Паёми ҳамдардии КШНГЗС ба хонаводаи шаҳид Муҳаммадбоқир

بسم الله الرحمن الرحيم

مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَى نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا

سوره احزاب

Аз миёни мӯъминон мардонеанд, ки ба он чи бо Худо аҳд бастанд содиқона вафо карданд. Бархе аз онон ба шаҳодат расиданд ва бархе аз онҳо дар интизоранд ва (ҳаргиз ақидаи худро) табдил накарданд.”

(Сураи Аҳзоб, ояти 23)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) хабари ба шаҳодат расидани раҳбари мардумӣ дар Бадахшон, сарҳанг Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, он марди шуҷоъ ва дар майдони мубориза хастагинопазир барои расидан ба адолат ва дифоъ аз ҳаққу ҳуқуқи аз даст рафтаи мардумро бо ғаму андӯҳи зиёд дарёфт намуд.

Худованд бо анбиё, сиддиқин ва шуҳадо рафиқаш гардонад ва онон чӣ неку рафиқоне ҳастанд!

КШНГЗС ба хонаводаи мӯҳтарам хусусан ба ҳамсару фарзандони он марҳум ва наздикону пайвандон ва ҳамаи мардуми Бадахшон ва ҳамчунин тамоми муборизони роҳи адолат ва озодӣ таслият ва ҳамдардии амиқи худро мерасонад.

Марҳум Муҳаммадбоқир аксари умри худро дар хидмат ба мардум ва талошу мубориза барои расидан ба як ҷомеаи мардумсолор, қонунмеҳвар ва озод сипарӣ намуд. Ӯ бо ин ҳама талошҳо ва муборизаҳояш, дар дили мардум ҷой гирифт ва ӯро ба як намод ва сумбули мубориза дар роҳи озодӣ, адолат ва баробариву бародарӣ табдил намуд.

Дирӯз ин марди шариф ва мазҳари муқовимат аз тири силоҳбадастони нерӯҳои дар камин нишастаи аҳриманӣ даъвати Парвардгори худро лаббайк гуфт ва ба лиқоуллоҳ пайваст. Мақомоти ҳукуматӣ ин бор ҳам ба аҳдофи нопоки худ расиданд ва боз хуни ноҳақ резонданд ва ӯро террор намуданд.

Шаҳид Муҳаммадбоқир ҳамроҳ бо ҳамфикрону пайравонаш бо дастони холӣ ва бидуни силоҳ бо истифода аз ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандиаш бо роҳҳои мусолиматомез ба мубориза бархоста буд. Ӯ ва хеле аз ҳамфикрону пайравонаш дар ин роҳ ҷоми шаҳодат нӯш карданд, вале ҳеч гоҳ силоҳ ба даст нагирифтанд ва дар ин роҳ пирӯз шуданд. Пирӯзии ӯ пирузии баён бар туфанг аст.

Шаҳиди қаҳрамон пирӯзиат муборак!

Бо рехтани хуни Муҳаммадбоқир муборизаи ин мардум ҳач гоҳ қатъ намегардад, балки дарахти мубориза ва муқовимат обёрӣ шуда, рушд мекунад ва аз он меваҳои тоза дар ин роҳ ба самар мерасад. Минбаъд даҳҳо, садҳо Муҳаммадбоқири дигар аз байни ҷавонони ғаюри ин мардум ба майдон меоянд ва роҳи қаҳрамононашонро идома хоҳанд дод.

Он рӯз дур нест, ки ин мардум ва ин миллат тамоми муҷримон ва золимону террористонро ба сазои аъмоли худашон хоҳанд расонд.

КШНГЗС амиқан ғаму андӯҳ ва ҳамдардии худро ба ҳама бозмондагони шуҳадо баён дошта, ба онҳо аз Худованди бузург сабри ҷамил хоҳон аст!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)

23.05.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: