Ҷузъиёти ба шаҳодат расидани Мамадбоқир Мамадбоқиров аз забони шоҳидони воқеа

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, ҷузъиёти чигунагии ба шаҳодат расидани Мамадбоқир Мамадбоқировро аз забони шоҳидони воқеа навиштааст. Машрӯҳи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:

“Маҳмадбоқир рӯзҳои охир таҳти фишори шадид буд. Қариб аз хона намебаромад. Аз ҳар гӯша мерганҳои ҳукумат ба ӯ менигаристанд.

22-уми май наздик ба соати 17-00 гуфтааст, мехоҳад дар ҳавои тоза бигардад. Хона ба зиндони ӯ табдил ёфтааст. Аз ин шеваи зист хаста шудааст. Мардум низ гирифтори вазъи ӯ ҳастанд.

Ӯ ба исрору зориву таваллои ҷонибдорон, ки зидди берун омадани ӯ буданд, аҳамият намедиҳад ва мегӯяд, мехоҳад танҳо дар кӯчаҳои кӯдакиаш сайру гашт кунад, ҳич кас аз паяш наояд.

Ӯ пиёда аз хонааш, ки дар маҳаллаи Бархоруғ воқеъ аст, берун меояд ва шурӯъ ба сайри худ мекунад. Сино, аз ҳамроҳони доимиаш, махфиёна аз паяш меравад.

Чун Маҳмадбоқир ба макони Бойне мерасад. Як “Пикап”, ки нерӯҳои зудамали ҳукумат бо он мегарданд, якбора пайдо мешавад.

Аз дохили он чаҳор сарбози сиёҳпӯш берун шуда, аз чаҳор “автомат” бидуни таъхир ва огоҳӣ сарҳангро тирборон мекунанд.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Хуршед, аз сокинони ин маҳал, ин вазъро мебинад ва мехоҳад бо тани худ Маҳмадбоқирро пӯшонад. Сарбозон ӯро мепарронанд.

Ин вақт Сино ҳам ба имдод мерасад, аммо муқобили сарбозони мусаллаҳ бо дасти холӣ чӣ мекард?

Қотилон ба мошин савор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

Сино ҷароҳат бардошта, ҳоло вазъаш вазнин аст ва дар беморхона қарор дорад.

Ҷасади Маҳмадбоқирро мардум баъди рафтани қотилон гирифта ба хонааш мебаранд.

Ин ҳодисаро сокинони маҳалли Бойне мебинанд ва ба мо нақл карданд.

ВКД мегуфт Маҳмадбоқирро ҳамаслаконаш парронданд. Дурӯғе, ки беибо гуфта мешавад. Ин ҳам давоми он ҳама бӯҳтонҳои пешин, ки Маҳмадбоқирро раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ меномиданд.

Гурӯҳи ҷиноятӣ онҳоеанд, ки одами бесилоҳро дар рӯзи равшан пеши чашми ҳазорҳо тирборон мекунанд, на он касест, ки барои ҳаққи мардум талош варзидаву ҷонро ба гарав монда.

Имрӯз Маҳмадбоқирро дафн мекунанд ва кӯҳе ба теппаи хок табдил мешавад

Аммо..

Он кӯҳе, ки дар дили мардум аз ӯ устувор монда, ҳич гоҳ фурӯ намеравад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: