Ҳафтаи Умаршоҳ Давлатов
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тасмим гирифт, ин ҳафтаро барои зиндонии сиёсӣ, Умаршоҳ Давлатов ихтисос бидиҳад. Умаршоҳ Давлатов на танҳо барои умум, ки ҳатто барои бисёре аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ, ки ӯ узве аз он аст, ношинохта ва маҷҳул будааст. Нигоранда, ки ӯро намешиносам, барои таҳияи ин гузориш, ба ман гуфтанд, ки аз Маҳмадӣ Тешаев — раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони паноҳанда дар Урупо ба сар мебарад, дар бораи Умаршоҳ бипурсам. Умаршоҳ на танҳо ҳамкори Маҳмадӣ, балки яке аз наздиктарин дӯстони ӯ будааст.
Суроғи Маҳмадиро гирифтам, то аз Умаршоҳ бигӯяд. Матолибе дар бораи он марди пурталош гуфт, ки хеле арзишманд аст ва шуниданаш барои хонанда, бахусус агар узви ҲНИТ бошад, муҳим аст; ба гунае, ки бо шуниданаш, тоза мефаҳмад, чаро ҲНИТ бо вуҷуди ин ҳама талоши ғаразварзон барои маҳви ҳатто номаш дар Тоҷикистон, ҳанӯз побарҷост. Ибтидо, як муқаддима арз кунам:

Оё ҲНИТ фақат як ҳизби сиёсӣ аст?
Ҳамин чанд рӯз пеш, дар фазои маҷозӣ наворе аз як ҳомии пару поқурси режими Раҳмон пахш шуд; касе, ки донишманд низ ҳаст. Суханронии ӯ дар бораи ваҳдати миллӣ буд. Хулосаи суханонаш ин буд, ки алъон, ки соли 2022 аст, ҳудуди 30 сол аз ҷанҷолу кашмакаш миёни ҳукумат ва опозисиюн ва сипас барқарории ба истилоҳ, сулҳу созиш миёни онҳо гузашта ва фазо куллан тағйир карда. Имрӯз ҷамъияти Тоҷикистонро бештар ҷавонони пойини 30 сол ташкил медиҳанд. Ин ҷавонҳо на танҳо замони барқарории сулҳу созишро дарк накардаанд, ки аслан дар он солҳо набуданд. Бинобар ин, сухан аз норозӣ будани як тарафи сулҳ, ки опозисиюн бошад, имрӯз маъно надорад. Имрӯза таркиби ҷомеа он таркибе нест, ки дар солҳои 90-уми қарни пешин буд. Он одамҳо дигар ё мурдаанд ва ё пиранд. Аз ин рӯ, дигар маъно надорад бигӯем, ваҳдати миллӣ замоне аст, ки ҳар ду тарафи сулҳ аз он розӣ бошанд. Ва хулоса, имрӯза ваҳдати миллӣ ҳаст ва ҳамин ҷавононро дар атрофи Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда. Хулосаи сӯҳбатҳояш ҳамин буд.
Ду эроди асосӣ ба ин натиҷагирии он донишманд ворид аст: яке ин, ки зоҳиран ӯ фаромӯш карда, фарзандони як тарафи созиш низ шаҳрвандони ҳамин кишвар ва ҷавонони имрӯзро ташкил медиҳанд. Фарзандони аксар ба иттифоқи касоне, ки дар як тарафи сангар қарор доштанд, дақиқан дорои ҳамон ҷиҳатгириҳое ҳастанд, ки падару модаронашон доштанд. Ва бо ин ҳисоб, имрӯз на танҳо шумори норозиҳо кам, ки баръакс бештар аст. Яъне агар бар фарз падару модарони онҳо дар солҳои 90-уми қарни пешин ниме аз ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медоданд, имрӯза дарсади норозиҳо ду баробар бештар шуда агар он падару модаронро ҳаддиақал дорои ду фарзанд бидонем, ҳол он ки тоҷикҳо маъмулан 5 ё 6-то фарзанд доранд.
Эроди дигар ва асосӣ ба суханони ин донишманд – ки ба гузориши мо дар бораи Умаршоҳ Давлатов марбут аст – он аст, ки ӯ зоҳиран гумон мекунад, гурӯҳҳои мухолиф ва опозисиюни Тоҷикистон дар солҳои 90-ум, мисли мухолифони дигар кишварҳо фақат аз аҳзобу гурӯҳҳои сиёсие иборат буд, ки ҳадафашон расидан ба қудрат буду бас. Дар ҳоле, ки ӯ фаромӯш карда, ташаккули асосӣ ва умда дар опозисиюни Тоҷикистон ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) буд. Ин нукта барои касе пинҳон ва пӯшида нест.
ҲНИТ, бо ин ки як ҳизби сиёсӣ аст ва раҳбаронаш, бахусус раҳбари кунуниаш, исрор дорад бигӯяд, ки ҳизби вай чандон фарқе бо соири аҳзоби сиёсӣ надорад, вале воқеият ин аст, ки ҲНИТ барои аъзо ва ҳаводорони он, фақат як ҳизби сиёсӣ, ки мехоҳад ба қудрат бирасад нест. Балки бештар аз он арзиш дорад. ҲНИТ пеш аз ҳама, як ҳизби динист. Набояд ҳаводоронашро маҳдуд ба як замони муайян – масалан 30 сол пеш – дониста ва аз ин рӯ таърихи масрафи онро имрӯза ба поёнрасида шуморем. Чунин нест. Иҷоза бидиҳед, андаке дар ин хусус бештар сӯҳбат бикунам. Албатта, инро арз кунам, ки нигоранда узви ин ҳизб нестам, ки ба ман эрод бигиранд, ки дар мақоми бузургнамоӣ ҳастам, балки воқеиятро таҳлил мекунам.
Тавзеҳ ин ки: касоне, ки вориди ин ҳизб ва узви он шудаанд, ангеза ва ҳадафи онҳо аз узвият, фақат сиёсат ва иштиғол ба умури сиёсӣ набуд. Яъне чунин нест, ки фарде мисли Умаршоҳ Давлатов ва ё Абдусамад Ғайратов ё Муҳаммадшариф Набиев ва ғайра — ки имрӯз дар сиёҳчолҳои режими Раҳмон ба сар мебаранд – дар солҳои 90-ум дилашон хоста ҳукуматдорӣ кунанд ва баъд, ҲНИТ-ро ҳизбе бисёр муносиб барои расидан ба ин ҳадаф дида ва аз ин рӯ узви он шуда бошанд. Вақте шумо шарҳи ҳоли амсоли Умаршоҳҳоро мехонед, мебинед, ки ҳадафи онҳо фақат ин умури ночиз набуда.
Балки онҳо ҲНИТ-ро дар дараҷаи аввал як ниҳоди динӣ, ки узвият дар он, як вазифаи динист медонистанд; вазифа ва таклифе, ки дуруст мисли адои намоз Худованд аз онҳо хостааст ва бо узвият дар он ва хидмат дар роҳи ислом зери чатри ин ҳизб, адои таклифи шаръӣ кардаанд.
Ҳамин аст, ки мебинем, аҳаде аз раҳбарон ва фаъолони зиндонии ҲНИТ ҳозир нашуданд, дар додгоҳ аз узвият дар ин ҳизб ва фаъолиятҳои худ изҳори пушаймонӣ кунанд. Кофӣ буд, аз кардаи худ изҳори надомат ва ба истилоҳ, “тавба” кунанд. Барои Раҳмон ҳамин кофӣ буд. Режим онро алам мекард. Аммо онҳо накарданд. Ва ин дар ҳолест, ки дар зиндон будан, бахусус дар зиндонҳои режими Раҳмон, бо ин ки бисёр сахт аст ва режим анвоъу ақсоми шиканҷаҳоро нисбат ба зиндониҳои сиёсӣ раво медорад, вале мебинем, яъсу ноумедӣ ва пушаймонӣ гиребони аҳаде аз азизони зиндониро нагирифт.
Ҳамчунин онҳо ҳамон тавр, ки узвият дар ин ҳизб ва хидмат дар онро як таклифи шаръӣ медонанд, ҳамин тавр рӯ ба рӯ шудан бо сахтиҳо ва душвориҳо ва азобҳо дар ин роҳро низ табиӣ мешуморанд. Ҳамин аст, ки мебинем, масалан Саидумар Ҳусайнӣ вақте ба ҳабси абад маҳкум мешавад, ба ҷойи ин ки яъсу ноумедӣ вуҷудашро фаро бигирад, бо камоли оромӣ бо он рӯ ба рӯ мешавад ва сипас дар зиндон буданро як фурсат барои такмили худ мебинад ва шурӯъ мекунад ба ҳифзи Қуръони Карим. Ва ҳамон тавр, ки наздиконаш гуфтанд, ӯ бо вуҷуди он ки синни болое дорад, вале дар зиндон муваффақ ба ҳифзи тамоми Қуръон мешавад. Бақияи зиндониҳои сиёсии ҲНИТ низ ҳамин ҳолатро доранд.
Якчунин руҳия фақат метавонад аз они касе бошад, ки ӯ роҳе, ки интихоб кардааст ва заҷрҳое, ки дар ин роҳ мекашад, роҳи Худо бидонад, ки аҷру подош дорад ва бо сари баланд дар рӯзи қиёмат Худояшро мулоқот мекунад.

Хотироте шуниданӣ аз Маҳмадӣ Тешаев дар бораи Умаршоҳ Давлатов
Бародари азизамон, Маҳмадӣ Тешаев, матолибе дар бораи Умаршоҳ Давлатов бароям нақл кард, ки бисёр шуниданӣ ҳастанд. Аслан, он чи дар боло зикр шуд, муқаддимае буд барои баёни ҳамин матолиб. Се хотира аз вай бароям хеле муҳим буданд.
Яке ин ки Умаршоҳ Давлатов хатмкардаи донишгоҳ дар риштаи химия будааст. Ӯ донишҷӯи бисёр муваффақе буда ва ҳамон тавр ки Маҳмадӣ гуфт, бо дипломи сурх онро хатм карда. Ва маълум аст, ки аз якчунин кадре дар ҳамаҷо истиқбол мешавад. Аммо дар ҳар ҷойе, ки барои кор мерафт, ба далели ин ки узви ҲНИТ аст, аз ӯ истиқбол намешуд ва ба ӯ мегуфтанд, шарти кор ин аст, ки бояд аз узвият дар ҲНИТ даст бардорӣ. Вале Умаршоҳ розӣ намешуд.
Саранҷом, ба унвони муаллими фанни химия дар яке аз мактабҳои миёна ба кор мегиранд. Ӯ муаллими хеле муваффақ буда. Вале мудирияти мактаб вақте мефаҳмад, Умаршоҳ на танҳо узви оддии ҲНИТ, балки аз масъулони он дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст, ба ӯ мегӯянд, ё бояд ба кори худ идома бидиҳӣ, ки шарташ хориҷ шудан аз ҲНИТ аст ва ё аз кор меравӣ. Умаршоҳ ба ҳеч ваҷҳ розӣ ба тарки ҲНИТ намешавад. Ӯ тарҷеҳ медиҳад, кори муаллимиро тарк кунад. Умаршоҳ ба мудирияти мактаб мегӯяд, ӯ пеш аз ин ки як муаллим бошад, мусалмони пойбанд ба ислом аст ва узвияташ дар ҲНИТ ба хотири пойбандии ӯст ва ҳаргиз ҲНИТ-ро тарк нахоҳад кард ва ҳар чи шавад, бигузор шавад.

Хотираи дигаре он аст, ки боре, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки Умаршоҳ аз онҷост, ҳамроҳ бо масъули ноҳиявии танзим ба хонаи Умаршоҳ меоянд ва ба ӯ мегӯянд, ту ҷавони бисёр боистеъдоде ҳастӣ, ҳар чи аз мансаб бихоҳӣ, бароят муҳайё мекунем, ба шарти ин ки аз ҲНИТ хориҷ шавӣ. Ӯ розӣ намешавад. Ба падари Умаршоҳ, ки як устои таъмири мошин буда фишор меоваранд, ки писарашро водор ба тарки ҲНИТ бикунад. Падар низ ба Умаршоҳ фишор меоварад, ки ҲНИТ-ро тарк кунад ва ҳатто мегӯяд, ё бояд ин ҳизбро тарк кунӣ ва ё аз хона берун меравӣ. Умаршоҳ бо ин ки барои падараш камоли эҳтиром қоил буд, тарҷеҳ медиҳад, аз хона равад, вале ҲНИТ-ро ба ҳеч ваҷҳ тарк накунад.
Ва ҳамон тавр ки Маҳмадӣ бароям нақл кард, Умаршоҳ бо як сахтӣ ва душворӣ хонае дар як ҷойи дурдасти ноҳияи Рӯдакӣ пайдо мекунад ва ба онҷо мунтақил мешавад. Маҳмадӣ гуфт, замоне, ки Умаршоҳ ҷудо зиндагӣ мекард, барояш бисёр сахт буд, ҳатто пуле надошт, ки ба шаҳри Душанбе ба маркази ҲНИТ аз ноҳияи Рӯдакӣ биравад. Ӯ гоҳе ба пойи пиёда ва гоҳе ба дучарха (велосипед) аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе мерафт.
Маҳмадӣ, ки Умаршоҳ муддате ба унвони муовини ӯ дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст, бароям нақл кард, ки каме пеш аз боздошти Умаршоҳ, боре дар дафтари кории ҲНИТ дар Душанбе бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда. Умаршоҳ аз сахтиҳо ва душвориҳои зиндагӣ ба Маҳмадӣ шикоят карда. Маҳмадӣ, ки дилбардориаш мекунад, Умаршоҳ хитоб ба ӯ мегӯяд:
“Ҳазрат! Ман агар узви ҲНИТ ҳастам, инро барои худам як вазифаи шаръӣ медонам. Ҳозирам, ҳамаи сахтиҳо дар ин роҳро бо ҷони дил қабул кунам! Падарам, ки ҳеч, ҳатто агар модари марҳумам ҳозир зинда шавад ва аз ман бихоҳад, ки ҲНИТ-ро тарк кунам, ман ҳаргиз ин корро намекунам!..”
Ин хотираи ахире, ки Маҳмадӣ бароям нақл кард, бароям бисёр таъсиргузор афтод. Пеши худам гуфтам, ҲНИТ то модоме, ки амсоли Умаршоҳҳоро дорад, ҳаргиз ва абадан шӯълаааш хомӯш намешавад, ки ҳеч, балки қатъан рӯзе пирӯз хоҳад шуд.
Ва дақиқан барои ҳамин аст, ки пайравони Раҳмон ва низ касоне, ки бо ҲНИТ миёнаи хубе надоранд, дар чанд соли ахир тамоми талоши худро ба харҷ доданд (ва медиҳанд), то ҲНИТ фақат ба унвони як ҳизби сиёсӣ муаррифӣ шавад ва ҳайсияти исломии он ё аслан зудуда ва ё лоақал камранг гардад. Онҳо талош мекунанд бигӯянд, ки ҲНИТ танҳо як ҳизби сиёсӣ аст ва фарқе масалан бо ҲХДТ надорад. Ин корҳояшон ҳадафманд аст.
Мутаассифона, бархе аъзои барҷастаи ҲНИТ ва ҳатто раҳбаронаш, гоҳе аз ин нуктаи зариф дар ғафлат мемонанд ва гӯли ҳарфҳои чанд ғаразварзро мехӯранд ва мехоҳанд, ҲНИТ аз ин пас фақат ба унвони як ҳизби сиёсӣ муаррифӣ шавад ва ҳайсияти исломии он камранг гардад.

Умаршоҳ Давлатов кист?
Зиндонии сиёсӣ, Умаршоҳ Давлатов — аз аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва узви Раёсати олии ин ҳизб — дар таърихи 27 декабри соли 1977 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) дар хонаводаи як коргар зода шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба баҳои аъло, вориди Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанбе шуда ва бо дипломи сурх аз он фориғуттаҳсил гардидааст. Умаршоҳ муддате ҳамчун муаллим дар яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст.
Ин фаъоли сиёсӣ аз соли 2006 то соли 2012 раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва аз соли 2012 муовини раис оид ба интихобот дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ буд. Ӯ яке аз аввалинҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки узви ҲНИТ шуда. Ӯ ҳамчунин ба унвони масъули умури ҷавонон дар бахши ҲНИТ дар ноҳяи Рӯдакӣ машғул ба кор буд.
Умаршоҳ мусаллат ба забонҳои форсӣ ва русӣ аст. Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Боздошти Умаршоҳ Давлатов ва зиндонӣ кардани вай
Дар таърихи 21 сентябри соли 2015 афсарони КДАМ Умаршоҳ Давлатовро ба иттиҳоми даст доштан дар гурӯҳи шаҳид генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода боздошт карданд. Ин иттиҳом аз сӯи ҲНИТ қотеъона рад шудааст.
Бино бар гузориши Радиои Озодӣ дар таърихи 6 октябри соли 2015, Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6 октябри 2015 эълон кард, ки 23 раҳбар ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Бар асоси ин гузориш, аз ҷумлаи боздоштшудаҳо Умаршоҳ Давлатов буд.
Дар ҳамон таърих, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар як баёния аз саркӯби мухолифини мӯътадили мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва поймол шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ кард. Дар ин баёния, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, аз ҷумла омадааст: “Мо аз хатари афзояндаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар робита ба манъи ахири фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва ҳабсу боздошти 13 узви он аз аввали моҳи сентябр нигарон ҳастем.”
САҲА ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, то ба тааҳҳудоташ ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон амал кунад. Баёния гуфтааст: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, то замонат бидиҳанд, ки ҳар тадбирашон дар роҳи мубориза алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар мутобиқати пурра бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”
Додгоҳ Умаршоҳ Давлатовро ба иттиҳомоти сохтагӣ ва дур аз зеҳн дар додгоҳи пӯшида ва ғайриаланӣ ва бидуни вакил ба 15 сол ҳабс маҳкум кард.
Бино ба гузорише дар моҳи феврали соли 2016, мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҷумла Умаршоҳ Давлатов дар 9 феврали ҳамон сол паси дарҳои баста дар Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шуд.
Ин мурофиа дар ҳоле оғоз ёфт, ки рӯзи 8 феврали 2015 Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ даъват кард, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи ҲНИТ-ро тақозо кунанд.
Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар Аврупо, 8 феврали 2015 дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, он чи ки дар робита ба парвандаҳои зидди аъзои баландпояи ҲНИТ дар Тоҷикистон мегузарад, хеле нигаронкунанда аст ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро тақозо мекунад. Ӯ гуфт: ”Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунем, ки аз ҳукумати Тоҷикистон баргузории муҳокимаи мунсифона ва озоди ин парвандаҳоро тақозо кунад. Ба назари мо, пушти дарҳои баста барпо кардани ин додгоҳ ба ин маъност, ки мақомот мехоҳанд камбуди далелҳои кофӣ алайҳи афроди муттаҳамро аз ҷомеа рӯпӯш кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бар ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад. Яке аз чунин ӯҳдадориҳо риояи меърҳои демократӣ, аз ҷумла таъмини муҳокимаи одилонаи парвандаҳо дар додгоҳҳои ин кишвар аст.”

Вай афзуд: “Бешубҳа, ин муҳокимаи додгоҳӣ аз назари вазъи умумии сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ нақши хеле муҳим дорад. Масъала ин аст, ки фишорҳои бесобиқа нисбати яке аз ҳизбҳои пешвои мухолифин ҷараён дорад ва ин ҳизб дорои эътибори хеле ҷиддӣ аст. Барои созмони мо иттиҳоми ин ҳизб дар фаълиятҳои террористию экстремистӣ худ як ангезаи сиёсӣ аст.”
Надежда Атаева ҳамчунин бо ишора ба ҷараёни тафтишот, аз ҷумла гузоришҳо дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, фишору таъқиби наздикони онҳо боздошти дастикам ду вакили мудофеъ, ки ба ҳимоят аз онҳо ҷуръат карданд, ва таъини адвокатҳои ба ном “давлатӣ” барои ин боздоштшудаҳо, мегӯяд, дар ғайри сурати баргузории додгоҳи боз ва одилона созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро маҳбусони сиёсӣ эътироф кунанд.
Дар баёнияи Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” низ омада буд: ”Иттиҳомот алайҳи аъзои ҲНИТ танҳо бар пояи шаҳодатҳоест, ки дар натиҷаи шиканҷа ба даст омадааст. Бо ин вуҷуд додситонӣ айбномаро имзо карда ва парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Ҷаласаи додгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуда ва ба ин тартиб, нақзи муқаррароти қазоӣ аз чашми аҳли ҷомеа пинҳон мемонад.”
Пас аз боздошт, Умаршоҳ Давлатовро барои як муддати тӯлонӣ дар изолятсияи КДАМ нигоҳ доштанд ва вазъияти саломатии ӯ бисёр бад шуд. Ӯ аз нақси биноӣ, фишори хуни боло ва бемории гурда шикоят мекард.
Шикояти ҳамсари Умаршоҳ Давлатов аз вазъияти вахими шавҳараш дар зиндон
Ҳамсари Умаршоҳ Давлатов, Сайфова Гулбарг Қудратовна аст. Соли таваллудаш 1980 ва узви ҲНИТ мебошад. Ӯ таҳсилкардаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва дорои маълумот олӣ аст. Сайфова Гулбарг фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳамчун номзад ба вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ иштирок кардааст. Ӯ пас аз манъи ҲНИТ ва фишорҳои пай дар пай, кишварро тарк ва ҳаминак дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳанда зиндагӣ мекунад.
Бино ба гузорише дар таърихи 19 сентябри соли 2019, дар ҳошияи машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон (САҲА) дар Варшава, нишасте зери унвони “Зиндонҳои Тоҷикистон – лонаи фасод ва дастгоҳи шиканҷаву марг” бо ҳузури гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ сурат гирифт.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар ин нишаст аз вазъи зиндонҳо интиқоди сахт кард. Ба гуфтаи ӯ, маҳбасҳо дар Тоҷикистон “ба макони бемориҳои ҷиддии сироятӣ, ба мисли вируси норасоии масунияти бадан ва зардпарвину сил табдил шудаанд.”
Дар ин нишаст, гурӯҳе аз ҳомиёни режими Раҳмон аз ҷумла Абдуллоҳи Раҳнамо низ ҳузур доштанд. Гулбарг Сайфова дар суханронии худ дар бораи вазъи зиндониён аз ҷумла вазъи шавҳари худ гуфт ва ҳам аз он шикоят кард, ки хешовандонаш дар Тоҷикистон мавриди таъқиб ҳастанд.
#Ҳафтаи_Умаршоҳ_Давлатов
#Озодӣ_ба_Умаршоҳ_Давлатов
#Свободу_Умаршоху_Давлатову
#Free_Umarsho_Davlatov