Озодае, ки мехост ба ҷойи Зайд Саидов зиндонӣ шавад

Ба муносибати Ҳафтаи Абдураҳим Восиев

Зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиев дар 21 майи соли 1987 дар кӯчаи Наврӯз, шумораи 41-и “Гузари боло”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон зода шудааст. Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи шумораи 1-и зодгоҳаш фаро гирифтааст. Абдураҳим аз соли 2002 то соли 2007 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи рӯзноманигорӣ ва ҳамчунин аз соли 2007 то соли 2012 дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи “Имоми Аъзам” таҳсил карда ва дорои маълумоти олӣ гардидааст.

“Омодаам ба ҷойи Зайд Саидов зиндонӣ шавам, то ӯ озод бошад”

Номи Абдураҳим Восиев нахустин бор дар соли 2013 расонаӣ ва сипас мавриди фишор ва пурсуҷӯи мақомоти қудратӣ қарор гирифт. Вай дар ин сол бо нашри як номаи саркушода, ки дар нашрияи “Нигоҳ” чоп шуда буд, ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки омодааст ба ҷойи соҳибкори шинохта, Зайд Саидов ба зиндон биншинад ва дар иваз, ”Зайд Саидовро озод кунанд, то ба хидматаш ба мардум идома диҳад”.

Абдураҳим Восиев дар ҳамон таърих дар гуфтугӯ бо хабарнигори Tojnews, Ҳарамгули Қодир, бо баёни ин ки мақомоти корҳои дохилӣ аз ӯ даъват намуда баёнот гирифтанд, тасреҳ кард, ки мақомот ба ӯ гуфтанд, “бо супориши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бояд ба чанд суоли мо ҷавоб диҳӣ. Чаро писарони Ғаффор Мирзоев ё Зайд Саидов ҳозир нестанд барои падарашон зиндонӣ шаванд, аммо ту барои як марди бегона омода ҳастӣ, ки зиндонӣ шавӣ?

Бино бар ин гузориш, Абдураҳим Восиев дар посухи онҳо гуфтааст: “Ман Зайд Саидовро ҳамчун инсони хуб медонам ва бовар намекунам, ки гуноҳҳои эълонкардаро содир карда бошад… Аз ман дар бораи ҳамин чизҳо баёнот гирифтанд. Гуфтам, ки ман муаллифи мактуби кушода ҳастам, ки дар шумораи ахири ҳафтаномаи “Нигоҳ” нашр шуд. Навиштам, ки Зайдро зиндонӣ карда ба кишвар ва садҳо нафар зарар мерасонед. Гуфтам, ки беҳтараш маро зиндонӣ кунед, ба ҷомеа фоидаи камтар меорам. Ба зиндонӣ карданаш ҳоҷат нест, бигузор зарарҳои молиявро барқарор кунад, аммо раҳояш кунед.”

Ҳамчунин дар ҳамон таърих, Абдураҳим Восиев дар гуфтугӯ бо хабарнигор, Фаридун Раҳнавард, аз ҷумла гуфта буд: “Вақте шумо розӣ мешавед, ки ба ҷойи касе зиндонӣ шуда, тамоми ҷиноятҳои ӯро ба гардан гиред, ман фикр мекунам, дар назари кормандони мақомот шумо низ ба ҷинояткор табдил меёбед. Манзурам аз ин ки гуфтам, омодаам ба ҷойи Зайд Саидов зиндонӣ шавам, то ӯ озод бошад, ин нест, ки мо худро ба зиндон кашиданӣ ҳастем. Ман гуфтанӣ будам, ки бас аст аз шахсиятҳое мисли Зайд Саидов, аз бузургони ин миллат ҷинояткор тарошидан.”

Абдураҳим Восиев бо дархости Тоҷикистон дар Русия дастгир мешавад

Абдураҳим Восиев узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ба раҳбарии Мақсуд Иброҳимов (ки ҳаминак дар Тоҷикистон дар зиндон ба сар мебарад) буд.

Бино бар гузориши сомонаи “Ахбор”, Абдураҳим Восиев дар 12 ноябри соли 2014 бо дархости мақомоти Душанбе дар Маскав дастгир шуда буд. Ӯ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ (“Ифротгароӣ ва даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ”) иттиҳом шуда буд.

Дар гузорише дар таърихи 27 январи соли 2015 дар Радиои Озодӣ омадааст, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудани чанд нафар аз тарафдорони “Гурӯҳи 24”-ро таъйид карданд ва низ аз дархости худ аз мақомоти Русия мабнӣ бар боздошт кардани чанд узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” парда бардоштанд.

Бино бар ҳамин гузориш, наздикони Абдураҳим Восиев дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдураҳим беш аз 2 моҳ боз дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш ба Душанбест. Ӯ дар СИЗО №4-и шаҳри Маскав нигоҳ дошта мешуд.

Дар ҳамон таърих, созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” баёнияе содир карда, гуфт, 10 нафар аъзои ин созмон боздошт ва чанд нафари дигар бедарак шудаанд, ки аз тақдири онҳо касе чизе намедонад аз ҷумла раҳбари созмон, Мақсуд Иброҳимов, ки рӯзи 20 январ (-и 2015) ба таври мармуз аз Маскав рабуда ва ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Дар баёнияи созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” омадааст: “Созмон рӯйхати ин ҷавонони боздоштшударо дар ихтиёри созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегузорад, онҳо барои фаъолиятҳои сиёсиашон дастгир шудаанд. Ин баччаҳо танҳо барои он ба ифротгароӣ айбдор мешаванд, ки барои Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш зиндагии беҳтаре аз тариқи ислоҳотро мехостанд. Онҳо ба ҳимояти ҷамъиятию ҳуқуқӣ ва дигар шакли пуштибонӣ эҳтиёҷ доранд. Онҳо ба якдилии шаҳрвандӣ, ҳимоят ва шафқат ниёз доранд.”

Абдураҳим Восиев худро гунаҳкор намешуморад

Бар пояи гузориши Радиои Озодӣ дар таърихи 17 августи соли 2015, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз Русия дархости истирдоди 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла Абдураҳим Восиевро кард, ки дар ин кишвар боздошт шуда буданд. Аммо Восиев, ки бо як нома ба додситонии Русия муроҷиат карда буд, худро гунаҳгор намеҳисобад.

Озод шудани Абдураҳим Восиев

Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ дар таърихи 16 ноябри 2015, Абдураҳим Восиев баъди як соли боздошт, аз боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами чоруми шаҳри Маскав озод шудааст.

Бино бар ин гузориш, Илларион Василев, вакили мудофеъи Абдураҳим Восиев ба Радиои Озодӣ гуфт, қонунгузориии Русия барои дар боздошт нигоҳ доштани афроди таҳти ҷустуҷӯ ҳадди аксар 12 моҳро пешбинӣ кардааст ва азбаски муваккили ӯ алакай як соли дуруст дар боздоштгоҳ қарор дошт, ӯро рӯзи 12 ноябр раҳо карданд: “Барои ин ҳатто ҳукми додгоҳ содир нашуд. Ӯро бо қарори додситонӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ озод карданд.”

Илларион Василев гуфт, раҳоӣ аз боздошт ҳанӯз ба маънои озодии комили Восиев нест, чунки парвандаи истирдоди ӯ ҳамоно дар дасти баррасӣ қарор дорад: ”Ҳанӯз қароре дар ин маврид ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунанд ё на, қабул нашудааст. Баррасии парвандаи истирдоди Абдураҳим Восиев идома хоҳад ёфт. Фақат инки ӯ ҳоло дар боздошт нест.”

Илларион Василев, ки аз ҳуқуқи 3 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” аз ҷумла Абдураҳим Восиев ҳимоят мекард, гуфт, ин ҷавонон бо далоили сиёсӣ мавриди таъқиб қарор гирифтаанд: ”Инҳо ҳамин қадар кор кардаанд, ки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро таъсис дода, зери асноди таъсиси ин созмон имзо гузоштаанд ва барои сабти ном ба вазорати адлияи Русия супурдаанд.”

Абдураҳим Восиев сипас хост ба ягон кишвари Аврупо паноҳ бибарад, вале дар баҳори соли 2016 ӯро дар марзи вилояти Брянск бо Беларус бо иттиҳоми тақаллуби аснод боздошт карданд.

Сӯҳбати Абдураҳим Восиев ба модараш

Дар октябри соли 2016 сӯҳбати телефонии Абдураҳим Восиев бо модараш дар шабакаи иҷтимоӣ расонаӣ шуд, ки ба шарҳи зерин аст:

Абдураҳим Восиев: Асалому Алайкум Модарҷони Азиз! Нороҳат набош! Чӣ ғам мехурӣ? О ман на дуздӣ кардам, на одамкушӣ ва на ба номусу нанги зан ва ё духтари касе таҷовуз кардаам. Чӣ нороҳатӣ модарҷон?

Модари Абдураҳим Восиев: Эй кош ҷавони таҷовузкоре мебудию мисли дигарон дар ватан назди мо волидону пайвандон!

Абдураҳим Восиев: Илтимос ғам махӯр! Ман гуноҳе накардам, то аз касе бахшиш пурсам ва ё изҳори шармандагӣ кунам. Модарҷонам! Хуб медонед, ман дар зиндагиям агар чанде ки ба касе натавониста бошам кӯмак карда, шукронаи Аллоҳи меҳрубон ба касе бадиям нарасидааст. Инчунин бадии касеро намехоҳам. Муҳим пеши имону виҷдон, номусу нангам ва аз ҳама болотар, назди Аллоҳи меҳрубон покам. То замоне, ки дар ватан будам, бо ҳукумат ва шахсиятҳои кишвар мушкили ҷавонон ва дарди ватанро гуфтам… Онҳое, ки Худро роҳбару пешво ва падари миллат меҳисобанд бидонад, ки вақте фарзанд хато мекунад, дасташро гирифта хатояшро ислоҳ мекунанду ба роҳи рост роҳнамоӣ, на ин ки бадному бадгуӣ кунанд нисбаташ. Мо беҳтараш ятим бошем аз оне, ки чунин роҳбар, пешво ва падари миллат доштан. Онҳоянд хатокардаҳо, ки ҷавононро ба ин ҳол оварданд.

Модарҷонам! Баъди ин зиндонӣ шавам ва ё кушта ё мисли Эҳсон Одинаев (Сарафрози Оламафруз) нопадид! Инро Бидонед! Ман намехоҳам боз оби дидаи як миллат бари рӯяш гардад! Имрӯз моро ба хотири хайри дунё ва охирати миллатро хостан, ҷинояткор меҳисобанд. Магар фаромӯш карданд, ки худ барои расидан ба қудрату мансаб, чӣ қадар хиёнатро болои ин миллат оварданд?

Хуллас, гуфтаниҳо зиёд аст, вале вақт кам. Маро бубахшед, зеро бароям ашкҳои қиматтар зи ҷонамро резондӣ. Бидонед! Ман ин ҳамаро ба он хотир тоқат ва таҳаммул кардам, ки оби дидаи як миллат нарезад. Умедворам Аллоҳи меҳрубон низ маро бубахшад! Худованди Нуҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва Муҳаммад (САВ).”

Русия Абдураҳим Восиевро ба Тоҷикистон месупурад

Бино бар гузориши сомонаи “Ахбор”, мақомоти Русия дар таърихи 16 январи соли 2017 Абдураҳим Восиевро ба ҷониби Тоҷикистон супурд. Шарикони Абдураҳим Восиев дар боздоштгоҳи Брянск гуфтанд, ки Абдураҳим Восиевро шаб аз боздоштгоҳ бурданд. Абдураҳим Восиев тавонист аз тариқи телефон хабар бидиҳад, ки ӯро аллакай ба ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” савор кардаанд. Ӯ дар ин сӯҳбат мегӯяд, ки маъмурони пулиси Русия ӯро кулӯлапеч карда, овардаанд.

Бино бар гузориши сомонаи “Ислоҳ”, як маҳбуси собиқи маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе хабар дод, ки Абдураҳим Восиев дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба гуфтаи ин маҳбуси собиқ, Абдураҳим Восиев ҳоло дар маҳбаси рақами як адои ҳукм мекунад.

Бар асоси ин гузориш, Абдураҳими Восеъро баъди истирдодаш аз Русия дар таърихи 16 январи соли 2017, тақрибан 6 моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта, дар поёни моҳи майи соли 2017 бар асоси моддаҳои 307 (“Даъвати оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ”), 187 (“Ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ”), 189 (“Барангехтани кинаву адоват”) ва боз се моддаи дигари Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба 23 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия хостори озодии Абдураҳим Восиев шуд

Бино бар гузорише дар 14 апрели соли 2018 дар сайти “Паём”, ду созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, зимни талаб аз Туркия мабнӣ бар адами таслими роҳбарони “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов ба мақомоти Тоҷикистон, истирдоди Абдураҳим Восиев аз Русия ба Тоҷикистон ва ба 23 сол маҳкум шудани ӯро ёдовар шуда, гуфтанд, ки дар сурати ихроҷи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов, онҳоро сарнавишти Абдураҳим Восиев таҳдид мекунад.

Дар баёнияи ин ду созмон гуфта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон барои ба ватан овардани фаъолони мухолифин дар Русия, Туркия, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва кишварҳои дигар маъракаи густардаи таъқибу боздоштро роҳандозӣ кардаанд.

#Ҳафтаи_Абдураҳим_Восиев

#Озодӣ_ба_Абдураҳим_Восиев

#Свободу_Абдурахиму_Восиеву

#Free_Abdurahim_Vosiev

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: