Бобоҷон Қаюмов
Ин ҳафтаро Кумитаи наҷоти зиндониён ҳафтаи Абдусамад Ғайратов эълон кардааст. Абдусамад узви Раёсати Олии ҲНИТ ва чанд бор номзад ба вакили маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Кӯлоб буд.
Дар баробари ин фаъолиятҳо ӯ соҳибкорӣ ҳам мекард. Корхонаи дару тирезаҳои пластикӣ дошт. Ёдам ҳаст, як китобфурушие низ роҳ андохта буд ва онҷо барои афроди китобхоне, ки имкони хариди китобро надоштанд, шароитеро фароҳам оварда буд, ки метавонистанд китобҳоро ба таври орият бурда бихонанд ва баргардонанд. Дар баробари ин, ҳафтаномаҳои кишварро низ онҷо ба фурӯш мерасонд. Дар умум аз илму фарҳанг дур ва ё бегона набуд. Ҳатто дар солҳои охир бештар машғули фаъолиятҳои соҳибкориаш буд ва бештари масъулиятҳои ҳизбиро ба дигарон супурда буд.

Аммо ҳукумат чаро Абдусамад ва афроде мисли ӯро зиндонӣ кард?
Сухани маъруфе ҳаст, ки мегӯяд: “Як ҳукумати нолоиқ ҷое барои афроди лоиқаш ба ҷуз зиндон надорад”. Ин масал дар муносибати ҳукумат бо Абдусамад ва ҳамроҳонаш комилан сидқ мекунад. Бовар дорам, ки афроде мисли Абдусамад, Муҳамадалии Ҳаит, Сайфуллозода, Абдуқаҳҳору Қиёмиддин дар як кишвари дигар мебуданд, ҷояшон ҳатман дар яке аз вазоратҳо ё идораҳои давлатӣ ё мадании он кишвар буду хидматашон ба миллату кишвар мерасид. Аммо дар кишваре, ки раҳбаронаш мардумро ғуломи хеш дидан мехоҳанд, табиист, ки ҷои Абдусамадҳо зиндон аст.
Дар ҳукуматҳои худкома ва диктотурӣ барои озодихоҳон ва ё мухолифон ҳамеша баҳонаҳо ва иттиҳомоте вуҷуд дорад. Дастгоҳҳои фишор дар ҳукуматҳои худкома аз истилоҳҳои “хоин”, “ватанфурӯш”, “душмани миллат”, “террорист”, “ифротӣ” ва ғайра ҳамеша суистифода кардаанд ва мекунанд. Абдусамад, ҳам қурбонии чунин тӯҳмат шуд. Вагарна ӯ на касеро куштаву на бо касе даъвое дошт. Инсони ҳалиму хандончеҳрае, ки ҳатто мӯрчаро озор надодааст.
Бо кӯмаки яке аз дӯстон дару тирезаҳои масҷиди деҳаммонро иваз карданӣ шудем. Барои ин кор ба назди ӯ барои хариди дару тирезаҳо рафтем. Вақте фаҳмид мо дару тирезаҳоро барои масҷид мехоҳем, дигар чизе нагуфт. Бо арзонтарин нархи мумкин дару тирезаҳои масҷиди деҳаро иваз кард.
Як нуктаи ҷолибе, ки шояд бори охир аз ӯ дидам, ҳаргиз аз ёдам намеравад.
Дар авҷи таблиғоти интихоботии соли 2015 ба зиёрати падару модарам рафтам. Моҳи феврал дар доманаи теппаҳои Данғара гули сиёҳгӯш мерӯяд ва кӯдакон онҳоро чида дар роҳи мошингард мефурӯшанд. Чун модари раҳматиам ин гулро хеле дӯст медошт, ман барояш аз роҳ гул харидам. Ҳамсарам хоҳиш кард, ки бештар бихарем, шояд дар роҳ ба шиносҳо медиҳем. Ман гули нисбатан зиёде харидам. Дар шаҳри Кӯлоб ба қароргоҳи ҲНИТ дар ин шаҳр рафтем. Як қисмати гулҳоро ба кормандон бурдам.
Абдусамад чун машғули таблиғ буд, бо дидани гулҳо онҳоро гирифту ба ҳамроҳонаш дод. Аз онҳо хоҳиш кард, ки ҳамроҳ бо як варақаи таблиғотӣ ба ҳар як бону дар назди донишгоҳи шаҳри Кӯлоб як гул диҳанд. Ин кор ба мардуми шаҳри Кӯлоб хеле писанд меояд. Абдусамад дастиёрони ҲНИТ дар шаҳри Кӯлобро ҷамъ намуда, фардои он рӯз ба теппаҳои атроф ба гулчинӣ мераванд ва рӯзи баъд бо гулҳои зиёд таблиғоти интихоботиро роҳандозӣ мекунад.
Инсоне, ки ба фикри гул ҳадя додан ба ҳамаи мардум бошад оё террорист шуда метавонад? Ҳамин аст, ки ҳар касе Абдусамадро мешиносад ба иттиҳомоти бофтаи ҳукумат бовар намекунад.
Ҳатто дар зиндон ҳам ӯ озоду сарбаланд аст, зеро дар қалби мардум ҷо дорад.
Бо орзуи озодии тамоми Абдусамадҳо!
#Ҳафтаи_Абдусамад_Ғайратов
#Озодӣ_ба_Абдусамад_Ғайратов
#Свободу_Абдусамаду_Гайратову
#Free_Abdusamad_Ghayratov
Добавить комментарий