“Гуноҳ”-ҳои Улфат як ҳазёни дигари ҳукумат

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, бо ишора ба иҷбори фаъоли маданӣ, Улфатхоним Мамадшоева аз тарафи режими Раҳмон ба коре, ки накардааст, бо таъкид бар ин ки “ҳар кӣ дар ин қазия бетарафӣ ихтиёр карда, дар оина бояд худро бишиносад”, хотирнишон кардааст: “Мақомоти тоҷик, аз тариқи як гузориши тарғиботӣ, ки аз номи “Тоҷикфилм” нашр шуд ва надонам бо кадом хиёле онро филм номиданд, Улфатхонумро дар воқеаҳои охири Помир гунаҳкор карданд.”

Матни комили ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:

“Гуноҳ”-е, ки ҳукумат ба Улфатхонум Мамадшоева, журналист ва фаъоли ҷамъиятӣ баст, ҷуз сухани пуч ва ҳазён нест.

Бигзор ҳар касе, ки барои нашри мақолоташ дар васоити ахбори байналмиллалӣ ҳаққи қалам ва барои лоиҳае грант мегирад, донад, аз чунин тӯҳмат эмин намемонад.

Ҳар кӣ дар ин қазия бетарафӣ ихтиёр карда, дар оина бояд худро бишиносад.

Мақомоти тоҷик, аз тариқи як гузориши тарғиботӣ, ки аз номи “Тоҷикфилм” нашр шуд ва надонам бо кадом хиёле онро филм номиданд, Улфатхонумро дар воқеаҳои охири Помир гунаҳкор карданд.

Ба қавли онҳо, журналист аз созмонҳои хориҷӣ пул гирифта, помириҳоро ба шӯру исён овардааст.

Ҳамчу далел, грантҳои аз Интернюси Тоҷикистон гирифтааш ва ҳаққи қалами ба суратҳисобаш интиқол ёфтаро оварданд.

Ин гуна пулҳо ва грантҳоро даҳҳо журналист ва созмонҳои давлатии ғайридавлатии Тоҷикистон мегиранд. Шукр ҳаминҳо ҳастанд, вагарна кайҳо журналистика дар Тоҷикистон “мемурд”.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Худи Улфатхонум дар ҳоли хеле бади равонӣ “гуноҳ”-ашро аз коғаз хонд.

Журналисте, ки садҳо мақола навиштааст ва аз ин бештар мусоҳиба додааст, боазоб як калимаро ба дигар пайванд дода, қироат мекард.

Ин вақте сурат мегирад, ки эҷодкор навиштаи дигаронро хонад. Маълум буд, ки аз хондани ин гапҳо сахт нороҳат ва талаффузи ҳар ҳарф барояш ногувор аст.

Ҳукумате ин айбҳоро ба журналист мечаспонад, ки ҳар қадами худро бо грант ва қарзи созмонҳои байналмиллалӣ мегузорад ва “чиновник”-ҳояш аз дуздии ин маблағҳо садҳо қасру хона сохтаанд.

Ҳамун техникаи ҳарбие, ки гурӯҳи зудамали амният ва ВКД бо онҳо барои куштани помириҳо ба Бадахшон рафтанд, аз пули ҳамон давлатҳои хориҷист.

Агар ин давлатҳо ин қадр ба ноором сохтани Тоҷикистон шавқманд бошанд, аз мантиқи шумо, пас нирӯҳои интизомӣ низ дар ин иғво шариканд. Чунки онҳо низ аз хориҷиҳо пул гирифтаанд.

Ин гапҳо дар назаратон аз мантиқ дур менамоянд?

Гуфтугӯйи Шумо низ аз “гуноҳ”-ҳои Улфат сафсатае беш нест!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: