон даврони маҳкумияти худро сипарӣ кардааст.

Наздикони Амриддин Аловатшоев бисёр шигифтзада шуданд, ки чаро ин фаъоли иҷтимоӣ ба худ тӯҳмат задааст!
Воқеият ин аст, ки Амриддин Аловатшоев дар ноябри 2007 барои маросими хокспории модараш аз Маскав ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ се моҳ дар Помир монд ва дар аввалҳои соли 2008 ба шаҳри Душанбе омад. Дар пойтахт, ин варзишкор дар як низоъ ширкат кард ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд.
Бо ин ҳол, ду моҳ баъд, бегуноҳии Амриддин Аловатшоев собит шуда ва ӯ мустақиман аз додгоҳ озод шуд.
Дар соли 2008, Аловатшоев ду моҳро дар як боздоштгоҳ пеш аз муҳокима гузаронда ва маҳкум нашуда буд.
Ӯ билофосила ба Маскав парвоз кард; ҷойе, ки хонаводааш дар тамоми ин муддат зиндагӣ мекарданд. Вай аз соли 2008 то 2010 ба таври доим дар пойтахти Русия иқомат дошт. Ҳадди ақал даҳҳо нафар метавонанд инро таъйид кунанд.
Ин варзишкор ҳеч гоҳ ҳукми зиндонро, ки дар видео гуфтааст, адо накардааст.
Пас чаро Амриддин Аловатшоев ба худ тӯҳмат зада?
Ӯ дар он лаҳза дар чӣ вазъияте буд ва чаро мақомоти интизомӣ ин варзишкорро маҷбур ба эроди иттиҳомоти пуч ва воҳӣ кардаанд?
(Бахши дуввум)
Амриддин Аловатшоев фақат чанд соат пеш аз аввалин ва танҳо ҷаласаи муҳокимааш, бо он огоҳ шуд.
Бо исрори ӯ буд, ки вакили дифоъ ва бастагонаш иҷозаи ширкат дар муҳокимаи ӯро пайдо карданд.
Ин фаъоли иҷтимоӣ бар асоси панҷ моддаи Қонуни ҷазоии Тоҷикистон маҳкум шуд, аз ҷумла моддаи 307 (“Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта” бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет. Муҷозот аз 8 то 15 сол зиндон.)
Имрӯза ин модда роиҷтарин моддаи ҷиноӣ барои сокинони ВМКБ аст.
Нусхаи ҳукми Аловатшоев ҳанӯз на дар ихтиёри вакили дифоъаш қарор дода шудааст ва на дар ихтиёри наздикони ин варзишкор, бинобар ин наметавон чаҳор моддаи дигарро ном бурд.
Бар асоси тамоми ҷиноятҳое, ки Аловатшоев ба онҳо муттаҳам шудааст, ӯ ба 60 сол зиндон таҳдид шудааст.
Дар ниҳоят айбдоркунандаи давлатӣ барои ин варзишкор 26 сол зиндон хост ва қозӣ (суд) ин фаъоли иҷтимоиро ба 18 сол зиндон маҳкум кард.
Равшан аст, ки тасмим дар мавриди муҷозоти вай ва шароити он аз сӯи қозӣ (суд) сурат нагирифта, балки “аз боло” гирифта шудааст.
Амриддин Аловатшоевро метавонистанд ба ҳабси тӯлонитаре маҳкум кунанд, аммо эътирози умумии бузургеро дар пай дошт, бинобар ин муддати ҳабси ӯро коҳиш доданд.
Бе ягон шакку тардид, Амриддин Аловатшоев як зиндонии сиёсӣ аст, ки ба далели мавзеъи шаҳрвандии вай ин балоро ба сараш овардаанд.
Маҳкум кардани ин варзишкор, бешубҳа намоиши қудрат аз сӯи мақомот аст.
Ин як муҷозоти намоишӣ барои ҳар касест, ки ҷуръати интиқод аз мақомот ва нерӯҳои амниятиро дошта бошад.
Добавить комментарий