Ин нома ба тартиб ба ҷиҳоти зер аст:
Раҳбари Инқилоби Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ
Мушовири байналмилалии дафтари Раҳбари Эрон, ҷаноби оқои Алиакбари Вилоятӣ
Раиси Ҷумҳури Исломии Эрон, ҷаноби оқои Сайидиброҳими Раисӣ
Аз сӯи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.
Дар 27 июни 1997 (мутобиқ бо 6 тири 1376 шамсӣ) миёни Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ, раҳбари иттиҳоди мухолифони тоҷик, таҳти риоят ва замонати Созмони Милали Муттаҳид ва чанд кишвар аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Дар поизи соли 2015 (1394 шамсӣ) ин созишнома аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон нақз ва фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — муҳимтарин ҳизби сиёсии мухолиф манъ шуда ва ин ҳизб аз тарафи ҳукумат ба унвони як гурӯҳи “терористӣ” эълон гардид. Бештари раҳбарони он ба иттиҳомҳои пуч ва бепоя зиндонӣ ва раҳбарони боқимондаи ин ҳизб ва шуморе аз аъзо ва ҳамчунин теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз фаъолони сиёсӣ ночор Тоҷикистонро тарк ва ба дигар кишварҳо паноҳанда шуданд. Имрӯза бештари раҳбарон ва фаъолони сиёсии тоҷик дар кишварҳои урупоӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.
Мо дар ин нома дар бораи авоқиб ва паёмадҳои манфии нақзи ин тавофуқ ва зарару зиёни сиёсии он намегӯем, ин кори мо нест, кори Паймони Миллии Тоҷикистон; эътилофи аҳзоб ва гурӯҳҳои опозисиюни тоҷик аст. Ва ин эътилоф ба тарафҳои зомини ин тавофуқ дар бораи он расонд ва боз ҳам агар ниёз буд мегӯяд. Мо як созмони ҳуқуқӣ ва инсонӣ ҳастем ва сару корамон бештар бо зиндониён ва гаравгонҳои сиёсӣ аст.
Имрӯза, ба эътирофи дӯсту душман, бештари зиндониҳои тоҷикро зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла аъзо ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аз ҳамон рӯзи аввали манъи ин ҳизб ва муҳоҷирати фаъолони сиёсӣ ба соири кишварҳо, фишорҳо ва озору азиятҳои на танҳо зиндониёни сиёсӣ дар дохили зиндонҳо, ки ҳатто хонаводаҳо ва наздикони онҳо дар кишвар шурӯъ шуд. Озору азиятҳое, ки қалам аз баёни он шармсор аст.
Ва ин ҳама фишорҳо ва озору азиятҳо дар ҳоле аст, ки кишварҳои зомини тавофуқи номбурда ҳатто “лом” нагуфтанд. Ва бо ин ки онҳо ба чашмонашон ин мусибатҳоро медиданд, вале ба хотири масолеҳу манофеъи сиёсии худ ва хароб нашудани равобиташон бо ҳукумати Тоҷикистон яъне режими Эмомалӣ Раҳмон, тарҷеҳ доданд, сукут кунанд ва чизе нагӯянд, ба истиснои Созмони Милали Муттаҳид, ки ба ҳукумати Тоҷикистон “тавсия” кард, фавран зиндониёни сиёсиро озод кунад, ки Раҳмон ба он ҳам таваҷҷӯҳе накард.
Хулоса, фишорҳо аз ҳамон таърих то ба имрӯз идома доштанд, то навбат ба наздикон ва хонаводаи раҳбари фақиди иттиҳоди мухолифони тоҷик, марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ расид. Дар соли 2015, хоҳарзодаи устод Нурӣ, Мӯсо Шейхов ва бародарзодаи вай, Сайдулло Нуриддиновро аз озодӣ маҳрум ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд.
Ба илова, аз чанд моҳ пеш фишорҳо бар ин хонавода дучандон шудааст. Тибқи охирин хабар, ахиран 6 аз хешовандони наздики марҳуми устодро ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Саидов, ҷияни устод Нуриро ба 5 соли зиндон ва додгоҳи шаҳри Бохтар Нурулло Саидов, бародари хурдии устод ва писари ӯро ба 5-уним соли зиндон ва бародарзодаи ӯ, Муҳибуллоҳ Нуриддиновро низ ба 5-уним сол ва ҳамчунин қудоҳои ӯ Сайвалӣ Ризоев ва Зуҳурбек Хоҷаевро 6 моҳӣ равонаи зиндон кард.
Бар пояи ин хабар, пайвандони ин 6 нафар изҳор доштанд, онҳоро ба гирифтани ”маблағҳои ғайриқонунӣ аз хориҷа” гунаҳкор кардаанд.
Барои як тоҷикистонӣ иттиҳоми мазкур вақте онро мешунавад, хандаовар аст. Зеро, имрӯза дар Тоҷикистон хонаводае нест, ки яке аз аъзои он дар берун аз кишвар машғули кор набошад ва ба наздикони худ дар Тоҷикистон пул ирсол накунад. Тақрибан ҳамаи хонаводаҳо, ба хотири набуди ҷойи кор ва шуғл дар дохили кишвар ва адами таъминашон аз сӯи ҳукумат, дар берун аз Тоҷикистон, ба хусус дар Русия муҳоҷират ва кор мекунанд. Онҳо мураттаб хонаводаҳои худро ба пул таъмин мекунанд. Ва асосан, бахши қобили таваҷҷӯҳи буҷаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҳисоби пули муҳоҷирони корӣ таъмин мешавад. Агар тоҷикистониҳо дар берун аз кишвар кор ва пул ирсол накунанд, на танҳо хонаводаҳои онҳо бо гуруснагӣ ва ташнагӣ рӯ ба рӯ, ки буҷаи кишвар ҳам холӣ мешавад. Агар қарор аст, “дарёфти пул аз хориҷ аз кишвар” ҷурм талаққӣ шавад, пас ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, бидуни истисно, муҷриманд, на танҳо наздикони устод Нурӣ.
Ҳамзамон бо ин, ҳафтаи гузашта Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамла ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз раҳбарони минтақа ва фармондеҳи собиқи опозисиюни тоҷик ва ҳудуди 20 нафарро дар ин вилоят ба қатл расонд. Ва чанд сол пеш аз ин ҳодисаи дилхарош низ, 19 нафар аз донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи Ал-мустафои Ҷумҳурии Исломии Эронро боздошт ва аз 6 то 12 сол маҳкум ба зиндон карданд.
Аз он ҷо, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз муҳимтарин зоминҳои тавофуқи сулҳ байни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифони сиёсии ӯ буд, оё шаръан масъулият надорад, лоақал як эътирозе бикунад? Ба хусус дар ин айём, ки гуфта мешавад, Раҳмон ба ин кишвар сафар дорад? Ба ӯ эътироз кунад, ки даст аз озору азияти мухолифонаш бардорад?
Таваққӯъи мо, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки ба унвони як зомин ба масъулияти худаш амал кунад. Ин бимонад, ки интизорамон аз як кишвари исломӣ он буд, ки вақте бародарон ва хоҳарони мусалмонаш мавриди озору азият ва анвоъи фишорҳо қарор мегиранд, коре бикунад.
Ба ҳар ҳол, мо ба кор ва фаъолияти худамон идома медиҳем, чӣ дигарон дастамонро бигиранд – ки вазифаашон аст – ва чӣ нагиранд, дар ҳар сурат, мо ба корамон идома медиҳем.
Бо камоли эҳтиром,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Баҳори 2022 мутобиқи 1401
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий