Бародари Абдураҳим Восиев хостори дахолати СММ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар барои озодии бародараш шуд

Абдухалил Восиев, бародари зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиев, аз СММ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тақозои кӯмак барои озодии бародарашро кардааст. Вай зимни изҳори сипос аз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба хотири “иқдоми некашон, ки раҳоии Абдураҳим Восиеви фаромӯшшударо аз режими диктотурӣ талаб доранд”, хоҳиш намудааст, ки дархости ӯро ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар муассисаҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бирасонад.

Вай дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, зимни шарҳи ҳоли кӯтоҳе аз бародари худ, бо баёни ин ки Абдураҳим Восиев зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, маълумоташ олӣ, рӯзноманигор ва як донишманди ҳавзаи дини ислом ба шумор меравад, хотирнишон кардааст, Абдураҳим “ҷавони огоҳу бедор ва донишманди асил аст. Вай баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар саффи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб, дар хатти дифоъи сарҳад, 1 сол хидмати Модар-Ватанро адо намудааст.”

Абдухалил Восиев

Бародари ин зиндонии сиёсӣ дар идома, баён доштааст, ки Абдураҳим вақте хост, дар Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони роҳбалад кор кунад, раиси вақти ин ниҳод, Сулаймон Давалатов, аз ӯ маблағи 60 ҳазор доллари амрикоиро ба унвони ришва талаб кард, аммо ба гуфтаи ӯ, “Абдураҳим Восиев, ки як ҷавони донишманду бохирад ва зидди пора додану вазифа харидан буд, розӣ нашуд.”

Вай дар идома ёдовар шудааст, дар соли 2013 вақте режими Эмомалӣ Раҳмон Зайд Саид, вазири вақти саноати Тоҷикистонро ба хотири таъсиси “Ҳизби Тоҷикистони нав” бо иттиҳомҳои дурӯғ ба 28 сол равонаи зиндон намуд, “Абдураҳим Восиев барои зиндонӣ шудани Зайд Саид, дар дохили кишвар эътироз ва норозигӣ намуд.”

Абдухалил Восиев бо баёни ин ки Абдураҳим дар ин хусус номаи саркушодае ба Эмомалӣ Раҳмон навишт, ки дар газетаи “Нигоҳ” нашр шуд, афзуд: “Дар номааш, аз Эмомалӣ Раҳмонов хост, то Зайд Саидро озод намояд. Зеро Зайд Саид ҳазорон одамро бо ҷойи кор таъмин ва барои пешравии Тоҷикистон саҳм гузоштааст.”

Вай идома додааст, ки Абдураҳим “дар номааш қайд намуда буд, ки ман, Абдураҳим Восиев омодаам, ба ҷойи Зайд Саидов ба зиндон биншинам, вале Зайд ҳамчун нафаре, ки ҳазорон нафаро бо ҷойи кор таъмин намудааст, ӯро озод намоед.”

Бародари ин зиндонии сиёсӣ афзудааст, баъд аз нашри ин нома, “Абдураҳим Восиевро ба шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи ноҳияи Қубодиён даъват намуда, ӯро боздошт карданд. Сипас, телефон ва компютери Абдураҳимро гирифта, ӯро ба пуштибонӣ аз Зайд Саид муттаҳам карданд.”

Абдухалил Восиев дар идома ёдовар шудааст, ки сипас Абдураҳим маҷбур шуд, барои раҳоӣ аз дасти нерӯҳои интизомӣ ва гирифтани телефон ва компютераш, 500 доллар ба сардори милисаи ҳамон вақти ноҳия дода, худро халос кунад.

Абдухалил Восиев афзуда: “Ва пасон Абдураҳим ба Федератсияи Русия сафар мекунад. Ӯ дар шаҳри Маскав баъди 20 рӯз алайҳи ҳукумати диктотурии Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаҳои “Одноклассники”, “Фейсбук”, “Ютуб” ва канали “Зело” барономҳои интиқодӣ бар зидди Раҳмон нашр мекард.”

Вай дар идома ёдовар шудааст: “Баъд аз 3 моҳи муборизааш алайҳи зулми режими кунунӣ, бо дархости мақомоти Тоҷикистон ӯро боздошт намуда, дар Сизои шумораи 4 шаҳри Маскав ба муддати як сол бидуни ягон ҷинояте зиндониаш намуданд. Баъд як сол яъне соли 2014, ӯро аз зиндон озод намуданд.”

Бародари Абдураҳим Восиев дар идомаи ёддошти худ хотирнишон кардааст: “Сипас ӯ хост, тарки Русия кунад, вале мутаассифона дубора ӯро дар сарҳади Русия ва Украина боздошт намуда, дар шаҳри Брянски Федератсияи Русия ба муддати 8 моҳ зиндонӣ карданд. Ва баъдан ӯро аз зиндон раҳо карданд.”

Абдухалил Восиев сипас баён доштааст, бародари ӯ “баъд аз раҳо шуданаш, бо вакили шинохтаи тоҷик, Иззат Амон якҷоя кор мекард. Дар соли 2017 баногоҳ ӯро мақомоти ҷинояткори Тоҷикистон бо ҳамоҳангии мақомоти Русия дуздида, ба Тоҷикистон бурданд ва дар Тоҷикистон ба муддати 23 сол ӯро аз озодӣ маҳрум намудаанд.”

Бародари зиндонии сиёсӣ дар идома бо таъкид бар ин ки имрӯз “модар, ҳамсар ва 3 фарзанди Абдураҳим дар хона бесарубон мондаанд ва шабу рӯз мунтазири озодии ӯ ҳастанд”, хитоб ба мақомоти тоҷик гуфтааст: “Канӣ инсоф, канӣ тавфиқу имон?! Наход барои интиқоди ҳукумат инсонро 23 сол аз озодӣ маҳрум кунед?! Худо он додсидону додрасро ба бадтарин бало гирифтор кунад! Зеро модари Абдураҳим шабу рӯз дар фироқи фарзанди бегуноҳаш месӯзад ва дар интизори раҳоияш лаҳзашуморӣ мекунад.”

Абдухалил Восиев дар идома, бо таъкид бар ин ки “воқеан Абдураҳим як шахсияти ҳақиқатхоҳу мубориз аст”, хотирнишон кардааст: “Ӯ дар солҳои карахтии ҷавонон яке аз бедоркунандагони миллати тоҷик буд. Ӯ ҳамроҳи Сӯҳроби Зафар, Мақсуд Иброҳим, Нуриддин Ризоӣ, дар шаҳрҳои Самара, Маскав, Екатеринбург барои даъвати ҷавонон бар зидди ҳукумати хонаводагии диктотур, Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои хешро гузоштааст.”

Бародари зиндонии сиёсӣ дар идома, бо баёни ин ки “вале мутаассифона ҷавонону муборизон дар ин муддати 5 соли дар зиндон буданаш, ӯро фаромӯш сохтаанд мисли ин ки чунин инсоне дар байнашон набуд”, таъкид кардааст: “Вале бо итминон мегӯям, ки ӯ марди мубориз ва ҳақгӯй аст. Умед аз Парвардигори оламиён дорам, ки ӯ ба зудӣ раҳо хоҳад шуд.”

Вай аз СММ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тақозои кӯмак барои озодии бародараш карда, навиштааст: “Ман бародари Абдураҳим Восиев, Абдухалил Восиев, аз Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми созмонҳои ҳуқуқи башар эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии Абдураҳимро, ки як зиндонии сиёсӣ аст ва бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара рафтааст, талаб намоянд.”

Абдухалил Восиев дар поён зимни изҳори сипос аз Кумитаи шаҳрванди наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба хотири “иқдоми некашон, ки раҳоии Абдураҳим Восиеви фаромӯшшударо аз режими диктотурӣ талаб доранд”, хоҳиш намудааст, ки дархости ӯро ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар муассисаҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бирасонад.

#Ҳафтаи_Абдураҳим_Восиев

#Озодӣ_ба_Абдураҳим_Восиев

#Свободу_Абдурахиму_Восиеву

#Free_Abdurahim_Vosiev

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: