Рӯзноманигори тоҷик, Амруллоҳи Низом хотирнишон кард, ки Абдурраҳим Восиевро аз замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мешиносад. Ӯ ёдовар шудааст: “Агар рисолати як журналист бедор кардани ҳамнаслони худ ва ҷомеа бошад, агар рисолати як журналист пешниҳоди роҳҳои пешгирӣ аз вартаи ҳалокату фалокат бошад, агар рисолати як журналист мубориза бар зидди ноадолатиҳои синфи ҳукмрон алайҳи оммаи мардум дар ҷомеа бошад, агар рисолати як журналист расонидани ахбори беғараз бошад, пас бо шинохте, ки аз ӯ дорам, аз мани журналист камтар нест.” Вай таъкид кардааст, ки «Абдурраҳим Восиев ҳамчун як фаъоли сиёсӣ ва руҳонии кишвар ба маротиб зиёдтар аз хеле аз ба ном журналистони тоҷик барои бедории ҷомеа ва бахусус ҷавонии Тоҷикистон талош кардааст, бинобар ин ман ҳам ӯро тавре худаш мегуфт, бо ҳарфҳои калон ЖУРНАЛИСТ мегӯям.”
Ёддошти Амруллоҳи Низом ба шарҳи зерин аст:
“Абдурраҳим Восиевро аз замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мешиносам. Он замон мо дар факултаи Журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мехондему вай донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит буд.
Он замон мо ва аксари донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар Шаҳраки донишҷуён маъруф ба “ҷазира” таҳсил мекардем, намозҳои ҷумъа ва баъзеҳо панҷвақтаро ҳам дар масҷиди марказии пойтахт мехондем. Абдурраҳим Восиевро, ки яке аз фаъолони Донишкадаи исломӣ буд, (бинои Донишкадаи исломӣ ҳамшафати масҷиди марказии пойтахт ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб аст), зуд-зуд медидем.
Абдурраҳим Восиев аз ҳамон замони донишҷӯӣ бар иловаи дӯстдори илму маърифат як робитаи хубе ҳам бо аҳли илму адаб ва бахусус домуллоҳои муҳтарами ҷомеа дошт.

Вай мехост дар сафи рӯҳониёне, ки берун аз ҳавзаи тадрис дар Донишкадаи исломӣ ба даъвату таблиғи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва исломӣ машғул буданд, бошад, шояд ба ҳамин хотир буд, ки талош мекард дар маҳфилҳои онҳо низ ҳузур пайдо карда, аз файзи онҳо баҳраманд гардад.
Абдурраҳим Восиев дар ҳамон замони донишҷӯӣ дар воқеъ яке аз фаъолони ҳавзаи Донишкадаи исломӣ дар расонаҳо низ буд. Вай худро журналист ҳам мегуфт ва барои ин гапаш далел ҳам дошт. Ӯ дар радиои Тоҷикистон ровии яке аз барномаҳои маърифатӣ буд.
Агар хотираам фиреб надиҳад, соли 2007 Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як маҳфили бошукӯҳи ҷумҳуривӣ баргузор карда буд, ки аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намояндаҳои ҷавонон ҳузур доштанд, ман ва Абдурраҳим Восиев ҳам аз иштирокчиёни ин чорабинӣ будем.
Мо пеш аз ин маҳфил ҳам борҳо якдигарро дар чанд маҳфили дигар ҳам дида будем, вале дар ин маҳфил, вақти чошт, сари як пиёла чой аз наздик шинос шудем.
Абдурраҳим Восиев, ки он замон ровии яке аз барномаҳои маърифатӣ дар Радиои Тоҷикистон буд, худро журналист муаррифӣ намуда, пешниҳод карда буд, агар кумаке лозим бошад, дареғ намедорад. Ман ҳам, ки донишҷӯи соли чоруми Факултаи Журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам, кам наомада, ташаккур кардам ва аз ҷузваам дафтарчаи баҳоҳо, шаҳодатномаи узвият дар Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон (2007), шаҳодатномаи журналисти ифтихории яке аз маҷаллаҳои бачагонаи арабии Амороти Муттаҳидаи Араб (барои солҳои 2000-2005) ва шаҳодатномаи “Созмони рушди журналистони ҷавон”-ро, ки ба тозагӣ ҳамроҳи дӯстон дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном карда будем, бароварда нишон додам…
Вай аҳли мутолеъа ва китобхон буд. Хеле мехост ҳама ҳамнаслонаш афроди огоҳ ва аҳли мутолеъа ва пешрафт бошанд. Аз хислатҳои ҳамидаи инсониаш ин ҳам буд, ки худ илм меомӯхту мехост зуд донистаҳояшро ба дигарон низ тақсим кунад.
Абдурраҳим Восиев ҷавоне буд, ки ба назар мерасид дар Душанбеи бузург ҳамнишинони мехостаашро, ки ҳам аҳли илм бошанду ҳам аҳли фазл камтар пайдо мекард. Шояд ана ба ҳамин хотир буд, ки дар хеле аз маҳфилҳои илмиву адабӣ ва сиёсии пойтахт дида мешуд, ки дар канори яке аз бузургон истодааст ва аз файзи онҳо баҳра меҷӯяд.
Ахиран, яъне пас аз соли 2012 агар иштибоҳ накунам, пойтахти Тоҷикистон барояш “кӯчакӣ” карду ба Русия рафт. Онҷо бо шаҳид Умаралӣ Қувватов, раҳбари фақиди “Гурӯҳи 24” пайваст ва барои бедории ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таблиғ мекард.
Абдурраҳим Восиев нисбат ба Зайд Саидов, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав”-ро хеле зиёд эҳтироми зиёд дошт ва боре ҳам гуфта буд, омодааст рафта дар зиндон ба ҷои ӯ адои ҳукм кунад, вале мақомот бояд Зайд Саидовро озод кунанд. Гапе, ки шояд хеле кам аз наздиктарин афроди Зайд Саидов шунида бошем.
Агар рисолати як журналист бедор кардани ҳамнаслони худ ва ҷомеа бошад, агар рисолати як журналист пешниҳоди роҳҳои пешгирӣ аз вартаи ҳалокату фалокат бошад, агар рисолати як журналист мубориза бар зидди ноадолатиҳои синфи ҳукмрон алайҳи оммаи мардум дар ҷомеа бошад, агар рисолати як журналист расонидани ахбори беғараз бошад, пас бо шинохте, ки аз ӯ дорам, аз мани журналист камтар нест.
Абдурраҳим Восиев ҳамчун як фаъоли сиёсӣ ва рӯҳонии кишвар ба маротиб зиёдтар аз хеле аз ба ном журналистони тоҷик барои бедории ҷомеа ва бахусус ҷавонии Тоҷикистон талош кардааст, бинобар ин ман ҳам ӯро тавре худаш мегуфт, бо ҳарфҳои калон ЖУРНАЛИСТ мегӯям.”
#Ҳафтаи_Абдураҳим_Восиев
#Озодӣ_ба_Абдураҳим_Восиев
#Свободу_Абдурахиму_Восиеву
#Free_Abdurahim_Vosiev
Добавить комментарий