Рустами Ҷонӣ: “Рӯзи додхоҳӣ наздик аст”

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, бо ишора ба фоҷеаи Рӯшон, ки режими Раҳмон дар он беш аз 20 нафар шаҳрванди мусолиматомезро ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро захмӣ намудааст, навишт: “Яке аз фаъолони помирӣ дар мукотиботи шахсӣ хабар расонд, ки мақомоти тоҷик ӯро парванда кардаанд.” Ҷонӣ аз забони ин тоҷики бадахшонӣ навишт, ки ӯ гуфтааст: “Ростӣ, фахр кардам.” Ин рӯзноманигор ёдовар шуд: “Ҳар кас аз помириҳо, ки бо иттиҳомоти бардурӯғ кунҷи маҳбас рафтааст, бояд ин ифтихорро дошта бошад. Ҳукумат бо ин кор онҳоро не худро парванда мекунад ва рӯзи додхоҳӣ наздик аст.”

Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:

“Ҳар помирии мағздор — касе, ки намехоҳад ҳуқуқаш поймол шавад ва Помир ба ҷойгоҳи дигари кирдорҳои ғайриқонунии қудрат табдил ёбад — таъқиб мешавад, зиндон кардаанд ё фирорист.

Ҳар кӣ лаб ба интиқод кушода, ба як ганди “фарҳангӣ” наметавонад хӯ кунад, занҷир ба пойу даст зада ба марказ равон мекунанд.

Ҳоло қариб 100 рӯшониро бо иттиҳоми гурӯҳсозӣ ба Душанбе интиқол додаанд. Инҳоро шиканҷа кардаанд ва ақрабои онҳо низ зери фишоранд ё дигар аз онҳо хеше ҳам намонда.

Гурӯҳи хешон аз тарси ҷон аз онҳо рӯ тофта, бисёри онҳо қатл шуданд ё ҳанӯз як зарра муқовимати худро ба дарун кашиданд.

Чаро ҳукумат ҳамаи онҳоро ба Душанбе овард?

Боз ҳам аз таърихи салотини Манғития мисол мезанам. Амирони ин сулола дар Бухоро намоиши қатли озодандешон ва дигарандешонро дар майдони Регистон ё пеши Арк ташкил мекарданд.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Ба ҷуз эҷоди тарсу ваҳм дар зеҳни мардум, ин як шеваи қурбонӣ дар остони пешвои сиёсӣ буд.

Ҳоло муридони Пешвои сиёсӣ бо шеваи манғития ба ӯ мехоҳанд бигӯянд: ҳар хилофандешӣ ва шубҳа аз шеваи ҳукмронии Ӯ қурбони қадамгоҳ.

Пешвои сиёсӣ аз ҳар навъе аз ин қурбониҳо мутмаинтар ва хотирҷамъ мешавад. Хотирҷамъии ӯ дигар ҳар ситамро ба мардум раво месозад.

Ин мурофиаҳое, ки минбаъд паси деворҳои муҳкаму баланду симхор ба сари Душанбе мегузарад, ҳич роҳеро барои дифоъ аз зиндониҳо намемонад. Дасти мақомот барои ҳар коре ихтиёр дорад. Ҳукмномаи ҳар яки онҳоро то боздошт навиштанд.

Мутаасифона тақдири ҳар дигарандеш ва ҳақталош дар Тоҷикистон ҳамин аст.

Яке аз фаъолони помирӣ дар мукотиботи шахсӣ хабар расонд, ки мақомоти тоҷик ӯро парванда кардаанд:

“Ростӣ, фахр кардам”- баъд аз ин навишт ӯ.

Ҳар кас аз помириҳо, ки бо иттиҳомоти бардурӯғ кунҷи маҳбас рафтааст, бояд ин ифтихорро дошта бошад.

Ҳукумат бо ин кор Онҳоро не худро парванда мекунад ва рӯзи додхоҳӣ наздик аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: