Ба баҳонаи зодрӯзи домулло Наимҷон Самиев

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Уламо ва намояндаҳои дин, дар ҷомеа, махсусан дар байни мо тоҷикон, то имрӯз аз ҷойгоҳ ва эҳтироми хоссе бархӯрдор будаанд.

Албатта, ин аз як тараф агар ба ихлос ва эҳтироми мардум ба дин, шариат ва Худову Расул марбут бошад, аз тарафи дигар аммо ба худи уламо ва намояндагони дин низ сахт алоқа дорад.

Мардуми мусулмон ва ихлосманд муҳаббати ба мулло, муллобача, шахсиятҳои динӣ ва ходимону намояндагони динро ҷузъи итоат аз Худо ва шариат меҳисобанд, ки ин ишколе надорад, балки аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқӣ ва принсипҳои тарбиявӣ дорои фоида ҳам ҳаст.

Аммо чизи муҳим ва лозим он аст, ки ин табақа кӯшиш дошта бошанд, бар ҳасби гумони неки мардум, дар ҷойгоҳе бошанд, ки мардум барояшон қоиланд ва масдари корҳои нек шуда, мутақобилан дар хидмати дин ва мардум бошанд.

Домулло Наимҷон Самиев аз ҳамин навъ уламо ва намояндагони дин аст.

Домулло, имрӯз, ки зодрӯшон аст, ба синни мубораки 60 қадам гузоштанд. Эшон дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар хонадони мутадайин ва коргар ба дунё омадааст. Падар ва бобоҳояш аз табақаи миёнаи мардум ба ҳисоб рафта, илмдӯст ва дар хидмати дину мардум умр ба сар бурдаанд.

Домулло фақеҳи дар дин ва донандаи хуби забонҳои арабӣ, русӣ, ӯзбекиву қирғизӣ мебошад. Вай бо шӯҳрат ва эҳтироме, ки дар байни ақвоми тоҷик, узбек ва қирғиз дорад ва хидматҳои фаровони инсоние, ки ба ин мардум кардааст, метавон гуфт, намояндагии ин қавмиятҳоро дорад. Илова бар ин, Домулло соҳиби мадраки олии соҳибкорӣ буда, дар тиҷорат ва муомилоти соҳибкорӣ таҷрибаи хуб ва шогирдони зиёде тарбия ва ба воя расондааст.

Домулло Наимҷон, ки узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд интихоб шудааст. Дар солҳои 2008 то 2012 раиси шӯъбаи вилоятии Суғд ва сипас то соли 2014 раиси бахши ноҳиявӣ дар ноҳияи Исфара кору фаъолият кардааст.

Домулло дар ин муддат дар корҳои бунёдӣ ва созандагии вилоят саҳмгузорӣ намуда, маҳз бо истифода аз илму маърифат, обрӯ ва малакаи мардумии худ барои оромӣ ва пешгирӣ аз низоъ дар марзи бо Қириғизистон, саъю талоши зиёд анҷом додааст.

Мутаассифона барои ин шахсияти воломақом ва арзанда, мансабдорони Тоҷикистон, ҷуз пушти панҷараи зиндон дар кишвари азизаш, ҷойи муносибтаре надиданд. Ӯ дар айни ҳол зиндонӣ мебошад.

Домулло бо ин ки имкони паноҳандагӣ дар кишварҳои урупоиро дошт, вале бо муҳаббате, ки ба кишвар ва нияти неке, ки ба ҳамватанонаш дошт, ба Урупо сафар накард ва дар Руссия дар байни дӯстон ва шогирдони худ монд, то бошад, ки тундбоди ғурури бадбинии ҳукуматдорон нисбати диндорон поин биёяд ва ӯ битавонад ба Ватан баргардад ва ба насиҳат ва хидматҳои ҳамешагии худ дар кишвараш идома бидиҳад.

Аммо ҳайҳот ва сад афсӯс, ки гумони неки Домулло хато аз об даромада ва ҳамватанони дар мансаббудаи ӯ дар ғазабу бадбиниҳои худ нисбати дин ва диндорон фурӯтар рафта, ӯро аз Русия истирдод ва бе ҳеч кадом исботи ҷинояти шайъӣ ва ба тӯҳмат бо моддаҳои 187 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2, 307 иловаи 2 қисми 2 ва 195 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста, ба 15 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Домулло Наимҷон имрӯз зодрӯз дорад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) домуллоро ба ин синн муборакбодӣ мекунад ва аз Аллоҳи қодиру тавоно мехоҳад ҳар чӣ сареътар барои ӯ раҳоӣ аз зиндонро насиб гардонад.

Зодрӯз муборак Домуллои азизу арҷманд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: