Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон оиди боздошти ҳомии ҳуқуқи инсон, Улфатхоним Мамадшоева

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон нигаронии амиқи худро аз ҳодисаҳои ахири дар Бадахшон рухдода изҳор медорад.

Беш аз 5 моҳ мешавад, ки вазъият дар ин минтақа ноором аст, аммо ҳукумат ба ҷойи ҳалли қазияи ба сари мардуми ин минтақа омада ва шунидани дарди дили онҳо, мушкили навро ба сари онҳо бор мекунад.

Ҳанӯз оби чашми модарони бадахшонӣ хушк нашуда, ҳукумат дасисаҳои нав ба навро роҳандозӣ мекунад ва барои рӯйпӯш намудани ҷиноятҳои худ мардуми ин минтақаро ба унвони террорист ва экстремист ном мебарад ва гӯё онҳо дар ҳамкорӣ бо хориҷиён вазъи минтақаро ноором месозанд.

Ном набурдан аз ягон кишвари мушаххас ва бетаҳлилу таҳқиқ ангушти иттиҳомро равона сохтан ба сӯи ғарб ва кишварҳои дигар шеваи кори ҳукумати Раҳмон гаштааст.

Ин бархӯрди ҳукумати Раҳмон бо дигар кишварҳо ва ҳамчунин дигарандешон далолат бар он аст, ки режим тарс аз бедории мардум дорад ва ин аст, ки ҳар нафаре садо баланд кард, барои пахш намудани садояш аз тамоми роҳҳо кор мегирад.

Яке чунин нафарон, ки имрӯз мавриди таъқиб ва фишори мақомот қарор гирифт, Улфатхоним Маҳмадшоева, фаъоли сиёсӣ, хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон мебошад.

Аз Тоҷикистон хабар расид, ки айни ҳол Улфатхоним Маҳмадшоева дар боздошгоҳ қарор дорад ва ӯро барои даъват ба тазоҳурот айбдор медонанд Ҳол он ки мавсуф ин иттиҳомро қатъан рад мекунад.

КШНГЗС изҳори таассуф аз он мекунад, ки ҳукумати Раҳмон ба ҷойи ислоҳи камбудиҳо ва бо роҳи осоишта ҳал намудани ин ҳама талаби мардум, ки ба воситаи фаъолон расонда мешавад, онҳоро боздошт ва бо ҷурмҳои сохта равонаи зиндон мекунад. Боздошти хонум Маҳмадшоева давоми сиёсати нодурусти ҳукумати Раҳмон мебошад, ки мо онро қотеъона маҳкум менамоем.

Мо талаб менамоем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои дифоъ аз ҳукуқи инсон хомӯш наистанд ва дар якҷоягӣ талоши озод намудани ин бонуи адолатпешаро кунем. Қувваи мушт дар даҳ ангушт гуфтаанд ва талаби хотима бахшидан ба ин ҳама ноадолатиҳо идомаи пешгирӣ аз ин ҳама боздошт ва қатли оми мардум хоҳад буд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

18/05/2022

Варшава

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: