Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар баёнияе, тарзи бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон бо мардуми Бадахшонро “зулму душмании ошкор ва террори мардуми осоишта” дониста, шадидан маҳкум ва аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, то ҳар чи зудтар аз саркӯбҳо даст бардоранд ва ба хостаҳо ва эътирози мардум таваҷҷӯҳ ба амал оваранд.
Машрӯҳи баёнияи КШНГЗС ба шарҳи зерин аст:
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) вазъияти дар Бадахшон ба вуҷудомадаро ҳамаҷониба пайгирӣ намуда, нигаронии амиқи худро изҳор медорад.
Лозим ба зикр аст, муддатест минтақаи Бадахшон хусусан шаҳри Хоруғ, ба хотири дархости шаҳрвандон аз ҳаққу ҳуқуқи худ ва низ талаби риояи ҳамаҷониба ва бе чунучарои қонун ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани омилони қатлҳои фарзандону наздиконашон ва озодии теъдоди дигар, таҳти сахттарин таъқибу фишорҳо ва ин минтақа дар муҳосираҳои мукаррари ниҳодҳои амниятиву низомии ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифт.
Ин бор мардуми шарифи Бадахшон бо эътирозҳои осоишта ва мусолиматомез ба хиёбону майдонҳо баромаданд, то волоияти қонун риоя шуда ва шаҳрвандони бегуноҳ, ки бидуни ҳеч асоси қонунӣ боздошту зиндонӣ шудаанд озод ва муҷримону қотилон ба сазои аъмолашон бирасанд.
Аммо мақомоти амниятӣ ва низомии ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои ҳимояти ҷону амнияти мардуми осоишта бидуни ҳеч огоҳӣ ва шунидани эътирози мардум, ба сӯй онҳо тир кушода, боз як ҷавонро ба қатл расонда, теъдодеро захмӣ намуданд. Ба илова, расонаҳо аз ҷумла хабаргузории AsiaPlus-ро аз пӯшиши расонаии минтақа мамнӯъ карданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо ин аъмоли хашин ва нангини худ бори дигар собит намуд, ки ҳеч арзишу эҳтироме ба эътирози шаҳрвандон қоил нест ва ягона роҳи ҳалли масоилро на бо роҳҳои мусолематомез, балки дар саркӯб ва қатлу куштори мардуми худ медонад.
КШНГЗС ин тарзи бархӯрди ҳукумат бо мардуми худро зулму душмании ошкор ва террори мардуми осоишта дониста, шадидан маҳкумаш менамояд ва аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад, то ҳар чи зудтар аз саркӯбҳо даст бардоранд ва ба хостаҳо ва эътирози мардум таваҷҷӯҳ ба амал оваранд.
КШНГЗС ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои таъсиргузор дар Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, то сари роҳи ин ҳама саркӯбу қатлу кушторҳо гирифта шаванд ва барои амалӣ шудани талабот ва хостаҳои мардум тамоми чораҳоро биандешанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
17 майи соли 2022
Варшава, Поланд
Добавить комментарий