Ба баҳонаи зодрӯзи устод Саидумар Ҳусайнӣ
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Нишонаи соҳиби қазия ва ҳадафи олӣ будан ин устворӣ, исор ва аз худгузаштагӣ аст. Ҷасорат, нотарсӣ, садоқат бар аҳду паймон, роҳ надодан ба шакку тардид ба худ дар роҳи интихобнамуда ва бовариву қадрдонӣ ба ҳамсафон ва дар ниҳоят худро фидо кардан барои амнияти ҳамроҳон ва ҳадаф, далели бузургии марди соҳибқазия ва шахсияти соҳиби ҳадаф аст.
Саидумар Ҳусайнӣ (Умаралӣ Ҳусайнов) — муовини аввали Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин марди мӯъмину қавӣ ва пурталош, барои мӯҳлати дароз пушти панҷараи зиндон қарор дорад. Аллоҳ барояш сабр, саломатӣ ва раҳоӣ аз зиндонро рӯзӣ кунад!
Мутмаиннам, ӯ ва ҳамроҳони зиндонияш, ки озоданд ва ҳадафи олиашон, “имон ба Худо, садоқат ба Ватан ва хидмат ба мардум” аст, пирӯз мешаванд.
Устод Саидумар Ҳусайнӣ имрӯз (10 июн) зодрӯз дорад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) ӯро ба ин муносибат табрик ва таманно дорад, Худои Тавоно ҳар чи сареътар раҳоӣ аз зиндонро барои вай насибу рӯзӣ кунад!
Зодрӯз муборак устод Саидумар Ҳусайнӣ!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)
10.06.2022
Добавить комментарий