Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште кӯтоҳ, бо ишора ба боздошти бону Улфахоним Мамадшоева, журналистҳое, ки сокит ва хомӯшанд сарзаниш карда, навиштааст: “Баъзан аз дузд журналист сохта, ҳангома карда аз зиндон мераҳонед, гоҳе шахси ҳич ба рӯзноманигорӣ рабт надоштаро ба қурбонӣ табдил медиҳед, гоҳе як ҳамдеҳаи чизе накардаву нашнохтаро ба рамзи воқеанигориву озодӣ табдил медиҳед. Аммо чун гап дар бораи воқеанигори асил рафт, хап-хап мегардед. Ё гап дар помирӣ будани Улфат аст?”
Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
Ин лаҳзаҳои санҷиши виҷдон аст, аммо мутаасифона бештари журналистон мӯҳр бар лаб ниҳодаанд.
Улфат Мамадшоева журналист ва озодихоҳ, касе, ки дар роҳи адои рисолат ҷонбозӣ кард, мисли дигарон дар паси таронаҳои рамзӣ ва ишораҳои мушкил паноҳ нашуд, воқеанигор монд, дар асорат аст.
Созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон хап.

Чанд рӯз аст, воқеанигор дар банд аст ва ӯро бо бадтарин усул аз хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба “қассобхона” оварданд, ҳама “гушакӣ” доранду гӯянд ягон чӣ нанависед, мабодо зарар шавад.
Ин лаҳзаҳо бо ӯ чӣ мегузарад фақат “мирҳои зулм” медонанду Худо.
Дигар журналистҳо гӯшҳо таги тоқӣ.
Баъзан аз дузд журналист сохта, ҳангома карда аз зиндон мераҳонед, гоҳе шахси ҳич ба рӯзноманигорӣ рабт надоштаро ба қурбонӣ табдил медиҳед, гоҳе як ҳамдеҳаи чизе накардаву нашнохтаро ба рамзи воқеанигориву озодӣ табдил медиҳед.
Аммо…
Чун гап дар бораи воқеанигори асил рафт, хап-хап мегардед…
Ё гап дар помирӣ будани Улфат аст?
Добавить комментарий