Зодрӯзат хуҷаста бошад Абдураҳим!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиевро ба ӯ ва аҳли байташ муборакбод мегӯяд.

Гуфтанист, Абдураҳим Восиев 12 ноябри соли 2014 бо дархости мақомоти Душанбе дар Маскав дастгир ва сипас мисли дигар зиндониёни сиёсӣ ба иттиҳомоти бардурӯғ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Абдураҳим Восиев ҷавонмард, ғаюр ва ростқавл буд. Яке аз ҷавонмардиҳои ӯ ин аст, ки пас аз ҳабси зиндонии дигари сиёсӣ, Зайд Саидов бо нашри як номаи саркушода, ки дар нашрияи “Нигоҳ” чоп шуда буд, ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кард, ки омодааст ба ҷойи соҳибкори шинохта, Зайд Саидов ба зиндон биншинад ва дар иваз Зайд Саидовро озод кунанд, то ба хидматаш ба мардум идома диҳад.

КШНГЗС ба Абдураҳим Восиев умри дарозу сиҳҳатмандӣ таманно карда, хоҳони бахту саодат ва озодии ӯст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

21.05.2022

Варшава

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: