Бознашр аз сомонаи Паём
Ҳафтаи ҷорӣ аз сӯи дӯстон дар КШНГЗС барои Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов ихтисос ёфтааст. Умедворем, наздикони ӯ ва дӯстонаш ва низ азизоне, ки ӯро мешиносанд, дар борааш бинависанд, то мо, тоҷикистониҳо ин зиндониро беҳтар бишиносем.
Ва аммо ёддоште, ки мехоҳам барои ин ҳафта бинависам ва бо азизони хонанда дар миён гузорам, дар ду меҳвар аст: яке, дар бораи мавзеъи баъзе аз дӯстони муборизамон пас аз фоҷеаи Бадахшон ва шаҳодати шумори зиёде аз ҳамватанонамон, ки ба дасти нерӯҳои Раҳмон ба қатл расиданд. Ва дигар, дар бораи сафари Раҳмон ба Теҳрон.
1) Мубориза чист ва мубориз кист?
Шоиста аст, дар муқаддимаи сӯҳбат дар меҳвари аввал, ибтидо барои шаҳидоне, ки ба дасти нерӯҳои Раҳмон кушта шуданд, махсусан шаҳид Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дуо кунем ва барои наздикони онҳо, бахусус модаронашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил таманно намоем. Бешак, хуни онҳо беарзиш нест, ки ба ҳамин роҳатӣ рехта шавад, вале мижаи мо, тоҷикҳо такон нахӯрад, ки гӯӣ ҳеч иттифоқе наафтода. На. Ҳаргиз! Раҳмон ва шумори бисёр андак аз атрофиёнаш бо ин корашон муртакиби ҷинояте шуданд, ки ҳаргиз ва абадан фаромӯш нахоҳад шуд. Гузашта аз ин ки интиқоми хуни ин азизон аз ҷиноятпешаҳо на танҳо лозим, ки як дайн аст бар гардани так-таки мо, тоҷикистониҳо. Ва аммо ба чӣ роҳе, инро рӯзгор нишон медиҳад.
Ҳоло матлаби асосӣ: дар буҳбуҳаи фоҷеаи Бадахшон ва пас аз он, яке ду нафар аз дӯстони муборизамон, ки ҳузури онҳо бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурранг буд, изҳор доштанд, ки аз пайкор дар майдони сиёсат “худоҳофизӣ” мекунанд ва дилашон ба истилоҳ, “монд”. Хуб, аз кӣ монд? Аз тоҷикистониҳо монд. Чаро? Зеро ба гуфтаи онҳо, мардум вақте ҳаммиҳанон ва ҳамхунҳояшон дар гӯшае аз кишвар кушта мешаванд ва аз сӯи режим ба онҳо зулму ситам мешавад, мижаашон такон намехӯрад ва ҳеч парвое надоранд ва аз ин рӯ, арзиши онро надорад, ки одам барои якчунин ҷомеаи мурдае пайкор кунад.
Нуктае, ки мехоҳам ба ин азизон арз кунам ин аст, ки ба назари онҳо, гӯё ҷомеа – ҳама ва ё лоақал аксарияти он – мисли онҳо меандешанд ва мисли онҳо дағдаға доранд ва аз ин рӯ таваққӯъашон аз ҷомеа ин аст, ки мисли онҳо бошанд, ки масалан, вақте аз ноҳияи режим ба касе зулм мешавад (мисли он чи имрӯзҳо нисбат ба мардуми Бадахшон сурат мегирад), хомӯш ва сокит нанишинанд ва бетафовут набошанд, балки ҳаракате кунанд. Ва замоне, ки мебинанд, ҷомеа – лоақал аксарияти он — мисли онҳо нестанд, якдафъа ноумедӣ вуҷудашонро фаро мегирад ва аз пайкори худ даст бармедоранд.
Дар ҳоле, ки як мубориз ва пайкорҷӯ бояд бидонад, муборизаи вай на танҳо бо режим ва ҳокими ҷомеа, ки зулм мекунад аст, балки дар канори он, бедор кардани мардум худаш мубориза аст ва балки асоситарини пайкорҳост. Мубориза фақат ин нест, ки шумо бо ҳоким даст ба гиребон шавед ва аз ҷомеа таваққӯъ дошта бошед, ҳамроҳиатон кунад ва офаринатон хонад. Ҳаргиз! Балки муҳимтарин пайкор ва мубориза, ин бедор кардани ҷомеа аст агар ба гумони шумо, мурда. Ҳазрати Нӯҳ (а) ҳудуди ҳазор сол кораш ин буд, ки ба ҷомеа ва мардуми худ бифаҳмонад, ки онҳо дар хоби ғафлат ҳастанд. Дар ин муддат, ҳазрати Нӯҳ (а), бо ин ки бо душманиҳои мардум рӯ ба рӯ гардид, аммо ноумед нашуд ва нагуфт, ки дилаш аз онҳо монда! Балки ба кораш идома дод.
Бинобар ин, вазифаи як мубориз ва пайкорҷӯ имрӯз дар ҷомеаи мо ин аст, ки ба мардум бифаҳмонад, ин режим бояд сарнагун ва гӯрашро гум кунад. Бо мантиқ, бо истидлол ва бо овардани ҳуҷҷат, барои мардум собит кунад, ки рафтани ин режими хуношом ба нафъу суди онҳо ва кишвар аст, вагарна на танҳо худашон, ки фарзандон ва насли ояндаи онҳо бо анвоъи бадбахтиҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Мубориза ва пайкор нафасе бисёр тӯлонӣ аз инсон мехоҳад ва ҳавсала ва сабри бисёр металабад. Бояд инсон ҳавсала дошта бошад ва фарозу нишебҳои ин роҳ набояд инсонро ноумед ва бо яъс мувоҷеҳ созад. Агар қарор аст, бо як ҳодиса ва як фоҷеа, инсон дилаш сард шавад ва бо ҷомеа “худоҳофизӣ” кунад, ки мубориза кори бисёр саҳлу осоне будааст.
Муҳимтарин коре, ки имрӯз бояд бикунем ва лаҳзае ноумед нашавем ин аст, ки ба корамон ва ба муборизаамон давом диҳем; аз тариқи ҳамин фазои маҷозӣ, ки дар ихтиёрамон аст, аз тариқи эътирозҳо ва пикетҳо дар кишварҳое, ки ҳастем. Ҳарчанд ба танҳоӣ ва касе ҳамроҳамон нест. Вайсиддин Одинаев, ки гоҳе ба танҳоӣ пикет мекард ва дар баробари сафорати Тоҷикистон ба эътироз менишаст, банда кулли хушҳол мешудам ва руҳия мегирифтам. Ин корҳо ба мардум руҳия медиҳад. Яке аз муҳимтарини пайкорҳо дар бедор кардани ҷомеа ҳамин аст.
Он бону, нахуствазири Миёнмор, замоне буд, ки танҳо камар ба мубориза ва пайкор баста буд ва касе ҷуръати ҳамроҳӣ бо ӯро надошт. Ба танҳоӣ даст ба эътироз мезад ва ба танҳоӣ дар баробари сафорати кишвараш дар Урупо пикет мекард. Ҳама ба ӯ механдиданд, ки девона аст! Аммо ин бону – ки феълан коре ба ин надорам, ки баъдҳо чӣ мавзеъе дар баробари ақаллияти мусалмон дар кишвараш гирифт – лаҳзае ноумед нашуд ва нагуфт, аз мардуми Миёнмор дилаш мондааст, ки коре дар баробари диктотури кишварашон намекунанд. Саранҷом, кӯшишҳои ин бону ба самар нишастанд ва пирӯз шуд ва режими диктотурӣ ва низомӣ дар Миёнмор сарнагун гардид.
Бинобар ин, мубориз ба касе гуфта мешавад, ки фарозу нишебҳои рӯзгор ӯро ноумед намесозад ва даст аз пайкор барнамедорад.
Як қоъидаи куллӣ, ки қоъидае қуръонӣ ҳам ҳаст, ба дастатон бидиҳам. Ва он ин ки: вақте дидед, пайкори шумо дар бурҳае аз замони мубориза натиҷа надод, бидонед, ҳанӯз ҷомеа сазовори зиндагии хуш ва дар сояи озодӣ аз қайду бандҳо ва диктотурӣ набудаанд. Вагарна, маҳол аст, ҷомеа сазовори як низоми шоиста ва ба дур аз ҳар навъ диктотурӣ бошад, вале фазо барояш тағйир накунад. Ва ба сухани дигар, кӯшиш ва талоши шумо ҳанӯз кофӣ набудааст, балки бештар бояд талош ва мубориза кунед. Бинобар ин, шикаст дар марҳилае аз мароҳили мубориза, на ин ки инсонро ноумед, балки ба ӯ ин матлабро мерасонад, ки ҳанӯз талоши ӯ кофӣ набудааст ва бояд бештар талош кунад. Маънои ояти —
إِنَ اللَهَ لَا يُغَيِرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَىٰ يُغَيِرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ
“Худо ҳоли ҳеч қавмеро дигаргун нахоҳад кард, то замоне, ки худи он қавм ҳолашонро тағйир диҳанд…” (Сураи Раъд, ояти 11) – ҳамин аст.
2) Ду се ҷумла дар бораи сафари Раҳмон ба Теҳрон:
Ҳафтаи ҷорӣ ҳамаи мо, тоҷикистониҳо шоҳиди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон ва имзои чанд санади тафоҳум байни ин кишвар ва Тоҷикистон будем. Сафари Раҳмон ба Теҳрон дуруст замоне сурат гирифт, ки дастони ӯ бо хуни даҳҳо шаҳрвандони тоҷикистонӣ оғишта ва модарони зиёдеро дар Тоҷикистон доғдор карда буд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз зоминҳои барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, вазифааш ин буд, ки ба ҷои истиқбол аз Раҳмон ва тафоҳум бо ӯ, водораш кунад, то даст аз ситам ба мардуми худ бардорад. Аммо накард. Яъне ба вазифа ва таклифи худ ба унвони зомини сулҳ дар кишвари мо, амал накард. Мо ин саҳлангории ин кишвар ва мақомоташро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард.
Масъулони ин кишвар, дуруст мисли масъулони русӣ ва соири зоминҳои сулҳ, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Раҳмон бо анвоъи фиребкориҳояш “пирӯз” аз об даромадааст ва гумон мекунанд, ӯ қудрати воқеӣ дар Тоҷикистон аст, тарҷеҳ медиҳанд, ки бо вай сару кор дошта бошанд ва ба назари онҳо, тарафи дигари сулҳ, яъне ИНОТ — ки ПМТ алъон меросбари он аст – дигар дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳузури физикӣ надорад.
Аммо иштибоҳ мекунанд. Ва ҳар кишваре ҳам, ки чунин фикр мекунад, иштибоҳ мекунад. Асосан, мӯҷиби таассуф аст, ки кишварҳое дар Тоҷикистон зомини сулҳ буданд, ки имрӯз тарҷеҳ медиҳанд, Раҳмон дар Тоҷикистон дар раъси қудрат бошад. Зоҳиран, ӯро меписанданд ва аз сиёсатҳои ӯ хушашон меояд ва намехоҳанд, дар Тоҷикистон низоме мардумӣ барқарор шавад. Яке аз далелҳои умдаи пуштибонӣ ва ҳимояти онҳо аз Раҳмон, ҳамин нукта аст. Яъне намехоҳанд, дар Тоҷикистон як низоми воқеан мардумсолор ва демукротик барқарор шавад.
Аммо мо ба корамон идома медиҳем. Мо ба мубориза ва пайкори худ идома медиҳем. Фарозу нишебҳои роҳ на танҳо хастаамон, ки баръакс водорамон мекунад, бештар талош кунем. Бештар кӯшиш кунем ва ба мардум ва ҷомеаи худ бифаҳмонем, ки Раҳмон Тоҷикистонро нобуд ва мардумашро қашшоқ кардааст. Коре кардааст, ки тоҷик дар дунё сарафканда ва ҷавононаш мардикор ва гастарбайтер гарданд. Вазъе, ки Раҳмон дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, қобили таҳаммул нест. Ва рӯзе ӯ дар баробари аъмолаш посух хоҳад дод. Дар ҳамин дунё қабл аз охират.
#Ҳафтаи_Абдусамад_Ғайратов
#Озодӣ_ба_Абдусамад_Ғайратов
#Свободу_Абдусамаду_Гайратову
#Free_Abdusamad_Ghayratov
Манбаъ: Паём
Добавить комментарий