Асоситарин “далел”-и Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш бар юриш ба Бадахшон – ки ин “далел” ба назар мерасад, барои бархе аз “нухбаҳо”-и тоҷик ва рӯзноманигорон низ мавриди писанд аст ва сукуташон “аломати ризо”-и онҳо буд – ин, ҳамон тавр ки иддао мекунанд, ҷорӣ кардани “назму тартиб” ва ба сухани дигар, “қонунмадор” сохтани мардуми ин минтақа аст. Дар ёддошти пешин, фарқи он бо таҳмили ирода ва хостаҳои як фард – ки Эмомалӣ Раҳмон бошад – ба ҷомеа баён шуд ва ниёз ба такрори он нест. Дар ин ёддошт аммо, ин масъала аз як зовияи дигар мавриди баррасӣ қарор мегирад ва мухотаби он, беш аз он ки мақомот бошанд, “нухбаҳо” аст.
Ва он ин ки: ҳар амале бар асоси як ҷаҳонбинӣ ва тасаввур устувор аст, аз ҷумла коре, ки Раҳмон дар ҳоли анҷоми он буда ва мавриди таъйиди “нухбаҳо”-и сокит аст, яъне ҷорӣ кардани “назму тартиб” дар ҷомеа. Ин амал, ба худии худ амале дуруст ва балки воҷиб аст. Қатъан, назм беҳтар аз ҳарҷу марҷ ва бебандуборӣ аст ва инсон табиатан онро тарҷеҳ медиҳад. Ва ҳамин воқеият аст, ки кори Раҳмон мавриди таъйиди бархе “нухбаҳо” қарор гирифта.
Аммо биёед, бибинем, манзур аз “назму тартиб” дар зеҳни Эмомалӣ Раҳмон ва ин “нухбаҳо” — бо таваҷҷӯҳ ба корҳое, ки мекунанд ва ҳарфҳое, ки мезананд – чист, то мавриди таъйиди мо низ қарор бигирад?
Он чи аз корҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон ва нухбаҳои сиёсии кишвар дар тӯли 30 соли пас аз истиқлол карда ва мекунанд ва ба гумони худашон, дуруст аст, ҳамон тавр ки дар боло ёдовар шудем, бар навъе ҷаҳонбинӣ аз инсон, ҷомеа, давлатдорӣ, таърих ва сиёсат устувор аст.
Масалан, тасаввури онҳо аз инсон (ки дуруст монанди тасаввури нухбаҳои кумунист аз инсон аст ва мақомоти кунунӣ, аз ҷумла Раҳмон, аз онҳост) ин аст, ки гумон мекунанд, инсон фақат як мавҷуди моддӣ аст ва ба сухани дигар, як ҳайвон мунтаҳо ҳайвоне пешрафта аст. Бинобар ин, саодат ва камоли инсон ба назари онҳо, дар ин аст, ки ӯ аз ҳама ҷиҳат таъмин бошад: бо хӯроки хуб, бо манзили некӯ ва шик ва ғайра.
Аз ин рӯ, як ҷомеаи идеол, аз назари онҳо, ҷомеае аст, ки шиками шаҳрвандонаш на танҳо сер, ки ба беҳтарин хӯрданиҳо таъмин ва инсон на танҳо хонае оддӣ, балки дорои зеботарин манзил бошад.
Бинобар ин аст, ки шумо мебинед, вақте сухан аз пешрафт ва тараққии инсон ва ҷомеа меравад, Раҳмон ва куллан нухбаҳои мо, вуҷуди хонаҳои баландошёнае, ки сохта шудааст ба рухатон мекашанд ва нишонатон медиҳанд, ки бибин, пойтахти Тоҷикистон чӣ қадр зебост! Ва чӣ биноҳо ва қасрҳои зебое дар он сохта шуда!
Ва аз боби “Анносу ъала дини мулукиҳим” (“Одамҳо дар кешу ойини ҳуккоми худ ҳастанд”), ин гуна тасаввур ва ҷаҳонбинӣ мутаассифона ба аксари афроди ҷомеа ва ба хусус “нухбаҳо”-и он низ сироят карда. Тасаввур ва ҷаҳонбинии онҳо замоне бештар равшан мегардад, ки вақте бо як шаҳрванди мухолифи сиёсатҳои кунунӣ ҳамсӯҳбат шаванд, ба хусус дар фазои маҷозӣ. Фавран, аз ӯ мепурсанд ва ин суолро барояш матраҳ мекунанд, ки: бигӯ, бибинам, Кабирӣ ва Наҳзат масалан, оё биное сохтаанд? Оё шиками гуруснаеро дар ҷомеа сер кардаанд? Агар кардаанд, нишонамон бидеҳ! Гоҳе, тарафи муқобил, ки ӯ низ бо камоли таассуф ҳамин гуна ҷаҳонбинӣ дорад, дар садади ёфтани посух ба суоли ӯ мешавад ва инҷо ва онҷо мегардад, ки оё Кабирӣ ва Наҳзат дар замони дар Тоҷикистон будан биное сохтаанд ва ё шиками гуруснаеро сер кардаанд, ки агар ёфтанд, дар мақоми посух ба он мутавассил мешаванд.
Ин гуна пурсиданҳо ва суол матраҳ карданҳо ва низ талош барои посух додан ба онҳо бо нишон додани акс ва ё гузориши расонае дар бораи сохта шудани як бино ва ё додани нон тавассути Кабирӣ ва наҳзатиҳо ба мардум ҳангоми як сел ва ё як фоҷеа ё ҳадяи як ҳуҷра дар пойтахт ба як бонуи варзишкор аз сӯи Кабирӣ, инҳо ҳама ҳокӣ аз ин аст, ки тасаввур ва ҷаҳонбинии мо аз инсон ва ҷомеа ва саодат ва камоли он, воруна ва моддӣ аст.
Аз назари чунин инсонҳо, арзишҳое чун истиқлол, инсоният, озодӣ, фарҳанг ва куллан маънавият, ҳеч маъно ва мазмуне надорад. Асосан, ин чизҳо ба назарашон, мафоҳиме пучанд ва ба қавли худашон, шиками касеро сер намекунанд. Ба назари онҳо, муҳим барои инсон (ки гӯӣ як ҳайвон аст), чизе аст, ки шикамашро сер кунад, аммо озодӣ, инсоният, фарҳанг, маънавият, истиқлол ва аз ин қабил мафоҳим, дардеро даво намекунанд. Гӯ ин ки инсон ба назари онҳо, як гов аст, ки кофист охураш аз алаф пур бошад ва шикамаш сер.
Ва аз қазо, маънавият ва фарҳанг аз назари чунин инсонҳое, ба чизҳое мисли рафтан ба теотр ва тамошои як намоишнома ва ё хондани як шеър ва ширкат дар як маросими фарҳангӣ хулоса мешавад. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо, бо камоли таассуф, мафҳуми фарҳанг ва маънавият қарин шуда бо чизҳое мисли теотр, синамо, шеъру шеърхонӣ, фолклор ва аз ин қабил чизҳо. Воқеан ин ҷои таассуф дорад.
Ва ҳамин аст, ки дар тӯли ин муддат (яъне 30 сол), дидем ва мебинем, ки нухбаҳои сиёсии мо – бо таваҷҷӯҳ ба чунин ҷаҳонбинӣ, ки доранд – талош кардаанд, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷойи вуҷуди риштаҳои улуми инсонӣ ва ё таъсиси онҳо мисли риштаи фалсафа, ҷомеашиносӣ, таърих ва ғайра, риштаҳои ба назарашон, бадардбахӯр мисли муҳандисӣ ва амсоли он роҳандозӣ ва тақвият шавад. Фалсафа ва ҷомеашиносӣ, ба назари онҳо, шиками касеро сер намекунад ва ба иборати дигар, охури касеро бо алаф пур намекунад.
Ва ҳатто аз таърих низ, фақат ба дунболи чизҳое ҳастанд, ки нишон диҳад, мо, тоҷикҳо масалан гузаштаи дурахшон доштем ва Куруш доштем, Ибни Сино доштем, Хоразмӣ доштем, аммо ин ки амсоли Ибно Синоҳо чӣ кор кардаанд ва чӣ гуфтаанд, заррае барояшон аҳаммият надорад, мутаассифона.
* * *
Ҳоло, аз назари инсоне мисли Эмомалӣ Раҳмон ва нухбаҳои сиёсии давру бараш, ки якчунин ҷаҳонбинӣ аз инсон ва ҷомеа доранд, шаҳрванд фақат ба фикри шиками худ аст, барои ӯ чӣ фарқ дорад, ки дар раъси ҳукумат кист ва ӯ чӣ кор мекунад? Барояш чӣ аҳаммият дорад, ки ҳоким ҳар аз гоҳе иваз ва интихоботи озод ва шаффоф баргузор шавад? Оё барояш якчунин чизҳое муҳим аст? Оё эътирози вай ба раиси вилоят ва тасарруфоти ӯ, шикамашро сер мекунад? Агар ба ҷойи Мирзонаботов касе дигар ояд, оё дар охури шаҳрванд алаф бештар мешавад?
Якчунин инсоне вақте бинад, ки садои эътироз дар ҷомеа аз сӯи касе шунида мешавад, ба бовари ӯ, ин эътирозкунанда қатъан ба супориши касе ва ё ҷиҳате лаб ба эътироз кушода, ӯ як “хоҷае” дорад, ки ба ӯ пул дода, то чунин бикунад, чӣ ӯ Маҳмадбоқир бошад, чӣ Кабирӣ ва чӣ Сӯҳроби Зафар. Ба назараш, чунин инсоне як зархарид аст ва хидмати “хоҷаҳояш”-ро мекунад ва бояд аз сари роҳ бардошта шавад.
Барои ӯ бо якчунин ҷаҳонбинӣ, озод будан, сарбаланд будан, азиз будан ва аз ин қабил мафоҳим аслан қобили фаҳм нест. Вақте лаб ба эътироз кушодед, ӯ гумон мекунад, шумо зархаридед ва хидмати кадом “хоҷае”-ро анҷом медиҳед, хусусан агар одами сере бошед. Агар шикаматон сер ва ба манзил таъмин бошед, чаро ва ба чӣ чизе эътироз мекунед? Шикаматон, ки сер аст. Манзил, ки доред. Пас, “шукрона” кунед!
Бинобар ин, ӯ вазифаи худ медонад, ки эътирозкунандаро ба зиндон афканад ё ӯро бикушад ва аз миён бардорад. Талошаш фақат ин аст, ки фарҳанги тарс дар ҷомеа ҳукмфармо бошад ва ҳамаи шаҳрвандон аз ӯ битарсанд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон дар яке ду даҳаи ахир, якчунин фарҳанге яъне фарҳанги тарсу ҳарос тазриқ шудааст ва мутаассифона русух пайдо карда ва бисёреҳо ва ба хусус нухбаҳо метарсанд.
* * *
Ҳоло, дар якчунин муҳит ва фазое, як нафар пайдо мешавад ва дар муқобили зӯргӯ меистад ва мегӯяд, “на”! Медонед, ин кори вай чӣ қадр арзишманд аст? Оё медонед, кори ӯ ташвиқкунандаи дигарон ба “на” гуфтан аст? Муҳаммадбоқир тоза, на танҳо ба “на” гуфтани сирф иктифо кард, балки дар амал нишон дод, ки зери бори зӯр намеравад ва дар ниҳоят дар ин роҳ кушта шуд.
Шаҳид Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров на як аллома буд ва на як соҳиби мансаб ва на як раҳбари мазҳабӣ, ки бархе нодонҳо имрӯз ӯро ба унвони як раҳбари мазҳабӣ муаррифӣ мекунанд. Ӯ як инсони оддӣ буд, ӯ ҳаргиз иддаои раҳбари мазҳабӣ будан накардааст. Балки истисноӣ будани Маҳмадбоқир ва қаҳрамон будани ӯ – қаҳрамон ба тамоми маънои калима – дар ин аст, ки ӯ дар муқобили зӯргӯ истод ва бо амали худ ва рафтораш, девори тарсу ҳаросро шикаст. Ӯ бо ин кораш, барои ҳамаи мо, бидуни истисно, чӣ як сиёсатмадор ва чӣ рӯзноманигор ва чӣ як нухба, амалан нишон дод, ки метавон дар баробари зӯргӯ истод ва “на” гуфт.
Саломат бошед!
Добавить комментарий