Нома аз он дунё

барои номардону нокасон

Ман силоҳ надоштам.

Ман боре автоматро ба даст нагирифтаам. Ҳатто камони оддиро.

Ман пеши роҳи шуморо гирифтам, то бародари маро накушед. Ва шумо ҳам кушта нашавед.

Аммо ту ва ҳамроҳони ту ба сӯи ман тир андохтед.

Ту маро куштӣ.

Гӯё аз паси мили милтиқ чашмони маро намедидӣ. Гӯё намедидӣ, ки ман бо дастони холӣ сари роҳ истода будам.

Садои тири ту садои “оҳ”-и маро пахш кард.

Ту фикр накардӣ, ки ҳоли падару модар, хешовандони ман чӣ мешавад?!

Ту фикр накардӣ, ки одам мекушӣ?!

Ҳоло ту ва сардорони ту – онҳое, ки фармони кушторро доданд, ман ва дӯстони маро террорист меномед! Ман террористам ё тую қотилони ҳамсафу ҳаммаҳали ту?!

Ман ба шаҳри ту лашкар кашидам ё ту?!

Ман дар даст автомат доштам ё ту?!

Ман барои куштан омадам ё ту?!

Баъди чанд рӯз ба хонаат бармегардӣ ва ба дӯстонат нақл мекунӣ, ки чанд “помирӣ” куштӣ. Қаҳрамон худатро меҳисобӣ. Шояд ҳамшаҳриёнат офарин мехонанд. Аммо ту қаҳрамон нестӣ. Ту – қотилӣ! Ҷои ту дӯзах аст. Ҳам пеши Худо ва ҳам пеши халқ бадном мемонӣ. Ман дар хобҳои шабат меоям ва ту як қад парида аз бистарат мехезӣ. Тамоми умр.

Ту аз рӯзи ҷазо метарсӣ!

Ту медонӣ, ки хуни ноҳақ рехтӣ.

Шояд тавба мекунӣ.

Шояд ба масҷид меравӣ.

Аммо гуноҳи туро на Худо мебахшад ва на бандаи Худо.

Ту худатро куштӣ.

Баъди ин ту ҳеч гоҳ зинда намешавӣ.

Аммо шаҳидон зиндаанд.

Агар заррае аз дини мубини ислом огоҳӣ дошта бошӣ, медонӣ, ки шаҳидон намемиранд. Онҳо ҳамаро мебинанду мешунаванд.

Ту гумон накун, ки ту ғолиб шудӣ.

Ман нестам.

Ман аз ин ҷаҳон рафтам.

Аммо фарзанди ман, бародари ман, дӯсти ман зинда аст.

Ту гумон накун, ки мо таслим шудем ва акнун итоаткору фармонбардори шумо мешавем.

Ҳеч гоҳ!

Ҳеч гоҳ!

Ҳеч гоҳ!

Ҳеч гоҳ!

Ҳеч гоҳ!

Ҳақ бар ботил пирӯз меояд.

Ин ҳақиқатест, ки ҳазорсолаҳо исбот шудааст.

Интизор бош…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: