Чаро ҳукумат дар бораи марги Маҳмадбоқир дурӯғ мебофад?

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ дар ёддоште, бо ишора ба шаҳодати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба дасти низомиҳои ҳукуматӣ, бо баёни ин ки мақомот исрор доранд бигӯянд, ки “Маҳмадбоқирро “ҳамаслаконаш” куштаанд ва ба ҳар васила мехоҳанд намоянд, ки ҳукумат ӯро қатл накардааст”, ёдовар шуда: “Зиёда аз 7 моҳ мерганҳои ҳукумат фурсати муносиб меҷустанд, ки ӯро ҳадафи тир қарор диҳанд ва дар гирди хонааш камин гирифта буданд.” Вай афзудааст: “Муҳаммадбоқир чанд маротиба гуфт, ки ҳукумат ӯро куштанист ва бо гуфтор ва рафтораш нишон дод, ки ҷон медиҳаду аз роҳаш намегардад.” Рустами Ҷонӣ ҳамчунин тасреҳ кардааст, мақомоти Тоҷикистон ҳамеша “ҷиноятҳои худро пӯшонданд ва аз ҳамон рӯзе, ки ба сари қудрат омаданд, хун рехтанду мардумро маҷбур карданд доғи онро шӯяд.” Вай бо баёни ин ки мақомоти кунунӣ “давлате сохтанд, ки дар он ғар, қотил, беномус, дурӯғгӯ ва разил будан “шоиста” аст”, таъкид кардааст, ки қатли Муҳаммадбоқир “поёни кор нест”.

Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:

Мақомот исрор дорад, Маҳмадбоқирро “ҳамаслаконаш” куштаанд. Ба ҳар васила мехоҳанд намоянд, ки ҳукумат ӯро қатл накардааст.

Зиёда аз 7 моҳ мерганҳои ҳукумат фурсати муносиб меҷустанд, ки ӯро ҳадафи тир қарор диҳанд. Дар гирди хонааш камин гирифта буданд.

Ҳоло иддаъои онҳо, қотил каси дигар асту на онҳо!

Муҳаммадбоқир чанд маротиба гуфт, ки ҳукумат ӯро куштанист. Бо гуфтор ва рафтораш нишон дод, ки ҷон медиҳаду аз роҳаш намегардад.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Чаро мақомот дар бораи марги Маҳмадбоқир дурӯғ мегӯяд ва фарзия мебофад?

Воқеият ин аст, ки:

Инҳо ҳамеша ҷиноятҳои худро пӯшонданд. Аз ҳамон рӯзе, ки ба сари қудрат омаданд, хун рехтанду мардумро маҷбур карданд доғи онро шӯяд.

Ҳич гоҳ барои аъмоле ҷавоб нагуфтанд, чунки давлатро ба “хоҳишхона”-и худ табдил доданд.

Ҳар чизе хоҳанд мекунанд, ҳар чизе хоҳанд мегӯянд.

Мардумро даҳани возе тасаввур кардаанд, ки ҳарчӣ дар он андозанд, фурӯ барад

Аз нафрат ва шӯри мардум кайҳо боз наметарсанд. Чунки ваҳдатро аз онҳо гирифтанд ва дар ҳар яки онҳо ҳувиятро куштанд.

Як давлате сохтанд, ки дар он ғар, қотил, беномус, дурӯғгӯ ва разил будан “шоиста” аст.

Аввал арзишҳоро тағйир доданд ва баъдан бо ин васила имону инсонро дар мардум маҳв сохтанд.

Касоне, ки гоҳе амсоли Муҳаммадбоқир сар барафрохтанд, сар буриданд!

Аммо…

Ин поёни кор нест…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: