Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов
Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ин ки пештар ду ҳафтаро барои ҳар як аз Ҳоҷӣ Муҳаммадшариф Набиев ва Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов ихтисос ва дар бораи онҳо маълумот додааст, вале ба ҷиҳати аҳаммияти ин ду азизи зиндонӣ, ҳафтаи пеши рӯро низ барои ин ду ихтисос медиҳад.
Гуфтанӣ аст, ин ду марди озодандеш ва озодихоҳ ҳар як чанд соле риёсати шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлобро ба ӯҳда доштанд.
Ростӣ, ин ду марди шарифро хеле ҳам аз наздик мешинохтам, мардоне оддӣ буданд ва зиндагии соддае доштанд. Ҳеч кас аз инҳо нороҳат нашуда ва нест.
Солҳои ахир, вақте, ки фишор болои фаъолони ҲНИТ зиёд шуд ва режими имрӯза ба ҳар баҳона ба фаъолони сиёсӣ фишор меовард, ин ду марди бузург ҳам дар озору азият буданд, вале ягон вақт нашунидаам, ки изҳори хастагӣ ва нороҳатӣ карда бошанд. Ҳоҷӣ Муҳаммадшариф ҳамеша мегуфт, Эшон соҳиб (ба ман бо чунин шева хитоб мекард), табиати роҳ ҳамин аст, мо бояд дар муқобили инҳо ҳамеша бо одоб ва ахлоқи исломӣ бархӯрд кунем, инҳо як рӯз не як рӯз мефаҳманд ва аз иштибоҳоти худ шарм мекунанд.
Ҳеч аз хотирам намеравад, вақтҳои ахир замоне, ки режим бо фишор ва шиканҷа аз ҳамаи роҳбарони шӯъбаҳои ҲНИТ дар шаҳру вилоятҳо аризаи аз саффи ҳизб берун шуданашонро мегирифт, ин ду бузургвор ба хонаи ман омада, гуфтанд, ки вазъият хуб нест, моро маҷбур доранд, ки дар минтақаи Кӯлоб ҲНИТ-ро баста, аз саффи ҳизб хориҷ шавем, шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
Ман гуфтам, модоме, ки ҳамаи шӯъбаҳои вилоятӣ аризаи аз саффи ҳизб рафтанро дода бошанд, шумо ҳам то як муддат ва тағйири вазъият, аризаи хориҷ шудан нависед.
Дар ин ҳолат ҳар дуяшон якҷоя бо лаҳҷаи зебои кулобӣ гуфтанд: “Эй бонее аҷаб гапе мегуй Эшон соҳиб, мо маргро ба калла мегирему инхел нангро ҳеч вақт не!”
Ростӣ, вақте ин гуна ҷавобро аз онҳо шунидам, беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа зад, худ ба худ то ҳол меандешам, ки ин ду марди шариф воқеан қаҳрамонанд. Ман, ки ҳамеша аз мубориза ва содиқ будани худ ифтихор мекардам, дар ҳузури инҳо шарм кардам.
Баъдан, Ҳоҷӣ Муҳаммадшариф гуфт, ман дар хонаи шумо як моҳ меистам, ба Кӯлоб барнамегардам, зеро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфта будам, ки се рӯз вақтам диҳед. Агар баргардам, бисёри бад фишор меоранд. Хулоса, як муддат меҳмони ман буд, шабҳо сӯҳбат мекардем, ҳеч вақт аз забони ин ду марди наҷиб суханҳои қабеҳе, ки баъзе аз мардуми мо истифода мекарданд, намешунидам ва худ ба худ меандешидам, ки аз баччаҳои дохили шаҳри Кӯлоб чунин ашхоси бофарҳанг зиёд будааст.
Ман ҳамеша ифтихор мекунам, ки дар дунё ҳамнишини чунин нафарон ҳастам ва Худовандро дуо мекунам, ки ин мардони бегуноҳро ба яди қудрати худ аз чанголи ҷаллодон озод кунад ва маро дар охират ҳамнишини инҳо гардонад!
#Ҳафтаи_Муҳаммадшариф_Набиев_ва_Абдусамад_Ғайратов
#Озодӣ_ба_Муҳаммадшариф_Набиев
#Озодӣ_ба_Абдусамад_Ғайратов
#Free_Muhammadsharif_Nabiev
#Free_Abdusamad_Ghayratov
Добавить комментарий