Шоҳнаими Карим, фаъоли сиёсӣ, узви Шӯрои ПМТ ва муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, таъкид кард: “Асомуддин як ҷавони хоксор, ҳалим ва меҳнаткаш аст ва ба ҳадде меҳрубон аст, ки ҳамаи мардум дӯсташ медоштанд ва ба қавле, ӯ мӯрчаро озор намедод.
Вай дар ёддоште бо унвони “Қорӣ Бабо; ҷавоне, ки бо ин исм мешинохтандаш”, зимни шарҳи ҳоли кӯтоҳе аз зиндонии сиёсӣ, Асомуддин Абдураҳмонов, гуфтааст: “Абдураҳмонов Асомуддин машҳур ба “Қорӣ Бабо”, соли 1977 дар деҳаи собиқ “Сотсиализм”-и колхози Москваи ноҳияи “Куйбешев” (ҳозира деҳаи Хоҷамастон)-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст.”
Шоҳнаими Карим дар идома, бо ишора ин ки чаро ба Асомуддин “Қорӣ Бабо” мегуфтанд, навиштааст: “Асомуддинро ба ин хотир “Қорӣ Бабо” ном мебурданд, ки бобокалонаш Асомуддин ном дошт ва дар забони яздғуломӣ боборо Бабо мегӯяд. Падари Асомуддин, Соатмурод, ба хотири эҳтироми бобои Асомуддин, ӯро “Бабо” хитоб мекард.”
Вай дар идома, бо баёни ин ки бо ин хонаводаи гиромӣ аз наздик шиносоӣ дошт ва онҳо аз як қавм буданд, ёдовар шудааст: “Гузаштагони Асомудин дар солҳои 1950-и асри гузашта аз минтақаи Яздғуломи ноҳияи Ванҷ мисли дигар мардуми кӯҳистон ба водии Вахш муҳоҷир шуда, он “ҷазирача”-ро обод карданд.”

Ин узви баландпояи ПМТ дар идома хотирнишон кардааст: “Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз наздикони ин хонавода 16 нафар бо шумули падари Асомуддин, Соатмурод ва бародаронаш, Мирзо ва Сафар Абдураҳмоновҳо тавасути Хӯҷа Каримови хунхор ба шаҳодат расиданд.”
Вай афзудааст: “Асомуддин узви фаъоли ҲНИТ буд. Дар солҳои 2010 ва 2015 ду давра дар ноҳияи Аабдураҳмони Ҷомӣ вакили ноҳиявии интихоб шуда буд. Дар ин ноҳия аввал муовини раиси шӯъбаи ҲНИТ ва баъдан ба унвони раиси шӯъба фаъолият мекард. Солҳои охир дар шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар вилояти Хатлон муовини раиси шӯъба ва аз моҳи марти соли 2015 то баста шудани фаъолияти ҲНИТ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон буд.”
Муовини раиси ҲНИТ бо ишора ба ин ки Асомуддин “дар пайи иттиҳомоти режими кишвар, моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуд”, навишта: “Асомуддин як ҷавони хоксор, ҳалим ва меҳнаткаш аст ва ба ҳадде меҳрубон аст, ки ҳамаи мардум дӯсташ медоштанд ва ба қавле, ӯ мӯрчаро озор намедод. Вале ин ҳукумати золим, ки аз рӯзи бунёдаш мардумозор, модарозор, кӯдакозор ва муйсафедозор аст, Ассомуддин ҳам аз зулми инҳо дар амон намонд.”
Шоҳнаими Карим дар поён бо баёни ин ки Асомуддин оиладор ва соҳиби 5 фарзанди хурдсол мебошад, ташаккури худро аз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониени сиёсии Тоҷикистон ба хотири зинда нигоҳ доштани “ёди шаҳидон ва хотири зиндониёни сиёсӣ”, аз даргоҳи Худои Маннон шикасти золимон ва озодии зиндониёни мазлуми бегуноҳро хостааст.
#Ҳафтаи_Асомуддин_Абдураҳмонов
#Озодӣ_ба_Асомуддин_Абдураҳмонов
#Свободу_Асомуддину_Абдурахмонову
#Free_Asomuddin_Abdurahmonov
Добавить комментарий