Ёддоште аз Муҳаммади Одинабек
Ҳоҷисоҳиб Абдусамад, моро бубахш, ки аз тарс мӯҳр бар лабон задаем. Шумо дар хонаи Худо барои ободиву озодии ин миллати хоболуд дуо мекардед. Ин миллат хоб нест, балки худро ба хоб андохтааст.
Ин миллат хоб нест!
Ин миллат кӯр нест!
Ин миллат кар нест!
Ин миллат гунг нест!
Ин миллат аз тарс худро ба хоб андохтааст!
Ин миллат аз тарс чашмони худро пӯшидааст!
Ин миллат аз тарс худро ба карӣ андохтааст!
Ин миллат аз тарс худро гунг намудааст!
Тарси молу ҷон дар бадани мо чунин асар намудааст, ки ҷасоратро аз даст додаем. Ҷасорате, ки аз ҷавҳар қиматтар аст. Аз набудани ҷасорат миллат дар ба дару хок ба сар шудааст. Касе ба додаш намерасад. Миллате, ки Рустами Достону Гурдофариду Восеъу Масъуд дошт. Миллате, ки Салмони Форсиву Бухориву Абӯҳанифаву Саъдиву Хофизу Айниву Дониш дошт, имрӯз аз набудани ҷасорат, нангу номус ва пешвои одил фақат “Ҷамшуту Равшан” дорад.
Моро бубахш!
#Ҳафтаи_Абдусамад_Ғайратов
#Озодӣ_ба_Абдусамад_Ғайратов
#Свободу_Абдусамаду_Гайратову
#Free_Abdusamad_Ghayratov
Добавить комментарий