Анора Саркорова дар ёддоште аксҳоеро аз эътирози мардуми осоиштаи Бадахшон ба рафторҳои ғайриқонунии КДАМ ва ВКД гузоштааст. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуда:
“Душанбеи расмӣ иддао дорад, ки эътирозгарон гӯё мусаллаҳ буданд.
Ҳоло, аксҳои ширкаткунандагон дар эътирози маданиро мунташир мекунам. Аксҳо ба равшанӣ нишон медиҳанд, ки аҳолии осоишта ягон силоҳ надоранд ва дошта ҳам наметавонистанд.
Тазоҳуроти рӯзи 16 май дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВАБК ва рӯзи 18 май дар Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон, аз сӯи низомиён ба таври бераҳмона саркӯб шуд.
Дар Хоруғ мардум алайҳи шеваҳои саркӯбгариву иқдомҳои ғайриқонунии ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон эътироз карданд.
Дар Вамар сокинони осоишта роҳи корвони низомии нерӯҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии кишварро, ки ба Хоруғ барои саркӯби мардуми ғайримусаллаҳ равона шуда буданд бастанд. Онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ баромада буданд. Онҳо ба таври бераҳмона ва ваҳшиёна муҷозот шуданд.”












Добавить комментарий