Он чи дар бораи генерал-майор Холбаш Холбашев намедонед

Дар таърихи 20 феврали соли 2013, Эмомалӣ Раҳмон аз шуморе аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хидматҳое, ки барои кишвар намудаанд, қадрдонӣ кард. Аз ҷумла, аз Холбаш Холбашев. Бино бар гузорише дар ҳамин таърих дар сайти Prezident.tj, дар ин рӯз Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Холбаш Холбашев, ба дасти Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи генерал-майор сарфароз гардонда шуд.

Холбаш Холбашев кист?

Холбашев Холбаш Мамадназарович 23 апрели соли 1965 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ мебошад. Холбашев то соли 1992 дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ кор карда. Аз тобистони соли 1994 дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ машғул ба кор шудааст. Муддате Сардори комендатураи “Рӯшон” буд. Аз декабри соли 2001 муовини фармондеҳи Гурӯҳи сарҳадии оперативӣ ва ҳамзамон Сардори ситод буд. Холбашев то замони боздошташ, дар вилояти Суғд машғули вазифа ва аз марзҳои Тоҷикистон муҳофизат мекард.

Бале, генерал-майор Холбаш Холбашев аз марзҳои Тоҷикистон муҳофизат мекард ва дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ машғул ба хидмат буд. Дар бораи қаҳрамониҳои ӯ бахусус дар марз бо Қирғизистон ва дар ҷиҳати муҳофизат аз миҳан, бисёр гуфтаанд.

Наҷоти Раҳмон тавассути Холбашев аз як сӯиқасд

Хидматҳои Холбаш Холбашев дар марзҳои кишварамон, тамоми достон дар бораи қаҳрамониҳои ин мард нест. Достони наҷот додани ӯ Раҳмонро аз як сӯиқасд, бисёр шуниданист. Лозим ба ёдоварист, дар робита бо сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, он чи маъруф аст ва бисёр ба забонҳо оварда мешавад ин аст, ки дар апрели соли 1997 ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд, талоши сӯқасд ба ҷони ӯ сурат гирифт ва генерал Ёқуб Салимов, раиси вақти Кумитаи гумруки ҶТ, ҷони худро сипар намуд ва Раҳмонро аз ин сӯиқасд наҷот дод. Вале ин нахустин талош барои сӯиқасд ба Раҳмон набуд.

Бар асоси гузорише дар сайти Бомдод (дар таърихи 19.05.2022), номи Холбаш Холбашев “вақте вирди забонҳо шуд, ки ӯ аз як сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони президент Эмомалӣ Раҳмон ҷилавгирӣ кард ва нагузошт, ки силоҳбадастони як гурӯҳи дигари мухолифин Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо нахустин сафари корӣ ба Бадахшон омада буд, бикушанд.”

Шаҳрзоди Амин дар мақолае дар нашрияи СССР (дар таърихи 07.06.2018) – нашрияи тарафдори парупоқурси режим, ки ҳамеша дидгоҳҳо ва мавозеъи ҳукуматро мунъакис мекунад – навиштааст: “То ҷое огоҳем, аввалин сӯиқасд ба президент дар соли 1996 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон будӣ. Тавре хабарнигори мардумии СССР — Меҳриддин Замонов қаблан ёддошти худро дар СССР навишта буд, “ягон кас намедонист, ки Президент ба ноҳияи Рӯшон мебиёяд. Фақат ним соат пеш раиси ноҳия Шомансуров ба ман гуфт, ки худи Президент ба ноҳия меояд ва бо дастаи ҳофизон ба пешвози меҳмонон ба фурудгоҳ рафтем. Бояд гуфт, ки дар ҳамин вақт вазъи сиёсии ноҳия ба эътидол омада буд ва ягонтои мо гумон надоштем, ки чунин воқеаи ногувор рӯй медиҳад. Баъди 200 метри аз фурудгоҳ баромадан, пеши роҳи мошини “Волга”-ро, ки дар он президент Э.Раҳмон, Қозидавлат Қоимдодов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва ҷонишини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон менишастанд, гурӯҳи мусаллаҳ бо гранотамету автомати АК, иборат аз 3 тан садди роҳ шуданд. Қӯмандони қисми марзӣ, Холбаш Холбашов ва раиси ноҳия Шомансуров бо Навоӣ Хушенов — садри ин гурӯҳи мусаллаҳ гуфтугӯ карда, роҳро кушоданду рост ба қисми марзӣ (собиқ бинои Кумитаи ҳизби коммунистӣ) ворид гаштем. Табъи ҳамаи мо аз ин лаҳзаҳои нохуш хира буд. Дар ин вақт дар театри халқии ноҳия мардум ҷамъ омада, интизори вохӯрӣ бо Президент буданд. Баъди воқеа аксарияти меҳмонон розӣ набуданд, ки Президент ба вохӯрӣ равад. Зеро хатари такрор шудани моҷаро аён буд...”

Воқеан аҷиб аст, ки қаҳрамонони ин марзу бум; касоне, ки мухлисона барои миҳани худ хидмат ва ҳатто ҳозир буданд, ҷони худро барои раисиҷумҳури он нисор кунанд, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ва давру бариҳояш аввал ба унвони “террорист” эълон ва сипас ба зиндон фиристода мешаванд. Ин воқеан аҷиб аст! Ин ду мард яъне Ёқуб Салимов ва Холбаш Холбашев намунаи боризи чунин қаҳрамонҳои Тоҷикистонанд.

Одам гоҳе дар шак меафтад, ки дар кишвари мо гӯё қасдан тоҷикони воқеиро несту нобуд ва аз сари роҳ бармедоранд. Шаҳид полковник Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров низ саргузашти мушобеҳе бо сарнавишти генерал-майор Холбаш Холбашев дорад. Шаҳид Маҳмадбоқир низ муддате аз марзу буми ин кишвар муҳофизат мекард. Дар бораи ҷоннисориҳои ӯ дар марз бо Чин шунидаед.

Боздошт ва тӯҳмат ба генерал-майор Холбаш Холбашев ва зиндонӣ кардани вай

Генерал-майор Холбаш Холбашев рӯзи 18 майи 2021 ҳангоми бозгашт аз Ворух дар Исфара дастгир шуд. Ҳамсари собиқи ӯ, Улфатхоним Мамадшоеваро субҳи 18 майи ҳамин сол дар Душанбе боздошт карданд.

Бино бар гузориши сайти Бомдод дар таърихи 19.05.2022, “Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 19 майи соли 2022 дар як изҳороти вижа гуфт, нооромиҳои ахиррро дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алим Шерзамонов, Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекарданд.”

Режими Раҳмон чизеро ба ин се миҳанпараст бофт, ки ҳатто ба хоби онҳо намеомад. Бар асоси ин гузориш, “Улфатхоним Мамадшоева рӯзи 18 май дар шаҳри Душанбе ва бино ба иттилои дарёфтии ҳанӯз расман тасдиқношуда, полковник Холбаш Холбашев, фармондеҳи собиқи як қисми марзбонӣ дар Бадахшон низ рӯзи 18 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир шудаанд. Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллӣ, як эътилофи дар Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, аз соли 2017 дар Полша ба сар мебарад.”

Ва ин дар ҳолест, ки бар асоси ҳамин гузориш, “ба фарқ аз дигар фармондеҳони собиқи мухолифин аз Бадахшон, Холбаш Холбашев дар ҳаводиси солҳои ахири Бадахшон бетарафиро ихтиёр карда буд ва бо ҳукумат мухолифат намекард. Вале ВКД дар изҳороти ахираш мегӯяд, рӯзҳои 17-18 майи соли 2022, 200 нафар дар ноҳияи Рӯшон шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулмаро дар 3 нуқта баста, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро маҳдуд карданд. ВКД дар изҳороти худ эълом кардааст:Онҳо таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеа шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардиданд.”

Ин иттиҳомот дар ҳолест, ки воқеият тамоман чизе дигар буд. Бино бар гузориши нашрияи бритониёии “The Guardian” дар 19 майи 2021, “дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон дастикам 25 сокини ин вилоят кушта шуданд. Сокинони Рӯшон мегӯянд, эътирозгарон силоҳ надоштанд ва нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми мардуми осоишта тир кушоданд.”

Маҷбур кардани Холбашев ва Мамадшоева аз сӯи ВКД ба баёнот

Бар пояи гузориши 25.05.2022 дар сайти Бомдод, шоми 24 май дар Интернет филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” нашр шуд, ки зоҳиран аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар ин филм, ки қариб 17 дақиқа давом мекунад, баёноти Улфатхоним Мамадшоева ва генерал Холбаш Холбашев, ду нафаре, ки бо иттиҳоми ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии эътирозҳои ахири Бадахшон дастгир шудааст, низ нашр шудааст.

Гӯянда, ки гузоришҳову филмҳои мустанади қаблии КДАМ-ро ҳам гӯяндагӣ мекард, дар “Шикасти фитна” мегӯяд, тасмими ташкили эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ рӯзи 26 март дар хонаи Зарифбеков ном сокини маҳаллаи Бархоруғ гирифта шуд. Вале Улфатхоним Мамадшоева мегӯяд, ки ин ҷаласа дар як меҳмонхонаи хусусӣ баргузор шуда буд.

Муаллифони филм мегӯянд, дар нишаст Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ ва Алим Шерзамонов аз Аврупо тариқи мессенҷер иштирок кардаанд. Ба иддаои мақомоти амниятӣ, дар ин ҷаласа ҳамчунин қарор шудааст, ки Алим Шерзамонов маблағгузории эътирозҳоро ба дӯш мегирад, Холбашев масъулияти ташкили эътироз дар Рӯшон, Боқир масъулияти ташкили эътироз дар Хоруғро. Ба Мамадшоева масъулияти пӯшиши иттилоотии ин эътирозҳоро вогузор мекунанд.

Гӯянда дар филми “Шикасти фитна” ҳамчунин иддао мекунад, ки гӯё Алим Шерзамонов аз Аврупо барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон 6 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ 7 ҳазор доллар фиристодааст.

Вале бар асоси ин гузориш, Алим Шерзамонов дар саҳифааш дар Фейсбук ин иддаоро рад карда, бо киноя навишт: “Дар Тоҷикистон будам, сер намехӯрдам, вале маблағҳои калон мегирифтам, инак Урупо омадам, монолит мезанам ва ба Тоҷикистон пул равон мекунам, ки инқилоб кунанд. Ҳотами Той будаам.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: