Абдусамад Fайратов кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Абдусамад Ғайратов

Зиндонии сиёсӣ Fайратов Абдусамад Исмоилович маъруф ба Ҳоҷӣ Абдусамад, фаъоли сиёсӣ, сиёсатмадор, раиси собиқи шӯъбаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб, узви Раёсати олии ҲНИТ ва соҳибкор, дар санаи 11 январи соли 1967 дар хонаводаи коргар дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Ӯ дар таърихи 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар манзилаш дар шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст.

Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, вориди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шуда ва аз он фориғуттаҳсил гардидааст.

Абдусамад Ғайратов аз ҷавонони собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта ва риёсати ин ҳизб дар минтақаи Кӯлобро ба ӯҳда дошт.

Ҳоҷӣ Абдусамад донандаи забони русӣ ва форсӣ буда, оиладор аст.

Расонаӣ шудани номи Ғайратов барои аввалин бор

Ҳоҷӣ Абдусамад бо ин ки дар миёни ҳамҳизбиҳои худ маъруф буд, вале номи вай барои нахустин бор дар соли 2004 расонаӣ ва барои тоҷикистониён шинохта шуд. Тибқи гузориши 29 декабри соли 2004, дар 28 декабри ҳамон сол, Абдусамад Ғайратов аз тасмими ҲНИТ мабнӣ бар ба додгоҳ кашидани масъулини се ҳавзаи интихоботӣ дар минтақаи Кӯлоб парда бардошт. Ба гуфтаи ӯ, ҲНИТ ба он хотир ба ин иқдом даст зад, ки ҳукумат дар маҳаллаҳо аз сабти номи намояндагони ҲНИТ дар комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ дар ноҳияҳои Мӯминобод, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сар печидаанд ва ҲНИТ дар ин сурат ҳатто ҳаққи назорат дар интихоботро аз даст медиҳад.

Маъруф шудани Ҳоҷӣ Абдусамад пас аз мусоҳибаи ӯ дар бораи вазъияти асафбори муҳоҷирони корӣ дар Русия

Тибқи гузориши расонаҳо дар санаи 31 июли соли 2008, Ҳоҷӣ Абдусамад дар гуфтугӯе бо нашрияи “Наҷот”, дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва мушкилоти онҳо дар ин кишвар сӯҳбат ва мусоҳибаи вай зимни мақолае таҳти унвони “Сафорати Тоҷикистон ба муҳоҷирон кӯмак намекунад” дар ҳамин нашрия чоп шуда буд. Вай дар ин мусоҳиба, бо овардани мисолҳо аз рӯзгори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия камфаъолиятӣ ва бетаваҷҷӯҳии сафорати Тоҷикистон ба мушкилоти муҳоҷиронро дар ин кишвар бозгӯ карда буд.

Дар ин мусоҳиба, Ҳоҷӣ Абдусамад аз фаъолияти сафорати Қирғизистон дар Русия ситоиш карда, ки бевосита бо фирма ва ширкатҳои корфармо дар ин кишвар гуфтшунид карда, қарордодҳо мебандад, то ки атбоъи қирғиз бидуни мушкил кору зиндагӣ кунанд. Аммо ин гуна корҳоро сафорати Тоҷикистон рӯи даст нагирифтааст. Кор то ҷоест, ки — гуфтааст вай — бо истифода аз асноди имзошуда миёни сафорати Қирғизистон ва бархе аз ширкатҳои кордеҳ дар Маскав тоҷикон аз ҷойи кор ронда шуданд ва ба ҷойи онҳо қирғизҳоро ба кор гирифтанд.

Ҳимояти Ҳоҷӣ Абдусамад аз “Ҷамоати Таблиғ”

Бар асоси гузорише дар санаи 27 декабри соли 2009, мурофиаи додгоҳии 10 нафар шаҳрванд, ки ба “ифротгароӣ” гумонбар дониста шуда буданд, дар Кӯлоб сурат гирифт. Тибқи иддаои кормандони Додгоҳи Кӯлоб, 5 тан аз ин афрод ба узвият дар ҷараёни “Салафия” ва 5 тани дигар барои шомил будан дар “Ҷамоати таблиғ”, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон расман мамнӯъ эълон шудааст, гумонбар дониста мешуданд. Ҳоҷӣ Абдусамад дар он таърих зимни сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, ӯ фаъолияти гурӯҳи “Салафия”-ро қабул надорад, вале аз “Ҷамоати таблиғ” ҳимоят мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, намояндагони “Ҷамоати таблиғ” то ҷое, ки огоҳ аст, исломи асл ва бидуни хурофотро тарғиб мекунад.

Вокуниши Ҳоҷӣ Абдусамад ба дарронда шудани варақаҳои таблиғотии номзадҳо дар интихоботи 2010

Бар пояи гузорише дар 9 феврали 2010 ва дар остонаи интихоботи порлумонӣ, варақаҳои таблиғотии номзадҳо ба интихобот дар Кӯлоб аз хиёбонҳо дарронда ва ё барчида шудаанд. Тибқи ин гузориш, намояндаи ҲНИТ дар Кӯлоб гуфт, наҳзатиҳо аввал гумон карданд, ки танҳо варақаҳои таблиғотии номзадҳои ҲНИТ аз хиёбонҳо барчида мешаванд, вале ба гуфтаи вай, ба варақаҳои дигар номзадҳо низ чунин рафтор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ҳам боиси нигаронист, ки пас аз насб кардан рӯзе ногузашта варақаҳои таблиғотии онҳо ба таври ҳайратовар барчида мешавад. Бо ин вуҷуд, ин масъули ҲНИТ гуфт, барчидани варақаҳои таблиғотии намояндагони ин ҳизб дар бархе маврид ангезаи сиёсӣ дорад.

Ҳоҷӣ Абдусамад, ки дар он замон раёсати бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлобро ба дӯш дошт, гуфт, аксари варақаҳо ноогоҳона аз ҷониби бархе шаҳрвандон барчида мешавад, аз ин рӯ онҳо сари ин масъала ба касе муроҷиат накардаанд. Ба гуфтаи вай, барчидани варақаҳои тарғиботӣ аз ноогоҳии сиёсии мардум далолат мекунад.

Номзад шудани Ҳоҷӣ Абдусамад дар интихоботи порлумонии соли 2010

Тибқи гузориши 11 феврали соли 2010, Абдусамад Ғайратов аз сӯи ҲНИТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз минтақаи Кӯлоб номзад гардида буд.

Ҳамроҳи ӯ, афроди зерин низ аз ҲНИТ дар он таърих номзад шуда буданд:

1. Кабиров Муҳидин Тилоевич;

2. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович;

3. Қосидинов Ваҳидхон;

4. Саидов Шамсиддин Сангович;

5. Бегов Камардин Авзарович;

6. Ҳикматулло Сайфуллозода;

7. Мирзоҳодиев Мирзомаҳмадӣ;

8. Саидов Муҳаммадҷон Абдуллоевич;

9. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна;

10. Назаров Давлат Назарович;

11. Давлатов Абдуқаҳҳор Абдукаримович;

12. Броимшоева Муслима;

13. Яқубов Илҳомҷон Дадоҷонович;

14. Саидова Хайринисо Обидовна;

15. Авазов Қиёмиддин Курумҷонович;

16. Исмоилов Маҳмадшариф;

17. Абдуллоева Нодира Мамадовна;

18. Мунир Ҳабиб;

19. Шеров Ҷама Исмоилович.

Шикояти Ҳоҷӣ Абдусамад аз болои Вазорати корҳои дохила

Бар асоси гузорише дар таърихи 15 июни соли 2010, Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов аз болои сардори шӯъбаи корҳои дохила дар шаҳри Кӯлоб барои таҳқир карданаш шиква бурда буд, вале шикояти ӯ ҳеч натиҷа ба бор наоварданд.

Тибқи ин гузориш, ҳамчунин Ҷумъахон Алимӣ, раҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон “Паралакс” дар шаҳри Кӯлоб, аз болои Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр ба додситонӣ шикоят бурд. Ҷумъахон Алимӣ гуфт, замоне, ки барои бори севвум ба шаҳри Кӯлоб сел омад, ӯ аз кормадони Шӯъбаи корҳои дохила баҳри берун кардани чанд тан афроди шубҳаовари ношинос аз манозили офатзада хоҳиш кард, аммо кормандони пулис ба ӯ ҳеч эътиное накарданд. Болои ин, бо иддаои оне, ки гӯиё ӯ иғво меандозад, аз ҷониби Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб мавриди лату кӯб ва таҳқир қарор гирифт.

Ин лату кӯб дар ҳузури даҳҳо нафар шоҳид, ба хусус Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдорӣ Кӯлоб ва Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон сурат гирифт. Ба қавли Алимӣ, ҳангоми лату куб ӯ дар сару руй осеби ҷиддӣ бардошта, аммо ташхисгоҳи судӣ-экспертӣ аз додани хулосаи худдорӣ кард.

Гуфтанист, Ҷумъахон Алимӣ, доктори илми филологӣ, устоди собиқи донишгоҳ дар минтқаи Кӯлоб аз эҳтироми вижае бархӯрдор аст. Ӯ ҳанӯз дар синни 27 солагӣ ба гирфтани унвони доктори улум мушарраф гашта буд.

Тақаллуби густарда дар интихоботи Кӯлоб дар соли 2012 ва вокуниши Ҳоҷӣ Абдусамад

Бар пояи гузорише дар 26 марти соли 2012, ҲНИТ дар Кӯлоб алайҳи натиҷаи интихоботи маҷлиси шаҳрӣ эътироз карда ва гуфт, дар робита ба тақаллуби интихоботӣ ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Бар асоси ин гузориш, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов, номзадҳои онҳо ҳатто як райъи интихобкунандагонро ба даст наовардаанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи Ғайратов, ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ҳазорон нафар аъзову ҷонибдор дорад.

Ҳамчунин ба таъкиди масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб, нозирон дар қитъаҳои раъйдиҳӣ мавридҳои зиёди тақаллуби интихоботиро сабт кардаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ Абдусамад Ғайратов гуфт, онҳо нисбат ба тақаллуб дар интихобот ба додгоҳ шикоят мебаранд.

Дар майи 2013, Ҳоҷӣ Абдусамадро ба хотири баргузории семинаре дар мавзӯи Паёмбар (с), 2000 сомонӣ ҷарима бастанд

Дар моҳи майи 2013, Додгоҳи Кӯлоб Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратовро 2 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Ба гуфтаи мақомот, додгоҳ Абдусамад Ғайратовро дар вайрон кардани моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷалби ноболиғон ба маросимҳои динӣ ва моддаи 13-и қонуни танзими расму оин гунаҳкор донист.

Тибқи ин гузориш, Абдусамад Ғайратов гуфт, ӯро ба он гунаҳкор мекунанд, ки гӯё бидуни мувофиқа ва хилофи қонун, мавлуди Паёмбари исломро бо иштироки бонувону ноболиғон баргузор кардааст. Вай гуфт: “Мо аслан мавлуд нагузаронидем, балки ин як семинар буд, ки нақшааш як сол пеш бо раёсати ҳизб мувофиқа шуда буд. Семинар дар мавзӯъи “Муҳаммад (с) раҳмати оламиён аст” ном дошт ва дар рӯзи истироҳат бояд гузаронида мешуд. Ин рафтори мо хилофи қонун набуд, аммо мо инро нобоварӣ ба фаъолияти шаффофу қонунӣ ва фишори ҳамаҷониба ба худ медонем.”

Интиқоди Ҳоҷӣ Абдусамад аз мошини идеологии ҳукумат

Тибқи гузорише дар таърихи 19 апрели соли 2014, пас аз нашри хабарҳои кушта шудани чанд ҷавон аз минтақаи Кӯлоб ва эҳтимоли ширкати чанд ҷавони дигар аз ин минтақа дар ҷангҳои Сурия, намояндагони Кумитаи дин, муфтиёт ва Кумитаи занон ба ин минтақа сафарбар шуда, таблиғотро шӯрӯъ кардаанд. Кори онҳо асосан аз вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо иборат аст. Бо назардошти ширкати ҷавонон дар ҷангҳои Сурия, коршиносон ин амали ҳукуматро ба “мушти баъд аз ҷанг” ташбеҳ медиҳанд.

Аз ҷумла, Абдусамад Ғайратов гуфт, даҳҳо роҳе вуҷуд дошт, ки аз ширкати ҷавонон дар ҷангҳои Сурия пешгирӣ шавад, масъулони соҳаи идеологӣ онҳоро ё комилан истифода намекарданд ва ё онҳоро хеле беҳунарона анҷом медоданд. Ҳоло ҳам ба гуфти ӯ, мақомдорон бо рӯҳониён, фаъолон ва донишҷӯёне сӯҳбат мекунанд, ки ба худии худ онҳо ақидаҳои ифротӣ надоранд. Ӯ бар ин аст, ки таблиғ бояд миёни қишри осебпазири ҷомеа гузаронида шавад, ки иборат аз ҷавонони бекор ва дорои андешаҳои тангу маҳдуди мазҳабист. Аз сӯӣ дигар, ба гуфтаи ӯ, ба ин қишри ҷомеа дурусттар таълимоти исломӣ дода шавад, ки дигар бо роҳи хато нараванд.

Вай гуфт: “Инҳо дар Тоҷикистон таълимоти нокофиву нодурустӣ динӣ гирифтаанд, ки бо роҳҳои бад бурданашон хеле осон аст. Онҳо дар Тоҷикистон қонеъ нашудаанд ва мехоҳанд дар дигар давлатҳо таълим гиранд, ки дигар он ҷо ҳар гурӯҳ онҳоро ба манфиати худ истифода мекунад. Ягона роҳи баргардонидани онҳо аз шомил шудан ба гурӯҳҳои тундрав дар таълимоти дурусти динӣ аз ҷониби рӯҳониёни тоҷик аст, ки онҳоро дар ин баробар ба ватандӯстиву ватандорӣ тарғиб мекунанд.”

Ҳоҷӣ Абдусамад ҳамчунин изҳор дошт, коҳиш додани муҳоҷират ва зери назорат гирифтани ин раванди иҷтимоӣ ҷавононро аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ наҷот медиҳад.

Ҳамла ба Кабирӣ дар Кӯлоб

Бар асоси гузориши 10 июни соли 2014, ҳангоми сафари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили вақти порлумон ба Кӯлоб, як гурӯҳи занон ва ҷавонони тануманду зоҳиран варзишгар ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ҳуҷум бурданд ва ба сӯи онҳо помидор ва тухм партоб намуданд. Ба гуфтаи Кабирӣ, ашхоси ҳамлавар бо партоби тухму помидор мақсад доштанд, ки аз ҷониби афроди ҳизб вокунише ба амал ояд ва даргирӣ сурат бигирад. Дар дасти афроди ҳамлагар корду меху дигар ашё ба мушоҳида расидааст. Вай афзуд: “Вале аъзои ҳизб сабру таҳаммул намуданд ва дар баробари рафтори ин афроди ҳамлагар ором истоданд”.

Ҳоҷӣ Абдусамад дар ин робита гуфт: “Шумори ҳамлагарон ягон 10 нафар буд, ки ба ҷуз 2 нафар бақия аз аҳли шаҳри Кӯлоб набуданд.”

Боздошти Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар таърихи 16-уми сентябри соли 2015 13 тан аз масъулони аршади Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), аз ҷумла Абдусамад Ғайратовро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи муовини вақти вазири дифоъи кишвар, шаҳид генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд. Иттиҳоме, ки ҲНИТба шиддат онро рад мекунад.

Дар мусоҳибаи ихтисосии худ бо радиои Озодӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ гуфт, ки ҳукумат тарҳи бастани ин ҳизбро аз пеш кашида буд ва ҳоло мувофиқи нақшаҳои худ амал мекунад. Кабирӣ бори дигар ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки даст аз таъқиби ҳизб ва аъзоёнаш бардошта, бигузоранд, мувофиқи қонун ин ташаккули сиёсӣ фаъолияти худро идома диҳад.

Зиндонӣ кардани Ҳоҷӣ Абдусамад ба муддати 16 сол

13 нафар аъзои Раёсати олии ҲНИТ аз ҷумла Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов ба иттиҳомҳои пуч ва беасос маҳкум гардиданд. Бар асоси гузорише дар таърихи 2 июни соли 2016, Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҳизб, ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Бино ба иттилои вакилони дифоъ ва наздикони боздоштшудаҳо, Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуда, бақия аз 14 то 28-солӣ гирифтаанд, ба шарҳи зерин:

Раҳматуллои Раҷаб — 28 сол;

Абдуқаҳҳори Давлат — 28 сол;

Қиёмиддин Авазов — 28 сол;

Саттор Каримов 28 сол;

Зубайдуллоҳи Розиқ — 25 сол;

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад — 23 сол;

Саъдидини Рустам — 20 сол;

Воҳидхон Қосиддинов — 20 сол;

Ҳикматулло Сайфуллозода — 16 сол;

Муҳаммадашариф Набиев — 14 сол;

Абдусамад Ғайратов — 14 сол.

СММ хостори озодии фаврии боздоштшудаҳои ҲНИТ аз ҷумла Абдусамад Ғайратов шуд

Тибқи гузориши 11 феврали 2020, як гурӯҳи ҳуқуқшиносони Созмони Милал баъди таҳқиқи парвандаҳои 11 узви ҲНИТ аз ҷумла Абдусамад Ғайратов, ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон онҳоро дастгир кардааст. Дар хулосаи Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона, ки рӯзи 11-уми феврали ҳамон сол дастраси матбуот шуд, омадааст: “Возеҳ аст, ки ангезаҳо барои боздошт ва зиндонӣ кардани 11 узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар воқеъ истифодаи онҳо аз ҳаққашон барои озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст.” СММ аз ҳукумат хостааст, ҳамаи 11 зиндониро озод кунад.

Бар асоси гузориши 12 феврали 2020, ин гурӯҳ ҳамчунин изҳор дошт, ки онҳо “барои истифода аз ҳаққи худ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ” зиндонӣ шудаанд.

КШНГЗС таъкид кард, тамоми талоши худро барои озодии Ҳоҷӣ Абдусамад ба харҷ хоҳад дод

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо баёни ин ки барои озодии ҳамаи зиндониёни сиёсии тоҷик аз ҷумла Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, таъкид кард: “То замони ба озодӣ расидани азизонамон аз зиндонҳои режими Эмомалӣ Раҳмон, як лаҳза ҳам ором намешинем, мо кӯшиш мекунем, онҳо озод шаванд. Барои озодии онҳо, аз ҳамаи васоили мумкин баҳра мегирем.”

#Ҳафтаи_Абдусамад_Ғайратов

#Озодӣ_ба_Абдусамад_Ғайратов

#Свободу_Абдусамаду_Гайратову

#Free_Abdusamad_Qayratov

Абдусамад Fайратов кист?: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: