Танҳо “гуноҳаш” хидмат ба мардум ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо буд

Ин ҳафта аз сӯи дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба зиндонии сиёсӣ, Муҳаммадшарифи Набӣ ихтисос ёфтааст.

Набиев Муҳаммадшариф Маҳмадалиевич маъруф ба Муҳаммадшарифи Набӣ, фаъоли сиёсӣ, сиёсатмадор ва раиси шӯъбаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб, дар таърихи 9-уми сентябри соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб дар хонаводаи коргар зода шудааст.

Ӯ аз соли 1969 то 1979 дар мактаби миёнаи зодгоҳаш таҳсил ва аз соли 1980 то 1982 дар саффи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) хидмати ҳарбиро гузарондааст.

Муҳаммадшарифи Набӣ дар соли 1982 ба Техникуми политехникии ба номи Гагарин дохил шуда, соли 1986 онро бо ихтисоси муҳандиси техникаҳои роҳсозӣ хатм кардааст.

Вай аз соли 1986 дар Маркази савдои расонаӣ (МСР)-и №4 шаҳри Кӯлоб ба унвони ёрдамчии механик кору фаъолият дошт.

Сипас дар соли 1990 дар автобазаи мусофиркашонии №17 шаҳри Кӯлоб ба симати нозир машғул ба кор ва дар ин муассиса то соли 2000 дар вазифаҳои танзимгар ва баъдтар муҳандиси истифодабари автомобил кор кардааст.

Муҳаммадшарифи Набӣ аз соли 1999 узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мебошад.

Вай дар соли 2001 масъулияти раиси ташкилоти ибтидоиро ба ӯҳда дошт ва дар ҳамин сол ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардид. Ӯ дар соли 2004 дар конфронси таъсисии ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб раиси бахши шаҳрии ҲНИТ интихоб ва дар соли 2008 раиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб интихоб гардид. Дар ду конфронси баъдӣ низ, яъне дар соли 2010 ва 2012, ҳамҳизбиҳояш аз ин минтақа масъулияти мазкурро ба дӯшаш ниҳоданд.

Муҳаммадшарифи Набӣ то замони боздошт ва зиндонӣ шуданаш, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва узви Раёсати Олии ҲНИТ буд. Ӯ ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар риштаи риёзиёт ғоибона таҳсил мекард. Ӯ оиладор мебошад.

Таърихчаи ҲНИТ дар Кӯлоб аз забони Муҳаммадшарифи Набӣ

Муҳаммадшарифи Набӣ ба муносибати 40-солагии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар соли 2013, дар бораи таърихчаи ин ҳизб дар мусоҳиба бо Бобоҷони Қаюмзод, аз ҷумла гуфтаст:

“Солҳои ҳаштодуми асри гузашта (асри 20) аксарияти фаъолони Наҳзати вилояти Хатлон (Кӯлоб) дар шаҳри Кӯлоб кору зиндагӣ мекарданд. Дар ин минтақа фаъолияти Наҳзат он солҳо хеле назаррас буд ва чандин ҳалқаҳои дарсӣ вуҷуд доштанд. Ман фаъолияти онҳоро мушоҳида мекардам ва медонистам, ки воқеан онҳо аз дигарон фарқ мекунанд, вале аз ҳақиқати Наҳзат хабар надоштам. Медидам, ки ин гурӯҳ хеле муназзаманд ва ғояҳои исломиро таблиғ мекунанд ва ҳамчунин таълиму тарбияи исломии ҷавононро ҷиддӣ мегиранд.

Дар ибтидо фаъолияти онҳо пинҳонӣ буд, вале оҳиста-оҳиста ба баъзе афрод ошкоро сӯҳбат мекардагӣ шуданд. Мулло Абдурраҳим (Раҳим Каримов) низ дар ҳамин минтақа дарс медод ва аз ҳамин гурӯҳ буд. Ман шомили яке аз ин ҳалқаҳо шудам ва муддате дар радаҳои поёнии он таҳсил кардам ва ошноии ман бо Наҳзат аз ҳамин ҷо шурӯъ шуд.

Дар ин минтақа масҷиде буд ба номи “Масҷиди шайх Камол” ва бародарон аксари ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои худро дар ҳамин масҷид мегузаронданд ва ман ба ин масҷид зиёд рафту омад мекардам. Ҳатто замоне, ки воқеаҳои солҳои 1992 шурӯъ шуданд, нерӯҳои “Фронти халқӣ” мо, ҳашт нафарро аз дохили ҳамин масҷид дастгир карданд ва мо аз аввалин зиндониҳои минтақаи Кӯлоб будем.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва баргашти муҳоҷирин ба ватан ва дубора сабти ном шудани Наҳзат, бо ташаббуси Сайидумар Ҳусайнӣ ва Сайидиброҳими Назар нишастҳои машваратӣ дар мавриди таъсиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб доир мегашт ва ман ифтихор мекунам, ки ҷаласаҳои машваратӣ ва омодагӣ ба таъсиси шӯъба маҳз дар манзили мо сурат гирифт.

Бо сабабҳои гуногун бародарон то соли 2003 мушкилоти зиёдеро паси сар карданд, баъд аз он тавонистанд, шӯъбаро расман таъсис диҳанд, вале бо вуҷуди он Наҳзат фаъолият мекард. Аз ҳамон замон дигар ман ба фаъолияти расмӣ шурӯъ намудам ва дар зинаҳои гуногуни ҳизб кору фаъолият доштам. Замоне сарвари ташкилоти ибтидоӣ, сипас котиби шӯъбаи минтақавӣ, баъдан муовини раиси шӯъба ва инак сеюм давра аст, ки масъулияти шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб бар дӯши банда аст.”

Вай ҳамчунин гуфт: “Соли 1982 вақте аз аскарӣ баргаштам, таҳаввулоти ҷиддиеро дар фаъолияти бародарон мушоҳида намудам. Кӯчаи мо ба номи “Кӯчаи завод” машҳур аст ва ба ҳамагон маълум буд, ки тамоми фаъолони наҳзатии шаҳри Кӯлоб аз ҳамин ҷо буданд. Манзили бобои Файз ва бобои Рустам ва чанд манзили дигардам чун макони баргузории дарс ва ҳалқаҳо маъруф буд. Аксари ҷавонон ва бонувони он ҷо ба ҳар шакл дар яке аз ҳалқаҳо шомил буданд ва ман низ шомил шудам.

Соли 1982 ба Донишгоҳи политехникӣ дохил шудам ва баъди хатми он дар соли 1986 дигар куллан узви ҳамин ҳалқаҳои бародарон будам. Инро бори дигар қайд мекунам, ки ман он вақт намедонистам, ки онҳо аз Наҳзатанд, вале фаъолияти эшон барои ман хело писанд буд.”

Муҳаммадшарифи Набӣ бо ишора ба ҳаводиси солҳои навадуми асри 20-ум дар минтақаи Кӯлоб ва ҳиҷрат кардани бештари наҳзатиҳо ва ё зиндонӣ ва ё кушта шуданашон ба дасти “Фронти халқӣ”, гуфт: “Вақте даргириҳо оғоз ёфтанд, мушоҳида намудем, ки афроде мехоҳанд овозаҳо паҳн намоянд ва фитна эҷод кунанд. Мо як гурӯҳ ҷавонон ба ин қарор омадем, ки дар боғи “Пионерӣ”, ки дар шаҳри Кӯлоб аст, ҳарчи бештар ҷавононро ҷамъ намоем, то бо ҳам машварат кунем. Ҳадаф аз ин ҷамъомад он буд, ки мо ҷавонон чӣ гуна метавонем пеши роҳи баъзе ҳамсолонамонро бигирем, то аз гирифтани силоҳ ва вориди кашмакашҳо шудан худдорӣ намоянд. Дар шаҳри Кӯлоб яроқ тақсим мекарданд ва ҷавононро даъват менамуданд, ки мусаллаҳ шаванд. Мо талош намудем, ҷавононро бифаҳмонем, ки набояд ба ҳеч ваҷҳ даст ба силоҳ бизананд ва мо то ҷое муваффақ ҳам шудем.

Вале вақте мардуми минтақаи Кӯлоб аз майдони “Озодӣ” баргаштанд ва бо худ силоҳ оварданд, фазо куллан дигаргун шуд ва онҳо бо зӯри силоҳ зимоми умурро ба даст гирифтанд. Баъд аз он дастгиркунии наҳзатиҳо ва пайравони онҳо шурӯъ шуд ва минҷумла моро аз масҷид дастгир намуда, ба зиндони “Фронти халқӣ” бурданд. Зиндони онҳо дар Омӯзишгоҳи техникии рақами 38 буд. Ман дар он ҷо бисёр афродеро дидам, ки пеш бо ҳам ошно будем ва якҷо нону намак мехӯрдем ва онҳо маро хуб мешинохтанд. Ман бо эшон сӯҳбат намудам ва гуфтам, ки ин кор иштибоҳ аст ва суханони ман ба онҳо таъсир кард. Роҳбари ин штаб Лангарӣ Лангариев буд ва онҳое, ки маро мешинохтанд, ба назди Лангарӣ рафта, гуфтанд: “Набояд ҷавонони Кӯлоб кушта бишаванд”. Мо 24 соат дар онҷо будем ва котиби шӯъбаи вилоятии Наҳзат низ дар он ҷо зиндонӣ буд ва ман дар ҳамин вақт фаҳмидам, ки ҳизбе ба номи Наҳзат фаъолият доштааст. Фарзандони бобои Файз низ ҳамроҳи ман зиндонӣ буданд ва баъди 24 соат бо кӯмаки баъзе ҷавонони шаҳри Кӯлоб мо озод шудем, вале онҳо аз мо хоҳиш намуданд, ки дар кӯчаҳо нагардем ва бештар дар хонаҳои худ бимонем.”

Муҳаммадшарифи Набӣ бо ишора ба нақши Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим дар он айём гуфт: “Дар ёд дорам, ки баъди баргаштани онҳо (Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим аз майдони “Озодӣ”) моро озод карданд ва дар аввал вазъият дар Кӯлоб хеле ором шуд. Раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Хатлон (Кӯлоб) Муҳаммадлоиқи шаҳид ҷони худро ба хатар андохта, ба хотири ором намудани вазъият ҳамроҳи мардуми майдони “Озодӣ” ба шаҳри Кӯлоб омад.

Сангак, ки соҳиби як ошхона буд, баъди баргашт либосҳои низомиро аз тан бадар намуда, машғули кору зиндагӣ шуд ва бақия низ ба ҳаёти осоишта баргаштанд. Аммо дар шаҳри Кӯлоб зимоми умур аз дасти Сангаку дигарон рафта буд. Бинобар ин, Сангакро ба штаби “Фронти халқӣ”, ки дар масҷид буд, даъват намуданд ва тибқи шунидам, ӯро таҳдид намуданд, ки корро шурӯъ намудаӣ, бояд ба охир бирасонӣ.

Баъди ҳамин Сангак дубора вориди даргириҳо шуд ва ба тарафи Қӯрғонтеппа рафт ва дигар барнагашт ва ҳатто дар ҷанозаи ҷияни худ ширкат надошт. Мардуми Кӯлоб ҳаргиз намехостанд вориди даргирӣ бошанд, вале корро дигарон анҷом медоданд. Гумон мекунам, Сангак абзори дасти дигарон қарор гирифта буд ва корҳоеро, ки анҷом медод, аз тарафи дигарон барномарезӣ мешуд.

Тамоми равшанфикрон ва ҳатто гурӯҳҳои криминалии Кӯлоб оромиро мехостанд, вале аксарияти онҳоро бо ҳар роҳ аз саҳна дур намуданд, якеро тавассути дору ва дигареро террор карданд.”

Муҳаммадшарифи Набӣ дар идомаи мусоҳибаи худ, бо ишора ба вазъи наҳзатиён дар минтақаи Кӯлоб гуфт: “Вақте минтақа ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад ва мардуми он ба ислом алоқаманданд, ин теъдод хеле кам аст ва ба андешаи ман, ин сабабҳои худро дорад. Дар ин минтақа бо тафриқаандозӣ ва таблиғоти дурӯғин то андозае чеҳраи Наҳзатро доғдор намоиш додаанд. Ҳоло ҳам аз тарафи баъзеҳо чунин талошҳо сурат мегиранд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ телевизиони Кӯлоб бо таблиғоти зишту номатлуб дар қалби бисёре аз мардум ҳисси тарсу ҳарос барангехта, бадбинию нафрат нисбат ба Наҳзатро зиёд кардаанд.

Баъд аз он, мардум дарк карданд, ки ҳама суханон ва таблиғот алайҳи Наҳзат дурӯғ ва тӯҳмате беш набудааст. Имрӯз онҳо Наҳзатро аз наздик шинохтаанд ва бо он иртибот пайдо намуданд ва ман бовар дорам, ки дар оянда фаъолияти Наҳзат на танҳо дар минтақа, балки дар кулли кишвар беҳтар хоҳад шуд. Аз тарафи дигар, имрӯз агар аъзои мо ба се ҳазор расида бошад, бояд дониста бошем, ки инҳо танҳо аъзоёне мебошанд, ки бо ариза шомили ин ҳизб шудаанд, вале дар асл бештар аз ин шумора мебошанд.”

Вай бо ишора ба Протоколи маъруф ба 32/20 – ки фишори режими Эмомалӣ Раҳмон бар наҳзатиён бо қабули он шурӯъ шуда буд – гуфт: “Баъди Протоколи 32/20 фишорҳо барои ихроҷи баъзе аъзоҳо бештар ба назар мерасанд ва қариб тамоми ниҳодҳо дар ин самт бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Баъзеҳоро тавонистанд расман аз ҳизб берун намоянд, вале аз як тараф адади хеле кам аз ҳизб берун шуданд ва ҳатто онҳоеро, ки расман аз ҳизб берун намуданд, онҳо ҳамчунон аъзои содиқи наҳзат боқӣ мемонанд. Наҳзат бо фитрати мардум созгор аст ва дар қалби онҳо макони худро ёфтааст ва ҳатто бо фишор овардан агар мардум корти Наҳзатро супоранд ҳам, дар дили онҳо боқӣ мемонад.”

“Мақомот набояд ба эҳсосоти мардум бозӣ кунанд”

Муҳаммадшарифи Набӣ дар миёни ҳамҳизбиҳояш маъруф буд, аммо номаш дар охирҳои тобистон ва тирамоҳи соли 2010 сари забонҳо афтода ва бештар барои тоҷикистониён шинохта шуд. Дар ҳамин замон буд, ки фишори режими Эмомалӣ Раҳмон бар намодҳои исломӣ дар ҷомеа афзоиш ёфт.

Дар гузорише дар таърихи 15 сентябри 2010 дар Радиои Озодӣ омадааст, ки фишор болои хоҳарони ҳиҷобдор дар минтақаи Кӯлоб ба ҳадде расидааст, ки бахши ҲНИТ дар ин минтақа аз он изҳори нигаронӣ карданд. Бино бар ин гузориш, Маҳмадшариф Набиев, раиси ин ҳизб дар минтақа гуфт, пас аз сафари президенти кишвар ба минтақа дар охири моҳи августи соли 2010, дар мактабҳои ҳамагониву олӣ ва бозорҳои шаҳр бархе мансабдорон ба занону духтарон пӯшидани либоси исломиро мамнӯъ эълон кардаанд.

Вай гуфт, занону духтарони зиёде ба онҳо муроҷиат кардаанд, то аз онҳо барои пӯшидани чунин либос ҳимоя кунанд. Вай гуфт: “Президент ҳангоми сафараш ба навоҳии Кӯлоб гуфта буд, ки ҷавондухтарон либосҳои миллӣ ба бар кунанд. Мушаххас нагуфта буд, ки кадом либосҳо, вале бархе мансабдорон инро дигар хел фаҳмида, танҳо болои духтарони либоси исломӣ ба бар карда дар бозору мактабҳо фишор меоранд. Ҳоло фишори онҳо хеле зиёд шудааст”.

Бар асоси ин зузориш, бархе волидайни мактаббачагон дар Кӯлоб гуфтанд, ба фарзандонашон ҳушдор додаанд, ки дар сурати ба бар кардани либоси исломӣ онҳоро ҷарима интизор аст. Маҳмадшарифи Набӣ бо таъкид бар ин ки “масъулин набояд ба эҳсосоти мардум бозӣ кунанд”, гуфт: “Эҷоди чунин вазъият дастаке барои душманони миллат аст… Ман аз ниҳодҳои қудратӣ, аз ҳукуматҳои маҳаллӣ хоҳиш мекунам, ки дар чунин як вазъияти ҳасос чунин накунанд.”

Фишори дигар бар ҲНИТ дар Кӯлоб: партоби “тухми мурғу гавҷафарангӣ” ба худрави ҳомили Кабирӣ

Бар асоси гузориши 10 июни 2014, пас аз мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ бо ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб, ба сӯи худрави ӯ тухми мурғ ва гавҷафарангӣ (помидор) партоб шуда. Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ, ки Муҳиддин Кабириро дар сафар ба шаҳри Кӯлоб ҳамроҳӣ мекард, ба расонаҳо гуфт: “Дар ин ҳамла бархеҳо аз санг ҳам истифода карданд.” Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон чанд худрави бидуни пилоки шумораи давлатӣ дар масири ҳаракати худравҳои мутаъаллиқ ба ҲНИТ садди маснуъӣ эҷод кардаанд. Ӯ чунин иттифоқ бо раҳбари ҲНИТ-ро як амали “қаблан тарҳрезишудаи ниҳодҳои давлатии” Тоҷикистон унвон кард.

Тибқи ин гузориш, ба далели баста шудани дафтари маҳаллии ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб, мулоқоти оқои Кабирӣ бо ҷавонони ин минтақа дар манзили Муҳаммадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, анҷом шуд. Муҳаммадшариф Набиев гуфт, кормандони молиёт бо баҳонаи “дар ин ниҳод сабти ном нашудани бахши ҲНИТ” ба дари дафтари ҳизб қуфл задаанд.

Боздошт ва зиндонӣ кардани Муҳаммадшарифи Набӣ

Пас аз ҳодисаи сентябри 2015 ва манъ шудани фаъолияти ҲНИТ аз сӯи режими Раҳмон, кормандони КДАМ дар 16-уми сентябри соли 2015, 13 тан аз масъулони аршади ин ҳизб аз ҷумла Муҳаммадшарифи Набиро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо шаҳид генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъи Тоҷикистон, дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд; иттиҳоме, ки ҲНИТ ба шиддат онро рад мекунад.

Тибқи гузориши 11 майи 2016 дар Радиои Озодӣ, айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, барои Муҳаммадшарифи Набӣ зиндон ба муддати 16 солро тақозо намуд. Саранҷом, Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба муддати 14 сол равонаи зиндон кард.

Парвандаи Муҳаммадшарифи Набӣ ҳамроҳ бо бақияи роҳбарони зиндонишудаи ҲНИТ ба СММ супурда шуд

Freedom Now, созмони байналмилалии ҳимояти ҳуқуқи башар, дар таърихи 21 майи соли 2019, парвандаи 11 роҳбари зиндонии ҲНИТ аз ҷумла Муҳаммадшарифи Набиро ба Гурӯҳи кории оид ба боздоштҳои худсарона — ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) фиристод. Freedom Now боздошти ин сиёсатмадоронро ғайриқонунӣ ва ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номида, аз Созмони Милал хост, то аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии билофосила ва бидуни қайду шарти онҳоро талаб кунад.

Рӯйхати ба СММ супурдаи Freedom Now ин роҳбарони ҲНИТРО дарбар мегирад:

1) Саидумар Ҳусайнӣ;

2) Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад;

3) Раҳматуллоҳи Раҷаб;

4) Зубайдуллоҳи Розиқ;

5) Қиёмиддин Авазов;

6) Абдусамад Ғайратов;

7) Саъдиддини Рустам;

8) Воҳидхон Қосиддинов;

9) Муҳаммадшариф Набиев;

10) Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода;

11) Абдуқаҳҳори Давлат.

СММ хостори озодии 11 зиндонии узви ҲНИТ шуд

Тибқи гузориши расонаҳо дар таърихи 11 феврали 2020, Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) тасреҳ кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви ҲНИТ ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Гурӯҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ҳамаи 11 узви ҲНИТ-ро озод кунад.

Изҳороти ҲНИТ оиди талаби озодии 11 узви Раёсати ин ҳизб аз тарафи СММ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз талаби Созмони Милал дар бораи озодии 11 узви Раёсати ин ҳизб истиқбол намуда, онро як қадами мусбат дар ростои озодии зиндониён ва раҳоии мардуми кишвар аз истибдоду диктотурӣ донист.

Бар асоси баёнияи ҲНИТ дар ин хусус, Гурӯҳи кории СММ ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки фавран як гурӯҳи таҳқиқотӣ ташкил намуда, қазияи зиндонишудаҳоро баррасӣ намояд ва касонеро, ки дар зиндонӣ кардани онҳо даст доштанд, муҷозот намояд.

СММ: “Ҳукумати Тоҷикистон наҳзатиҳоро бар хилофи қонун ва ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон зиндонӣ кардааст”

Тибқи гузориши 13 феврали 2020 дар Радиои Озодӣ, Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар Созмони Милал баъд аз таҳқиқи парвандаи афроди боздоштшуда ба ин натиҷа расидааст, ки аъзои ҲНИТ “барои истифода аз ҳаққи худ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ” зиндонӣ шудаанд.

Карл Ҳарберт, намояндаи Freedom Now рӯзи 11-уми феврал дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Вашингтон гуфт, назари Созмони Милал собит кард, ки ҳадаф аз боздошту зиндонӣ кардани аъзои ҲНИТ, аз саҳна берун кардани мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон будааст.

Ӯ гуфт: “Назари Созмони Милал возеҳ нишон медиҳад, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои пайвастагиашон ба мухолифони сиёсӣ ҳадаф гирифта шудаанд. Боздошту зиндонӣ шудани онҳо барои истифодаи ҳаққи озодии баён ва гирдиҳамоӣ сурат гирифтааст ва ҳеҷ иртиботе ба иддаои ҳукумат надорад, ки гуфтааст, онҳо амалҳои хушунатборе анҷом додаанд.”

Ба ақидаи ҳуқуқшиносони Созмони Милал, боздошту муҳокимаи аъзои ҳизб бо қонуншиканиҳои зиёд ва бар хилофи меъёрҳои зиёди Эъломияи Байналмилалии Ҳуқуқи Башар ва Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Сиёсӣ ва Маданӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамин сабаб, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста шудааст, зиндониёнро фавран раҳо кунад ва ба онҳо ҷуброн бипардозад.

Оромиву дарандешӣ яке аз хислатҳои ӯ буд

Дар мақолае ба муносибати зодрӯзи Муҳаммадшарифи Набӣ дар сайти ҲНИТ омадааст:

“Акаи Муҳаммадшариф ҷавонмарде буд, ки маънои ҷавонмардӣ, садоқат ва устувориро хуб медонисту ба онҳо пойбанд буд. Ҳамеша дар фикри пешрафти кишвару беҳбуди зиндагии мардум буд.

Замоне, ки дар Кӯлоб сел омад ва ба мардуми ин шаҳр зарари калон расонид, ӯ аз аввалин касоне буд, ки ба кӯмаки мардуми селзада шитофт. Аз аввалин соатҳои омадани сел дар канори мардум буду ба онҳо кӯмак мекард.

Ёдам ҳаст, вақте мо кӯмакҳоро аз марказ ба Кӯлоб бурдем, ҳукуматдорон мехостанд мо ҳамаро ба ситод вогузор кунем. Аммо акаи Муҳаммадшариф гуфт, ман медонам, ки аз тарафи ситод ин кӯмак ба мардуми мустаҳиқ намерасад. Пас беҳтар аст як қисми онро мо худамон дар байни селзадагон тақсим кунем ва як қисмашро ба ситод супорем. Бо машварати ӯ, мо ба майдон ба назди селзадагон рафтем ва баъдан ба хонаҳои селзадагон рафтем.

Ӯ тамоми талошашро мекард, ки мустақиман ба дасти селзадагони мустаҳиқ кӯмакҳо расонда шаванд. Ин яке аз хислатҳои инсонии волои ӯ буд. Дар баробари ин мехост бо ҳамаи мақомот ҳамкориашро ба хубӣ ба роҳ монад…

Танҳо гуноҳаш хидмат ба мардум ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо буд.

Ҳоло соли 6-ум аст, ки ба ноҳақ дар зиндони ҷабру зулми Раҳмонов нишастааст ва аз оғӯши хонаводааш маҳрум асту хонаводааш зодрӯзашро бидуни ӯ ҷашн мегиранд. Соли 6-ум аст, ки фарзандонаш ба ҷои ӯ зодрӯзашро ба аксаш табрик мегӯянд.

Бо орзуи озодӣ ва сарбаландии тамоми зиндониёни бегуноҳ!”

#Ҳафтаи_Муҳаммадшариф_Набиев

#Озодӣ_ба_Муҳаммадшариф_Набиев

#Свободу_Мухаммадшарифу_Набиеву

#Free_Muhammadsharif_Nabiev

Танҳо “гуноҳаш” хидмат ба мардум ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо буд: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: