Феҳристи шуҳадо, боздошт ва маҳкумшудагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Рӯзноманигор, Анора Саркорова дар ёддоште феҳристи шаҳидон, боздошт ва маҳкушудаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ёдовар шудааст.

Ёддошти ӯ ба шарҳи зерин аст:

“Беш аз 20 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳкум шудаанд. Онҳо ё дар ҳоли муҳокима ҳастанд ва ё дар интизори он. Ва он ҳам ба хотири ширкат дар тазоҳуроти мусолиматомез дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ дар ноябри соли гузашта ва муроҷиатҳои видеоӣ ба мақомоти Тоҷикистон бо дархости даст кашидани мақомот аз сиёсатҳои саркӯбгарона ва чораҳои муҷозотӣ.

Илова бар ин, тибқи иттилои манобеъи мухталиф, чандсад дархост аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ниҳодҳои интизомии Русия барои истирдоди шаҳрвандони тоҷик – зодагони ВМКБ, ки ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиатҳои видеоӣ кардаанд, ирсол шудааст.

Онҳо бо иттиҳомоти ҷиддӣ аз ҷумла ифротгароӣ ва даъват барои сарнагунии хушунатомези сохти конститутсионӣ рӯбарӯ буда ва маҳкумиятҳои тӯлонӣ ва зиндон шудан дар интизорашон аст.

Иттиҳомҳои задашуда ба ин фаъолон дорои ангезаи сиёсӣ буда ва сирфан ба хотири фаъолиятҳои машрӯъи сиёсӣ ва иҷтимоии онҳост.

Ҳадаф аз таъқиби ҷиноӣ нисбат ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарсондан ва маҷбур кардани онҳо барои қатъи фаъолият аст, ки ин нақзи сареҳи ҳаққи озодии баён ва баргузории гирдиҳамоиҳои мусолиматомез аст.

Чунин амали мақомот бо ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар мунофот дорад ва хилофи Қонуни асосии кишвар мебошад.

Инак, феҳристи кушташудагон, боздошт ва маҳкумшудагони ВМКБ дар 25 ноябри соли гузашта то ба имрӯз:

а) Аз шаҳри Хоруғ:

Афроди зерин дар ҳоли таъқибанд:

1) Ҷамшед Шабонов — (моддаҳои: 237 қисми 3; 328 қисми 1; 330 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

2) Ақназар Ақназаров — (моддаҳои: 237 қисми 3; 328 қисми 1; 330, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

3) Зикилобеков Сино — (моддаҳои: 237 қисми 3; 328 қисми 1; 330 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Боздошт ва маҳкумшудагон:

4) Содиқ Аҳмадбеков;

5) Шеров Манучеҳр – ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст (ба моддаҳои: 237 қисми 3; 330 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

6) Хуршедшо Султоншоев — ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда (ба моддаҳои: 237 қисми 3; 328 қисми 1; 330 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

7) Сайфулло Сайфуллоев;

8) Шодиҷон Фармонбеков — ба мӯҳлати 4 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуда;

9) Муслим Наврӯзов;

10) Чоршанбиев Чоршанбе — (ба моддаи 307 КҶ ҶТ);

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 80 сокини дигари Хоруғ дар ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор доранд.

в) Сокинони ноҳияи Роштқалъа:

Кушташудаҳо:

11) Зиёбеков Гулбиддин – с.т. 31.05.1992 (25 ноябри соли 2021 аз сӯи мақомоти қудратии Тоҷикистон дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа кушта шудааст);

12) Мародбеков Гулназар – с.т. 07.01.1977 (25.11.2021 аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳангоми пароканда кардани тазоҳуроти мусолиматомез дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст);

13) Тӯтишо Амиршоев – с.т. 1998 (25 ноябри соли 2021 аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳангоми пароканда кардани тазоҳуроти мусолиматомез дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст);

Боздошт ё маҳкумшудаҳо:

14) Хурамов Диловар – с.т. 1982;

15) Насриддинов Олим – с.т. 1985;

16) Лоиқназар Таваллоев – с.т. 27.04.1992;

17) Ҷалол Билолов – с.т. 1995;

18) Ғалчабеков Қурбоналӣ — с.т. 1970;

19) Аловатшоев Самад – с.т. 12.08.1983;

20) Акимбеков Хушдил – с.т. 05.04.1975;

21) Искандаршоев Мӯъминшо – с.т. 15.08.1982;

22) Аҳмадбеков Обод – с.т. 16.06.1989;

23) Нодилёбов Фаридун – с.т. 28.02.1989;

24) Амиршоев Тӯтиё – с.т. 1991;

25) Амриддин Аловатшоев — ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст (ба моддаҳои: 181 қисми 2; 182 қисми 3; 187; 189; 302 қисми 2).»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: