Дирӯз ба дунболи баёнияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи иттифоқоте, ки дар Бадахшон рух медиҳад ва ба баёне дурусттар, дар бораи балое, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари мардуми Бадахшон овард ва бино бар ахбори расмӣ, мунҷар ба шаҳодати 9 шаҳрванд ва захмӣ шудани 24 нафари дигар гардид, расонаҳои байналмилалӣ аз ҷумла Хабаргузории Фаронса, ВВС, Хабаргузории Форс, Euronews ва ғайра, ҳар як зимни нақли ин баёния, гузориши кӯтоҳе низ аз он чи дар шарқи Тоҷикистон дар ҳоли рух додан аст овардаанд.
Аз аҷоиби рӯзгор он аст, ки иборати “амалиёти зидди теруристӣ”, дар титр ва унвони гузориши ҳамаи ин расонаҳо омада; ҳамон иборате, ки дар баёнияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон оварда шудааст. Гӯ ин ки ин расонаҳо ва “хоҷагонашон”, аз ин иттифоқ ҳамон чизеро мехоҳанд ба мухотаб ва хонанда илқо кунанд, ки дақиқан Эмомалӣ Раҳмон ва чанд нафари ангуштшумор аз атрофиёнаш мехоҳанд ба ҷаҳониён бирасонанд.
Ва чаро аз аҷоиби рӯзгор? Далелаш ин аст, ки ин расонаҳо, бо ин ки мутаъаллиқ ба кишварҳо ва ҷиҳоте ҳастанд, ки дар бештари маворид бо ҳам зид ва душман ва ба истилоҳ, “мушу гурба”-анд, аммо дар мавриди фоҷеае, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли рух додан аст – фоҷеа ба тамоми маъно – ва Раҳмон мехоҳад рӯи он унвони “амалиёти зидди теруристӣ” гузорад, иттифоқи назар доранд.
Оё ин аз аҷоиби рӯзгор нест?! Оё аз аҷоиби рӯзгор нест, ки Хабаргузории Фаронса ва ВВС ва Euronews дақиқан ҳамон чизеро нақл ва ба мухотаб илқо кунанд, ки Хабаргузории Форс гузориш кардааст?
Шояд бигӯед, иборати “амалиёти зидди теруристӣ” фақат дар унвон оварда шуда ва муҳтавои гузоришҳо мутафовит аст. Посух ин ки имрӯза мардум барои ошноӣ бо он чи дар ҷаҳон иттифоқ меафтад, маъмулан ба мурури ахбор ва гузоришҳо ва хондани унвони як хабар иктифо мекунанд, на ин ки кулли онро мутолеа намоянд. Дастандаркорони расонаҳо ва рӯзноманигорон ва хабарнигорон ба ин одат хуб ошно ҳастанд. Ва ба ҳамин хотир аст, ки дар расонаҳои мӯътабар, кори як рӯзноманигори хибра ва коркушта танҳо ин аст, ки унвон ва титр интихоб кунад, ӯ дигар коре надорад, кораш фақат интихоби унвон аст. Ва аз қазо, муҳимтарин кор дар як расона, ҳамин кор аст ва шояд болотарин ҳуқуқ (маош) низ мутаъаллиқ ба ӯ бошад.
Ва аммо ин ки чаро дар бораи фоҷеаи Бадахшон гузориши ҳамаи ин расонаҳо воҳид аст ва “хоҷагонашон” хостаанд ҳамонро нақл кунанд, ки дар воқеъ таъминкунандаи хоста ва аз манвиёти “Пешвои миллат”, Эмомалӣ Раҳмон аст, ин худ достоне ҷудогона дорад, ки дар як ёддошт, дар бораи он иншоаллоҳ ба тафсил менависам. Инҷо фақат ба баёни чаҳор нукта иктифо мекунам:
1) Яке аз вижагиҳои мунҳасир ба фарди Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли 30 соли таҷрибаи ҳукмронӣ дар Тоҷикистон ба даст оварда ин аст, ки ӯ дар дидор бо ҳар ҳокиме — масалан раисиҷумҳур ё нахуствазир ва ё подшоҳи ҳар кишваре, Омрико бошад, Эрон бошад, Русия бошад, Чин бошад ва ғайра – саъй мекунад, ҳамонро ба ӯ бигӯяд ва илқо кунад, ки тарафро розӣ мекунад. Раҳмон коре ба манофеъу масолеҳи Тоҷикистон ва мардумаш надорад, аслан барои ӯ масолеҳу манофеъи Тоҷикистон ва мардумаш муҳим нест, он чи барои ӯ аҳаммият дорад, ин бақо бар курсӣ аст, ба ҳар қимате, ҳарчанд бо “бахшидани” порае аз хоки сарзамини худ ба як кишвар, ҳамон тавре, ки порае аз хоки Тоҷикистони азизамонро ба Чин “бахшида”.
Ҳамин аст, ки соири кишварҳо, ба хусус кишварҳои таъсиргузор ва абарқудратҳо, дар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон шахсеро дидаанд, ки касе ҷуз вай таъминкунандаи манофеъ ва масолеҳашон дар Тоҷикистон нест. Раҳмон дар розӣ кардани ҳуккоми кишварҳо ба хостаҳояшон, беназир аст. Ӯ ҳозир аст, барои бақо бар курсӣ, ҳамаи кишварҳоро розӣ кунад, ба ҷуз мардуми худаш.
Бинобар ин, кишварҳои таъсиргузор, ҷойгузине (алтернативае) барои Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон қоил нестанд. Ҳамаи онҳо, бидуни истисно, чи Русия, чи Омрико, чи кишварҳои урупоӣ, чи Эрон, чи Чин ва ғайра, мехоҳанд Раҳмон дар раъси кишвари азизи мо қарор дошта бошад, то манофеъу масолеҳи онҳо таъмин гардад.
Ҳоло, дар бораи иттифоқоти ахир дар Бадахшон ва ин фоҷеа, чӣ беҳтар барои ин кишварҳо (аз назари худашон), ки ҳамонро бигӯянд ва илқо кунанд, ки Эмомалӣ Раҳмонро розӣ мекунад. Яъне, коре, ки Раҳмон мекунад ва балое, ки ба сари мардуми худаш меоварад, номашро бигузоранд “амалиёти зидди теруристӣ”; ҳамон, ки Раҳмон мегӯяд.
2) Нуктаи дигар он ки: барои як тоҷикистонӣ мисли рӯшноии хуршед маълум аст, коре, ки Эмомалӣ Раҳмон (бале, танҳо ӯ ҳамроҳи як мушт афроди ангуштшумор аз атрофиёнаш, на ҳамаи мақомоти тоҷик) мекунад ва ҷинояте, ки ӯ дар Бадахшон дар ҳоли иртикоби он аст, рабте ба “теруризм” ва мубориза бо он надорад ва балки баръакс, теруризм ин коре аст, ки ӯ дар ҳоли анҷоми он аст.
Воқеият ин аст, ки Раҳмон мехоҳад, пеш аз он ки биравад ва писари худ, Рустамро бар арш биншонад, аввал ҳамаи тоҷикистониёнро бидуни истисно фармонбардори мутлақи худ бисозад, ба ҳадде, ки ҳеч тоҷикистоние натавонад ҳатто “лом” бигӯяд. Ӯ ҳаминро мехоҳад.
Ҳоло, танҳо минтақае, ки мардумаш ба назари Раҳмон ҳанӯз фармонбардори мутлақи ӯ нестанд, ин мардуми сарбаланди Бадахшон ҳастанд. Бинобар ин, ӯ қабл аз рафтан ва барои тазмини бақои Рустам бар арш, азми худро ҷазм карда, то мардуми Бадахшонро низ мисли мардуми соири манотиқи Тоҷикистон таслими бе чуну чарои худ бисозад. Ҳадафи ӯ ҷуз ин нест.
Як вақт аз ин ҳарф, ки гуфтам: “мисли мардуми соири манотиқи Тоҷикистон”, он касе, ки масалан дар Хуҷанд нишаста ва ё дар Ғарм ва ё дар Ҳисор, нороҳат нашавад. Ин ҳарф як воқеият аст. Воқеияти бисёр талх.
Рӯшантарин далели ин иддао ҳамин аст, ки имрӯзҳо шоҳидаш ҳастем. Ва он ин ки дар ин рӯзҳо, ки Раҳмон ба Бадахшон ҳамла карда ва мардуми ин минтақаро мекушад (ки бино бар хабарҳои расмӣ, дар ин чанд рӯз даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд), мардуми соири манотиқи Тоҷикистон хомӯш ва сокит нишастаанд; гӯ ин ки ҳеч иттифоқе намеафтад. Ва балки бадтар аз он, ба ҷои ин, аз тоҷикони Афғонистон ва мусибатҳои онҳо мегӯянд.
Оё бадахшониҳо тоҷик нестанд? Аз Миррих фуруд омадаанд? Ё ин ки шумо низ мисли гузаштаҳои худ бадахшониҳоро чун исмоилимазҳаб ҳастанд, “одам” ҳисоб намекунед?
Ин суханро ҳарчанд сахт аст, мегӯям: хок бар сари мардуме, ки тоҷикони худашон дар ҳоли кушта шудан ҳастанд, онҳо аммо дилашон масалан барои тоҷикони Афғонистон месӯзад! Хок бар сари чунин одамҳо!
3) Нуктаи севвум ин ки: бо камоли итминон мегӯям ва кучактарин шакке надорам, ки кори Раҳмон ба охир расида. Инро аз рӯи эҳсосот ва барои бардоштани руҳия намегӯям, балки Худо гувоҳ аст, ки ба назарам, як воқеият аст. Зеро ин хунҳо, ки имрӯзҳо ва қабл аз он рехта шуданд, ҳадар нарафтаанд. Чунин нест, ки дигар ҳама чиз тамом шуда. На. Иттифоқан ҳама чиз тоза шурӯъ шуда.
Ту хуни мардуми худатро мерезӣ, он вақт интизор дорӣ, чизе нашавад?! Ин хунҳои ҷавонон, ки рехта шуд, ҳар як падар дорад, модар дорад, хоҳар дорад, бародар дорад ва хулоса, хуни як Одам аст, ҳайвон, ки нест. Наздикони ин ҷавонон ба зудӣ падари туро, эй Раҳмон дармеоваранд!
4) Нуктаи ахир он ки: шояд гуфта шавад, Раҳмон ба дунболи эҷоди назм аст, мехоҳад, назму тартиб дар кишвар ҳоким буда ва ҳеч минтақае ба истилоҳ, худсар набошад.
Ин ҳарф имрӯзҳо бештар аз бархе ба истилоҳ, “нухбаҳо” шунида мешавад.
Посух ин аст, ки кош дар кишвари мо назм барқарор ва Раҳмон ба дунболи эҷоди назм дар кишвар бошад! Агар чунин аст, нигоранда аввалин шахсе ҳастам, ки дар канори Раҳмон қарор хоҳам гирифт.
Вале иштибоҳ нашавад. Эҷоди назм ва барқарорӣ ва ҳоким гардондани он дар як ҷомеа, ғайр аз таҳмили иродаи як шахс бар ҷомеа аст.
Назм ва муназзам будани як ҷомеа ба ин аст, ки қонун дар он ҳукмфармо бошад.
Агар бихоҳем, дар кишвари мо қонун ҳарфи аввалу охирро бизанад ва қонун ҳукмфармо бошад, пас дар навбати аввал бояд Раҳмон ва наздиконаш тобеъи қонун бошанд. На ин ки ҳар чизе, ки дилаш мехоҳад ва ё дили фарзандонаш мехоҳад, бишавад. Инҳоро хуб бояд бифаҳмем. Имрӯза бештари корхонаҳо ва ширкатҳо аз они хешовандони Раҳмон аст. Оё ғайр аз ин аст? Имрӯза бештари маносиби давлатӣ мутаъаллиқ ба яке аз наздикони ӯст. Оё чунин нест?
Дар кишваре, ки як одам, ҳам “пешво” бошад, ҳам раисиҷумҳур ва писараш шаҳрдори пойтахт, раиси Маҷлиси улё ва духтараш раиси дастгоҳи вай, бародари занаш ҳамакора, яке дигар аз духтаронаш сафир ва хулоса, ҳама чиз дар ин кишвар мутаъаллиқ ба ӯ ва хонаводааш аст, оё метавон дар чунин кишваре қоил ба назм буд?
Ман аз он рӯзноманигор, аз он шоир, аз он нависанда, аз он ҳунарпеша ва аз он устоди донишгоҳ – касоне, ки лаббайкгӯи Раҳмон ҳастанд – пурсиданиам, оё Раҳмон дар пайи эҷоди назму тартиб дар кишвар аст? Агар нест, ки медонед, нест, пас чаро тавҷеҳ мекунед?!
Аз қазо, танҳо мардуме дар ин кишвар, ки муназзам ва тобеъи қонун буданд, ин бадахшониҳо ҳастанд. Ва беназмӣ ва бетартибии Раҳмон иттифоқан дар Бадахшон дида намешуд. Ҳоло, Раҳмон ба дунболи куштани онҳост, то дар кулли Тоҷикистон беназмӣ ҳоким гардад.
Саломат бошед!