Гунаҳкори бегуноҳ

Ёддоште аз Ҷунайдулло Худоёров

Имрӯз 1-уми июни 2022 додраси додгоҳи ноҳияи Лахш, Маҳмуд Баротзода Мавҷигул Ғарибова, модари азизу меҳрубони бандаро бо моддаи 237 Қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон “айбдор” эътироф намуда, ба ду сол ҳабси шарти маҳкум намуд.

Инчунин Алишери Насриддинро бо моддаи 237 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намуда, ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум намуда, хоҳарам, Худоёрова Валаъматро бегуноҳияшро исбот намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ва борҳо оиди ин масъала банда аризаву муроҷиатҳои видеоӣ ва хаттӣ ба мақомоти болоии давлат ба хусус Президент Эмомалӣ Раҳмон намуда будам, вале нафарони мансабдори ҷиноятпеша парвандаи сохтаи худро то охир бурда, ҳатто дар додгоҳ вайро гузарониданд.

Модари ман ягон ҷиноят содир накардааст Ӯ асири чанд нафар мансабдори ноҳияи Рашт мебошад; АСИР!

Ҷунайдулло Худоёров

Кормандони ШВКД оид ба хизматрасонии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, ки борҳо дар бораашон гуфтаму навиштам, дар ин парвандаи беасос кушоданҳо сад дар сад гунаҳкор мебошанд, ба хусус дар ифтитоҳ намудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи хоҳарам, Худоёрова Валаъмат 100% ҷиноят содир намудаанд.

Дар куҷои қонун омадааст, ки бидуни хулосаи экспертизаи судии тиббӣ, бидуни ҳеч далеле бо шоҳидии бардурӯғи як нафар алайҳи шаҳрванд, парвандаи ҷиноятӣ боз намоянд?

Далелашон як навори видеоӣ будааст, ки дар дасти хоҳари ман чӯб ҳамроҳи писарам барои овардани говҳоямон мерафтаанд.

Имрӯз дар маҷлиси ошкорои судӣ Алишери Насриддин иқрор шудааст, ки “ман нисбати апаи Валаъмат на аризаи шикоятӣ навиштааму на хулосаи экспертизаи судии тиббӣ дорам ва на ягон даъво дорам”.

Магар дар ин ҳолат кормандони милитсия ба хусус муфаттиши парвандаи сохта Аҳёзода Билол ҷиноят содир накардааст?

Аҳёзода Билол барои рӯйпӯш намудани ҷиноятӣ хеш ягона шоҳиди холис Сафаров Холмаҳмадро телефонӣ занг зада таҳдид намудааст, ки дар мурофиаи додгоҳи ширкат наварзад. Магар ин ҷиноят нест?

Хулоса, гуфтаниҳо ва даъвоҳо зиёд ҳастанд, вале намехоҳам дар ин ҳолати нооромиҳои Бадахшон ва банд будани роҳбарони воломақоми ҳукумат ба дигар самт, оиди ин чизҳо нависам.

Вақташ мерасад ҳама чизро равшану ошкор менависам, баъд маълум мешавад, ки кӣ ҷинояткор аст: модари ман ё он чаҳор нафар пагондороне, ки парвандаи беасос кушода хуни халқро мемаканд?

Ногуфта намонад, ки дар таърихи рӯзи 27 октябри соли 2021 дар натиҷаи як муноқиша Алишери Насриддин ном шахси номард ва оқи падару оқи модар, як нафаре, ки падари худро борҳо як ба як даъвати ба ҷанг кардагӣ аст, модари 66 солаи манро зери латукӯб қарор дода буд, аммо бо ивази гирифтани маблағ ва аз ҳиссиёти бадбинӣ нисбати мо Худоёровҳо кормандони милитсия ва прокуратураи ноҳияи Рашт алайҳи модару хоҳари банда парвандаи ҷиноятии сохта боз намуда буданд, ки инак филми сохтаашон ба поён расид.

Хитоби ман ба он нафароне, ки модари манро алайҳаш парвандаи сохта кушода ба додгоҳ кашиданд ин аст: Эй номардон! Шумо модари манро бо сохтакорӣ ба додгоҳ кашидед майлаш, аммо ман мисли шумо порахӯру дузду роҳзан ва номард нестам, як муҳоҷири меҳнатиам ва бо меҳнати ҳалол пул ба даст меорам, ҳаминро бароятон мегӯям, ки дар ивази ин ноҷавонмардии шумо ман агар соқу саломат ба Тоҷикистон баргардам, ҳатман барои модарони шумо як дастаи ГУЛИ САДБАРГ ба унвони ҳадя харидорӣ намуда, ба аёдаташон меравам, суроғаҳои ҳамаатон назди ман ҳаст, ва ин амалро барои он анҷом доданиам то бибинам, ки шуморо киҳо зодаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: